Парчам – муаррифгари давлат

Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 истиқлолияти давлатии хешро ба даст овард. Дар ин давра кишвар ба як чанд дастовардҳои беназир  ноил гардид. Махсусан дар даврони соҳибистиқлолӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои Конститутсия, Ваҳдати миллӣ, Суруди миллӣ, Нишон, Парчам, Консепсияи сиёсатӣ хориҷӣ гардид, ки ин нишонаи соҳибистиқлолӣ мебошад. Арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, ба таърихи гузашта ва ба фарҳангу анъанаҳои миллӣ, яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.

  Аввалин Парчами тоҷикон “Дирафши Ковиён” ном дошт, ки он рамзи ягонагии давлатдории Ориёӣ пазируфта шудааст. Бояд зикр намуд, ки бо гузашти ҳазорсолаҳо халқи тоҷик дубора соҳиби давлат ва арзишҳои миллӣ гардид, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои парчами ягонаи миллӣ буда, дар ҷаҳон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол, ягона ва дунёвӣ муаррифӣ гардидааст.

Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон аз се ранг иборат буда, чунин маъно доранд:

Ранги сурх – мубориза ва ҷоннисориҳои халқ баҳри озодӣ ва истиқлолият;

Ранги сафед – бахту иқболи сафед ва покизагӣ;

Ранги сабз – саъю кӯшиш ва заҳмату меҳнати сокинон баҳри сарсабзу хуррам гардонидани Ватан.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми телевизионии худ ба муносибати Рӯзи Парчам аз 23-юми ноябри соли 2010 рангҳои парчами миллиро “Ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ” дониста, чунин қайд намуданд: “Ранги сурх – рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед – нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз – нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад. Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад”.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд ташаббусҳои беназир ноил гардид, ки яке аз онҳо бунёди баландтарин парчам дар ҷаҳон (165 метр) мебошад, ки моҳи сентябри соли 2011 ба муносибати 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ ифтитоҳ шуда, ба китоби Рекордҳои Гиннес ворид гардид.  Ҳамзамон метавон қайд намуд, ки ҷашни миллӣ яне “Наврӯз” низ байналмилалӣ гардид ва тамоми кишварҳои ҷаҳон Ҷумҳурии Тоҷикистонро маҳз бо ин ҷашн бештар шинохтанд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро ватани Наврӯз меноманд, ки боиси ифтихори ҳар як фарди кишвар гардидааст.

Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон яке аз идҳои расман муқарраргардида дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки 24-уми ноябри соли 2009 бо фармони Президенти кишвар “Рӯзи Парчам” қабул гардида, ҳамасола бо тантана таҷлил мегардад. Ба муносибати Иди Парчам дар  тамоми ҷумҳурӣ, шаҳраку ноҳияҳо чорабиниҳои идона баргузор мегардад ва тамоми халқ ин идро бо сарфарози ва ифтихор ҷашн мегиранд. Мо халқи тоҷик бояд ба анъанаву идҳои миллӣ ва арзишҳои давлатӣ эҳтиром гузошта, пайваста баҳри ҳифзи он талош варзем.

Гирдакова Ҷамила