Пандномаи Ҳаким Низомӣ. Дар боби ишқу ошиқӣ

Панд арчи ҳазор судманд аст,
Чун ишқ расад, чӣ ҷойи панд аст!
*****
Ишқе, ки исматаш ҷудоист,
Он ишқ на, шаҳвати ҳавоист.
Ишқи ғаразӣ бақо надорад,
Кас ишқу ғараз раво надорад.
Ишқ ойнаи баландпур аст,
Шаҳват зи ҳисоби ишқ дур аст.
*****
Фалак ҷуз ишқ меҳробе надорад,
Ҷаҳон бе хоки ишқ обе надорад.
Ғуломи ишқ шав, к-андеша ин аст,
Ҳама соҳибдилонро пеша ин аст.
Ҷаҳон ишқ асту дигар зарқсозӣ,
Ҳама бозист, илло ишқбозӣ.
Касе, к-аз ишқ холӣ шуд, фусурда-ст,
Гараш сад ҷон бувад, бе ишқ мурда-ст.
*****
Чанд чу гул хирасарӣ сохтан,
Сар ба кулоҳу камар андохтан.
Хезу раҳо кун камари гул зи даст,
К-ӯ камари хеш ба хуни ту баст.
Ҳаст кулоҳу камар офоти ишқ,
Ҳар ду гарав кун ба хароботи ишқ!
*****
Ба ишқ андар сабурӣ ҳамкорист,
Бинои ошиқӣ бар беқарорист.
Сабурӣ аз тариқи ишқ дур аст,
Набошад ошиқ он кас, к-ӯ сабур аст.
Ниёз орад касе, к-ӯ ишқбоз аст,
Ки ишқ аз бениёзон бениёз аст.
*****
Агарчи офати умр интизор аст,
Чу сар бо васл дорад, саҳл кор аст.
Чи хуш бошад, ки баъди интизорӣ,
Ба уммеде расад уммедворе.
*****
Дар ишқ чу тир шав равона,
То дур наяфтӣ аз нишона.
Тир аз сари он, ки росткор аст,
Шойистаи дасти шаҳриёр аст.
*****
Хирад моро ба дониш раҳнамун аст,
Ҳисоби ишқ аз ин дафтар бурун аст.
Бар ин аблақ касе чобуксавор аст .
Ки дар майдони ишқ ошуфтакор аст.
*****
Ишқи ту зи дил ниҳоданӣ нест,
В-ин роз ба кас гузоштанӣ нест.
Бо шир ба тан фурӯ шуд ин роз,
Бо ҷон бадар ояд аз танам боз.
*****
Ошиқ он шуд, ки хастагӣ донад,
Ба дурустӣ шикастагӣ донад.
*****
Ишқ пӯшида чанд дорам, чанд?
Ошиқам, ошиқам ба бонги баланд!
*****
Ошиқ он беҳ, ки ҷон кунад таслим,
Ошиқонро зи теғу тир чӣ бим?!
*****
Басо маъшуқ ояд маст бар дар,
Сабал дар дида бошад, хоб дар сар.
Басо давлат, ки ояд бар гузаргоҳ,
Чу мард огоҳ набошад, гум кунад роҳ.
*****
Хушо вақте, ки ойӣ дар барам танг.
Майи нобам диҳӣ бар нолаи чанг.
Ба нози нимашаб зулфат бигирам,
Чу шамъи субҳидам пешат бимирам.
Шабе, к –аз лаъли майгунат шавам маст,
Бихусбам то қиёмат бар яке даст!
*****
Ду дилбар доштан аз якдилӣ нест,
Дудил будан тариқи оқилӣ нест!
*****
Маю маъшуқу гулзору ҷавонӣ,
Аз ин беҳтар чӣ бошад зиндагонӣ.
*****
Бигардад сари зулфи он гулистон,
Зи хона хиромад сӯйи бӯстон!
Бибояд доғи дурӣ рӯзаке чанд,
Пас аз дурӣ хуш ояд меҳру пайванд.
Агар хору хасак дар раҳ намонад,
Гулу шамшодро қимат кӣ донад!
МАНБАЪ: Низомии Ганҷавӣ: “Ҳазору як андарз”. Душанбе “Маориф ва фарҳанг”, 2007.
Ин китоби хеле хубро хоҳишмандон метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
Таҳияи Саломат ЯҚУБОВА, сармутахассиси
шуъбаи хизматрасонӣ ба
шахсони имконияташон маҳдуд.