Пандномаи Бузургмеҳри Бухтагон (Охираш)

Бузургмеҳр Хешкомиву бениёзӣ чӣ бувад?

Хешкомӣ ҳар чӣ орзу, ки бувад, фтан ва бенизӣ (низ) дар ҳамин бувад.

Мардум аз чӣ ташнатаранд? Аз он ки умеди нек бад – он доранд.

Мардумон дар гетӣ аз чӣ бояд андешанд?

Аз замони бадкирдору зишту дӯсти фиребкор ва шаҳриёри баду бераҳм.

Ва ба чӣ густохтар бояд будан?

Ба замони неку кори нек ва дӯсти нофирефтор ва солори ҳамдини бахшоишгару додгустар.

Кадом дӯст беҳ?

Он ки меҳрубонтар ва дар шигифтӣ ёртар.

Киро дӯст бештар? Онро, ки фурӯтантару бурдбортар ва чарбзабонтар (бувад).

Киро душман бештар? Абарманишону  худхоҳон ва  хӯрдагирону дуруштзабонон(ро).

Дӯсти ҷовидонӣ кадом? Кирдори нек.

Душмани ҷовидонӣ кадом? Кирдори бад.

Чист он чӣ, ки ҷовидон бипояд ва вайрон нашавад?

Некӯкории бештар.

Чӣ нектар?

Нишастан бо некон.

Чӣ судмандтар?

Нишастан бо доноён.

Чӣ нерӯмандтар?

Забони ростгӯён.

Чӣ хуштар?

Бебимӣ.

Ва чӣ бебимтар?

Замони нек ва иҷрои вазифа.

Чӣ фаррухтар?

Бегуноҳӣ ва некфарҷомии (зиндагӣ).

Ва чӣ оромтар?

Бегуноҳӣ ва дар ҷавонмардӣ фурутанӣ.

Чӣ арҷмандтар?

Дӯстӣ бо доноёну некон.

Чӣ равшантар?

Кардаи доноён.

Ва чӣ фарохтар?

Дасти родон

Ва чӣ тангтар?

Дасти хасисон.

Ва чӣ бартар? Оини бахшидан (хайр кардан).

Ва чӣ бамавридтар? Подоши некӯкорон.

Ва чӣ бемавридтар? Подоши гунаҳкорон.

Ва чӣ санҷидатар? Хоҳиши ҷавонмардони фурӯтан.

Чӣ хушбӯйтар? Некномӣ.

Ва чӣ гиромитар? Пазириши подшоҳону солорон ва навозиши ҳамаҳлону дӯстон.

Чӣ бадтар? Чашми ҳарисон.

Ва чӣ беҳудатар? Бахшиш додан ба носипосон ва пайванд бо бадон.

Чӣ тиҳитар?

Дасти кодорон.

Чӣ тезтар?

Андешаи ҳавасронон.

Чӣ душвортар?

Будан бо бадон.

Чӣ вайронгартар?

Донои бадгуҳар.

Чӣ аҷибтар?

Бадогоҳи некгуҳар.

Чӣ гаронтар?

Андешаи паймоншиканон.

Чӣ ногувортар?

Ҳамроҳӣ бо бадону бадогоҳон.

Чӣ бадтар?

Нобоварӣ ва фиреб дар андеша.

Чӣ нармтар?

Родии Яздон.

Чист он ки аз ҳар чиз бартар аст?

Қазовати Яздон.

Ҷовидон бод равони Бузургмеҳри Бухтагон ва он ҳама Кайониёну ялон ва мардумоне, ки ҷонсупорӣ барои дини маздиснон карданд. Ҷои эшон ҷовидон  равшан бод. Чунин бод! Боз чунинтар бод! Анҷом пазируфт ба дуруд.

Пандномаи Бузургмеҳри Бухтагон бо номи “Ёдгори Бузургмеҳр” соли 2014 дар ҷилди аввали “Мероси хатии Бостон” нашр шудааст. Ин китобро Китобхонаи миллӣ аз силсилаи “Тоҷнома”, Тоҷикон дар масири тамаддун чоп карда буд.

Шакли электронии китоб инҷост:  “МЕРОСИ ХАТИИ БОСТОН”

https://t.me/pdf_library_kmt/73

Таҳияи мутахассисони Маркази “Тоҷикшиносӣ”

Қурбонова Фархунда ва Орипова Шаҳноза