Панди Пешво. Дар бораи таърих ва омӯзиши он. Бахши аввал
Омўзиши таърих ва таҷрибаи дар тўли асрҳо андўхтаи миллатамон ба мо барои бунёд кардани давлати пешрафта, тараққихоҳ ва сулҳдўст, инчунин таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, пеш аз ҳама ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи сиёсӣ ва дар қалби мардум баланд бардоштани эҳсоси гарми ватандориву ватандўстӣ ва худогоҳиву худшиносии миллӣ, мисли обу ҳаво, зарур аст.
***** ***** *****
Таърихи қадима, фарҳанги бою рангоранг, забон ва адабиёти пурғановати миллӣ, хештаншиносиву худогоҳӣ, ваҳдату якдигарфаҳмӣ ва дигар муқаддасот асоси ҳастӣ ва тавассути ҳамин арзишҳо ба тамаддун ва таърихи башарӣ ворид мешавад.Ифтихор аз таърих, фарҳанг, забон ва анъанаҳои наҷибу ҷовидонаи миллат як рукни бисёр муҳими истиқлолияти давлатӣ мебошад.
***** ***** *****
Дар давраи муосир, ки густариш додани равандҳои ташаккул ва таҳкими худшиносӣ ва ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини ҳаёти ҷомеаи мо мебошанд, ниёзмандии мардуми кишварамон ба эҳё ва барқарор кардани хотираи таърихӣ, осори фарҳангӣ ва илмии гузаштаи халқамон беш аз пеш эҳсос мегардад.
***** ***** *****
Миллати тоҷик, ки дар тўли асрҳо аз омўзиши таъриху фарҳанги бостонии хеш канор монда буд, баъди истиқлолият ба омўзиши давраҳои давлатдории қадим ва наваш ниёзи бештар пайдо кард.Зеро баррасиву таҳқиқи сарнавишти ибратомўзи ниёгон ва донистани таърихи Меҳан, бигзор талху пурфоҷиа ҳам бошад, инчунин сабақ гирифтан аз иштибоҳоти гузашта миллати моро бедору огоҳ, зираку ватандўст ва пухтаву дурандеш месозанд.
***** ***** *****
Бузургдошти таърихи гузашта барои мо ҳаргиз маънии таъкид кардани ҳаққи истисноии миллатамон дар тамаддуни башарӣ, ё кўшишу ҷудоӣ пазируфтан аз равандҳои созандаи ҷаҳонӣ ва фарҳанги халқҳои пешрафтаи оламро надорад.
***** ***** *****
Мо бо таҳқиқи омўзиши таърихи миллат ва тарғибу талқини суннатҳои фарҳанги қадимаи халқамон мехоҳем ҷараёни азхуд кардани арзишҳои умумибашариро суръат бахшем, раванди ҳамгироиро бо кишварҳои тараққикардаи олам густариш диҳем ва дар айни замон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бо чеҳраву симои хоси миллии худ пайвандем.
***** ***** *****
Ҳифзи озодиву истиқлолият ва манфиатҳои милливу давлатӣ вазифаи муҳимтарини ҳар як фарди бонангу номус, ватандўсту ватанпарвар ва худшиносу худогоҳи ин сарзамин мебошад.
***** ***** *****
Яке аз масъалаҳои муҳим барои таърихи миллат ин гирдоварӣ ва омўзишу таҳқиқи дақиқи номҳои ҷуғрофӣ мебошад. Бар асоси таҳқиқоте, ки аз ҷониби донишмандони хориҷӣ ва ватанӣ анҷом гирифтааст, ҳар як номи ҷуғрофӣ дар асоси манбаъҳои хаттӣ бояд мавриди омўзиши илмӣ қарор дода шавад. Номҳои ҷуғрофии минтақа ба таъриху сарнавишти миллат иртибот дошта, таърихи рушду такомули забони моро инъикос менамоянд.
***** ***** *****
Огоҳии хуб аз таърихи фарҳанги куҳан на танҳо ифтихори миллиро ба замона созгор месозад, балки ба таҳкими робитаи тамаддунҳо ва халқҳои гуногун дар шароити мураккаби дунёи муосир мусоидат карда, ба густариши сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ заминаи воқеӣ мегузорад.
***** ***** *****
Омўхтани таърих танҳо барои донистани гузашта нест, балки барои шукуфоии фардои ҳар як миллату давлат зарур аст ва мо бояд аз гузашта сабақ гирифта, дурнамои ояндаамонро муайян созем.
Ба андешаи мо, бидуни пайванду ҳамгироии тамаддуни имрўзаи тоҷикон бо таърихи куҳанбунёди хеш ба қадри истиқлолият, ифтихори Ватану ватандорӣ, ҳуввияти миллӣ ва худшиносию худогоҳии комил расидан мушкил аст.Ҳамчунин бе дарки огоҳонаи решаҳои таърихӣ таҳкими истиқлолият, пойдории давлатдорӣ ва бунёди ҷомеаи мутамаддин мушкилтар хоҳад буд.
***** ***** *****
Мо – тоҷикон – таърихи куҳану фарҳанги пурғановат дорем ва аз ин сарвати бебаҳои милии худ ифтихор мекунем.
***** ***** *****
Мо бояд наслҳои имрўзу фардои миллатро аз мероси бузурги аҷдодӣ огоҳ созем, дар замири онҳо эҳсоси ифтихор аз давлатдорӣ, қадру қиммати давлати мустақили миллӣ, ватандўстиву ватанпарастӣ, шинохтани қадри гузаштагони хирадманди худро тарбия намоем.
***** ***** *****
Ба таърихи миллати худ чун ба оинаи поку муқаддас назар бояд кард. Оинае, ки акси халқро танҳо бо ҳама шукўҳу ҷалол ё айбу нуқсон нишон медиҳад. Яъне, таърих дўсти ҳақиқатгўст ва саҳифаҳои пурифтихор ва пуринҳирофи онро бо таҳаммул бояд омўхт.
***** ***** *****
Мо на танҳо таърихи гузаштаи худро пос медорем ва онро меомўзем, балки кўшиш менамоем, ки аз арзишҳои волои тамаддуни миллатҳои пешрафта бархўрдор ва ҳамқадами замони таҳаввулоту тараққиёт бошем.
***** ***** *****
Муҳаббат ба Ватан ва таърихи пурифтихори он набояд чашми моро аз пешрафту дастовардҳои ҷаҳони муосир, вусъати ақли башарият ва тараққиёти рўзафзуни давлатҳои мутамаддини олам бубандад.
***** ***** *****
Танҳо оинаи таърих, басо нозуку комил омўхтани даврони гуногуни давлатдории аҷдод чашми худшиносии моро мекушояд ва пайванди моро ба гузаштагонамон қавӣ месозанд.
***** ***** *****
Дар ин марҳилаи хеле ҳассоси сарнавиштсози таърихӣ, ки тақдир давлату истиқлолро насиби миллати тоҷик ва мардуми Тоҷикистон гардонидааст, лозим аст, ки мо ба оинаи таърихиамон аз ҳар ҷиҳат амиқ назар афканем.Ин барои худшиносии ҷомеа хеле муҳим аст.
***** ***** *****
Хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ бояд аз таърихи ибратомўзи миллати сарбаланду сулҳпарвар ва соҳибмаърифату тамаддунсози тоҷик сабақи ҷоннисориву мардонагӣ гиранд. Роҳбарони сохтору мақомоти ҳарбиро зарур аст, ки бо мақсади баланд бардоштани рўҳияи ҳайати шахсӣ эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва донистани таърихи ниёгон мунтазам чорабиниҳои фарҳангиву тарбиявӣ баргузор намоянд.
***** ***** *****
Аз китоби “Суханҳои ҳикматомӯзи Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон”.
Ин китоб соли 2017 бо талоши донишманди тоҷик Зафар Сайидзода нашр шудааст ва ҳоло онро шумо, хонандагони азиз, метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунед.
Таҳияи Зебонисо Давлатова,
мутахассиси пешбари
Медиатекаи Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон.