«Парактикуми курси мактабии забони тоҷикӣ»

Ёдовар бояд шуд, ки парактикуми курси мактабии забони тоҷикӣ дар ҳамаи факултетҳои риштаи филологии мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишҷӯёни соли якум дар ду нимсола ва ба донишҷӯёни ихтисоси методикаи  таҳсилоти ибтидоӣ дар як нимсола таълим дода мешавад.

Муаллифи китоб Партов Насрулло Зулфиқорович дар муқаддимаи китоб навиштааст, ки китоби “Парактикуми курси мактабии забони тоҷикӣ” ин китоби аввалин дар ин самт набуда, он соли 2010 аз ҷониби муаллифон – С. Шербоев ва Ҳ. Саидов аз рӯйи чоп омадааст. Тафовут байни ин китобҳо дар он аст, ки парактикуми муаллифон – С. Шербоев ва Ҳ Саидов аз рӯйи принсипи амалияи таълим мураттаб ва нашр гардидааст. Зеро муаллифон, дар ин хусус, донишҳои гирифтаи назариявии донишҷуёни сали аввалро аз мактаби миёна дар мадди назар карор додаанд.

Вале парактикуме, ки мо омода намудем, аз рӯйи ҳам принсипи назариявӣ ва ҳам амалӣ роҳандозӣ гардидааст. Зеро  С. Шербоев дар китобаш «Методикаи таълими забони тоҷикӣ» таъкид менамояд, ки: «…омӯхтани таърифу қоидаҳои грамматика, имло ва аломатҳои китобат бояд дар заминаи силсилаи машқҳои гуногуну системанок мустаҳкам карда шавад ва баръакс, иҷрои машқҳо ба донистани маводи назариявӣ – таърифу қоидаҳо алоқаманд аст. Яъне назария ва амалия ба ҳам алоқаманд буда, яке ба дигаре дар таълим эҳтиёҷ дорад»…

Китоби “Практикуми курси мактабии забони тоҷикӣ”-ро метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунед.

Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.