«Панҷаи ҳунар» — маҳфиле барои парвариши зебоипарастӣ ва эҷодкорӣ

Зебоипарастӣ ва дарки зебоӣ аз арзишҳои муҳими маънавии инсон ба шумор мераванд. Бедор намудани ҳисси зебоипарастӣ дар кӯдак аз овони хурдсолӣ замина мегузорад, то ӯ дар оянда ҳамчун шахси фарҳангдӯсту зебоипараст ба камол расида, ба муҳити атроф низ ҳусну таровати тоза бахшад.
Бо ҳамин мақсад 27-уми августи соли 2026 дар Толори адабиёти кӯдакон ва наврасони Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили навбатии «Панҷаи ҳунар» баргузор гардид.
Дар ин маҳфил хонандагони фаъоли шуъба бо шавқу завқи зиёд ширкат намуда, маҳорати рассомӣ, завқи зебоипарастӣ ва қобилияти эҷодии худро ба намоиш гузоштанд. Ҳар як иштирокчӣ бо истифода аз қаламу коғаз ва рангҳо кӯшиш мекард ҷаҳони рангини андешаву тахайюли худро рӯи коғаз оварад.
Дар байни иштирокдорони маҳфил Муҳаммад Ҷарминзода бо фаъолияти бештару маҳорати хуби рассомӣ фарқ мекард. Ӯ на танҳо ба офаридани мусаввараҳои зебо машғул буд, балки ба ҳамсолони худ низ дар тасвири расмҳо кӯмак расонида, маслиҳатҳои муфиди худро дареғ намедошт. Маҳсули эҷоди ӯ, ки аз мусаввараҳои гуногун иборат буданд, диққати иштирокчиёнро ба худ ҷалб намуда, маҳорати баланди рассомии ӯро бозгӯ мекарданд.

Фазои маҳфил саршор аз шавқу завқи кӯдакона ва эҷодкорӣ буд. Ҳар як кӯдак кӯшиш мекард тасаввуроти худро ба воситаи рангҳо ифода намояд. Гоҳе як варақи сафед ба боғи пур аз гул табдил меёфт, гоҳе манзараҳои зебои табиат ва ё дигар тасвирҳои тахайюлии кӯдакон рӯи коғаз нақш мебастанд. Тамошои ин лаҳзаҳои самимӣ касро мафтун месохт, зеро дар ҳар як расм ҷаҳони рангини кӯдакӣ, орзуҳои ширин ва нигоҳи хоси наврасон ба зиндагӣ эҳсос мешуд.
Дар фарҷоми маҳфил маҳсули эҷодии ҳамаи иштирокдорон ба маърази тамошо гузошта шуда, лаҳзаҳои хотирмон бо аксҳо сабт гардиданд.

Бояд гуфт, ки баргузории чунин маҳфилҳои фарҳангиву эҷодӣ дар рушди қобилияти зеҳнӣ ва эҷодии кӯдакон, бедор намудани завқи зебоипарастӣ, таҳкими муҳаббат ба ҳунар ва фарҳанг нақши муҳим дорад. «Панҷаи ҳунар» барои кӯдакон на танҳо майдони омӯзишу эҷод, балки гӯшаи орзуҳоест, ки дар он ҳар як кӯдак метавонад ҷаҳони ботинии худро тавассути рангҳо ва тасвирҳо баён намояд.
Агар Шумо низ мехоҳед фарзандатон дар чунин маҳфилҳои шавқовару омӯзанда иштирок намуда, истеъдод ва қобилияти эҷодии худро рушд диҳад, дарҳои Китобхонаи миллӣ ҳамеша ба рӯи дӯстдорони китоб, фарҳанг ва ҳунар бозанд.
Инобат Бобоева,
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа