Парвиз Нотили Хонларӣ. Базми сухан

Дар Москав дар маҷлисе ба ёдбуди ҳаштодумин соли Лоҳутӣ ширкат кардем. Намояндагони кишварҳои мухталифи шўравӣ, нависандагон, шуаро дар маҷлис ширкат доштанд ва ҳар кадомашон ба назм  ва наср матлабе эрод карданд дар бораи Лоҳутӣ. Аз он ҷумла ба хотирам ҳаст, ки шоире аз Ўзбекистон шеъре ба забони ўзбекӣ сохта буд ва дар он ҷо мехонд, ки аз ҳайси вазн ва оҳанг ва соири чизҳо банда хаёл мекардам, ки форсист. Чизе шабеҳ ба ғазали Ҳофиз аст. Аммо калимотро нафаҳмидам. Лоҳутӣ, ки акнун шоири миллии Тоҷикистон ҳисоб мешавад ва хеле мавриди тақдири онҳост, дар ҳар ҳол бо мо ҳам иртиботе доштааст, зеро ки медонед, эронӣ будааст ва аз мардуми Қирмоншоҳ ва бинобар ин барои мо аз ин ҷиҳат ҳам ҷои хушбахтӣ аст, ки як эронӣ дар он ҷо василаи тақвият ва тарвиҷи бештари забони форсӣ шудааст…

****   ****  ****

Ин чанд сатр аз мақолаи бисёр хуби сиёсатмадор, забоншинос, нависанда ва шоири эронӣ Парвиз Нотили Хонларӣ (1914-1990), ки дар шумораи дуюми соли 1969 маҷаллаи “Садои Шарқ” чоп шудааст. Матни комили он бо талоши ҳамкорамон Фараҳнози Тоҳирхон дар хзидмати азизони хонанда қарор мегирад.

БАЗМИ СУХАН

Маҷлисе, ки дар Тоҷикистон ташкил шуда буд, ба даъвати Анҷумани нависандагони тоҷик, барои баҳс дар бораи шеъри нав буд. Ин шеъри нав як амре аст, ки бо замони мо ва бо рўзгори нав иртибот дорад. Агарчи ба салиқаи баъзеҳо хушоянд набошад, ба ҳар ҳол амрест, ки воқеъ шудааст ва илали мухталифи иҷтимоӣ ва ғайра дорад ва дар ҳамаи кишварҳо ин қадар набудааст, ки бигўем яке аз дигаре иқтибос карда, вале дар ҳар ҳол дар ҳамаи кишварҳо як ҷараёни тозае вуҷуд дошт, ки ин шеваи навро дар шоирӣ ба вуҷуд овард. Ҳайати нависандагони Тоҷикистон даъват карда буд, ки кишварҳое,  ки бо шеъри форсӣ сару кор доранд, дар он ҷо ҷамъ бишаванд ва дар бораи шеъри форсӣ баҳс кунанд: Эрон ва Афғонистон ва Тоҷикистон ва Покистон ва Ҳиндустон, гарчи ин ду кишвари охир расман форсизабон нестанд, аммо ҳанўз касоне ҳастанд дар он ҷо аз мардуми он сарзаминҳо, ки ба забони форсӣ шеър мегўянд ва барои адабиёти форсӣ эҳтиром ва алоқаи бисёр доранд.

Маҷлиси гарм ва дўстона ва пуршўре буд. Ошноии мо бо нависандагон ва шуаро хеле ҷолиби таваҷҷўҳ буд. Ҳама ҷо ин нукта ба хусус комилан машҳуд буд, ки самимона ва аз таҳти дил майл доранд, ки дар умури фарҳангӣ ва адабӣ бо мо ошноии бештар дошта бошанд, ҳамкории фаннӣ дошта бошанд. Ғолибан ин пешниҳодҳоро ба забон меоварданд, ки кош як анҷумани равобити фарҳангии Эрон ва Тоҷикистон ҷудогона ташкил мешуд, то фаъолияти бештаре дар ин замина бикунем. Дар ҳар ҳол ин назарияро дар ин боб изҳор мекунам. Ба ақидаи банда ба василаи ҳамин Анҷумани фарҳангии Эрон бо Иттиҳоди ҷамоҳири шўравӣ ё ба василаи шўъбае аз ин анҷуман банда мисли ҳамкоронам орзу дорам, ки ин равобит бештар шавад. Ҷавонони соҳибзавқи он сарзамин таваҷҷуҳи хосе ба адабиёти муосири  мо доранд.  Адабиёти гузаштаро бо вуҷуди ин ки имконот хеле зиёд нест, дар он ҷо бо алоқамандии тамом мутолиа мекунанд. Медонем, ки хати забони тоҷикӣ, ки як фарқи ҷузъие бо форсӣ дорад, – хати русӣ аст. Бинобар ин китобҳои форсиро ба хати русӣ нақл мекунанд ва дар дастраси ҷавонон қарор медиҳанд. Ва аз он ҷумла дар ҳамон айём китоби «Самаки айёр» – ро ба хати русӣ китоб карда ва ба миқдори хеле зиёд мунташир сохта буданд. ДАР ОН ҶО ПЕШНИҲОД КАРДЕМ, КИ ЯК МАРКАЗЕ БОШАД БАРОИ ЛОАҚАЛ МУБОДИЛАИ КИТОБҲО ВА РИСОЛАҲО ВА ИТТИЛООТ ДАР БОРАИ ИСТИЛОҲОТИ ҶАДИДИ ИЛМӢ ВА ФАННӢ ВА ҲАМЧУНИН МУБОДИЛАИ ИТИЛООТЕ ДАР БОРАИ ТАРҶИМАҲОИ КИТОБҲОИ ИЛМӢ. Тасаввур мекунам ҳар кадом аз ин кишварҳо эҳтиёҷоте доранд барои тарҷима ва нақли осори илмӣ ва фаннӣ ва ҳатто адабӣ аз забонҳои хориҷӣ ба забони форсӣ ва ин кўшишҳо агар бо ҳамдигар иртибот пайдо бикунад, ба нафъи ҳама ҳаст. Яъне аз кори муқарррар ҷилавгирӣ мешавад ва ҳама метавонанд дар ҳар кишваре аз ҳосили корҳое ки дар кишвари дигар анҷом мегирад, истифода кунанд.

Дар китобхонаи ин кишварҳо ҳар кадом миқдори ҳангуфтии китобҳои бисёр пурқимат ва нафис вуҷуд дорад ва банда гумон мекунам, ки дар оянда ҷо дорад, ки тарҳи як ҳамкорӣ бирезем, ки ҳама дар ин ширкат бикунанд ва ба ин тариқ саъй кунем, ки аз ин мероси азиме, ки дорем, ҳарчи бештар истифода кунем. Ҳамчунин ҳамкорӣ миёни кишварҳои форсизабон як фоидаи дигаре мумкин аст дошта бошад ва он ин аст, ки ҳамин мероси фарҳангиро ки мо дорем ва шомили шояд чанд даҳ ҳазор китоб бишавад, ки ҳанўз бо ҳама кўшишҳое, ки охиран анҷом гирифта, бисёре аз онҳо чоп нашудааст, бо ҳамкорӣ  метавонем ҳамаи инҳоро чоп бикунем ва ҳама аз онҳо истифода кунем ба таври муштарак.

Ҳамбастагии ин кишварҳо ба ҳаддест, ки гоҳе як нусхаи хатти китоб як саргузашти аҷиби таърихӣ пайдо мекунад. Барои мисол арз бикунам, ки китобе ҳаст дар нуҷум ба забони арабӣ ба исми «Сувар- ал – кавокиб» таълифи Абдурраҳмон Сўфии мунаҷҷими маъруф, ин китобро Хоҷа Насриддини Тўсӣ дар Мароға аз арабӣ ба форсӣ тарҷима карда ва ба хати худаш навиштааст. Китоб дорои тасовире ҳам ҳаст. Дастгоҳи муғул, ки ба ҳам мехўрад, китоби хати Хоҷа Насир аз Мароға ба Бағдод меравад, ҷузъи китобхонаи хонаводаи Элкониён мешавад ва Султон Аҳмад писари Шайх Увайси элконӣ, ки номаш дар шеъри Ҳофиз омада, пушти ин китоб менависад, ки ин китоб тарҷимаи донишманди бузург Хоҷа Насриддини Тўсӣ аст ва ҳам ба хати ўст ва имзо мекунад. Ин китоб боз ба Бағдод сафар мекунад ба Самарқанд меафтад ба Қустантания ва дар онҷо Султон Маҳмудхони Усмонӣ ин китобро вақф мекунад ба ҳарамайни шарифайн ва баъд дубора бармегардад ба яке аз китобхонаҳои кишвари Туркия. Саргузашти ин китоб ба назари банда хеле хуб ҳикояте мекунад аз иртиботи амиқи фарҳангӣ, ки дар тайи таърих миёни ин миллатҳои осиёӣ будааст. Миллатҳои Осиёи Ғарбӣ ба хусус бо таваҷҷўҳ ба ин ки забони муштарак, василаи тафҳим ва тафоҳум ва василаи таълим дар кишварҳо забони форсӣ будааст, ки то ин ҳад бо алоқамандӣ китоби форсиро аз ҷое ба ҷое мебурдаанд ва бо диққат нигаҳ медоштаанд.

Дар фурсатҳои кўтоҳе, ки дар миёни ҷаласот яке – ду рўз баъд пеш омад, ба дидани баъзе аз таъсисоти ҷадид дар кишвари Тоҷикистон рафтем. Садҳо садҳои азиме ки месозанд ва ҳамчунин таъсисоти мухталифи илмӣ корҳои хеле қобили таваҷҷўҳе анҷом дода буд. Дар қисмати парвариши наботот ба даст овардани ҳадди аксари маҳсул махсусан ва пунба, ки маҳсули кашоварзии муҳим аст дар он сарзамин ва ҳамчунин таҳқиқоти илмӣ анҷом додаанд дар бораи зилзилашиносӣ, ки боз яке аз нуқтаҳои мавриди эҳтиёҷи он сарзамин аст.

Ин зикри мухтасар аз ин сафарро банда хатм мекунам ба номи иддаи аз удабои Тоҷикистон, монанди: оқои Меҳрубон Назаров, вазири фарҳанги Тоҷикистон, марди бисёр барозанда ва бисёр, ва воқеан мисли исмаш меҳрубон аст; оқои Мирзо Турсунзода, ки яке аз нависандагон, шуаро ва риҷоли муҳимми сарзамини Тоҷикистон аст; оқоён Абдулғанӣ Мирзоев; Носирҷон Маъсумӣ, раиси Институти забон ва адабиёт, ки исмаш Рўдакист; Ҷалолиддин Икромӣ, романнавис ва достоннавис; Раҳим Ҳошим аз муҳаққиқини адабиёт, ки машғули чопи як китоби луғати форсӣ – адабӣ аст ва Боқӣ Раҳимзода ва Миршакар ва Камолиддин Айнӣ, писари марҳум Садриддини Айнӣ, ки чунон ки медонед, нависандаи бузурги Тоҷикистон будааст ва осори бисёр дорад дар ҳама риштаҳо ва аз ҷумла чандин ҷилд романҳои бисёр муфассал аз боқӣ аст. Аз шуарои ҷавон номи чанд нафар ба хотирам мондааст, ки истеъдоди саршор доштанд. Касоне, ки дар ин маҷлис ва дар ин маҳфил, дар ин базми сухан ширкат карда буданд, алоқаи самимона доштанд, ки ин кор такрор бишавад.

Банда ин арозимро бо зикри яке ду нуқтаи дигар хатм мекунам аз ёдбудҳои сафар. Дар Москав дар маҷлисе ба ёдбуди ҳаштодўмин соли Лоҳутӣ ширкат кардем. Намояндагони кишварҳои мухталифи шўравӣ, нависандагон, шуаро дар маҷлис ширкат доштанд ва ҳар кадомашон ба назм  ва наср матлабе эрод карданд дар бораи Лоҳутӣ. Аз он ҷумла ба хотирам ҳаст, ки шоире аз Ўзбекистон шеъре ба забони ўзбекӣ сохта буд ва дар он ҷо мехонд, ки аз ҳайси вазн ва оҳанг ва соири чизҳо банда хаёл мекардам, ки форсист. Чизе шабеҳ ба ғазали Ҳофиз аст. Аммо калимотро нафаҳмидам. Лоҳутӣ, ки акнун шоири миллии Тоҷикистон ҳисоб мешавад ва хеле мавриди тақдири онҳост, дар ҳар ҳол бо мо ҳам иртиботе доштааст, зеро ки медонед, эронӣ будааст ва аз мардуми Қирмоншоҳ ва бинобар ин барои мо аз ин ҷиҳат ҳам ҷои хушбахтӣ аст, ки як эронӣ дар он ҷо василаи тақвият ва тарвиҷи бештари забони форсӣ шудааст.

Нуқтаи дигар марбутба Институти забон ва адабиёти милали Осиёст. Дар Маскав бо оқои Ғафуров, ки раёсати ин маҷмаъро доранд ва бо иддае аз кормандони онҷо, ки ҳар кадом дар бораи матлабе марбут ба адабиёт таърих ва забони форсӣ кор мекарданд, ошно шудем ва албатта баъзеи онҳо бисёр мардони фозил ҳастанд. Ҳамчунин ҷои он аст аз шўъбаи аз институт, ки дар Ленинград аст, сўҳбат бикунем, ки ба раёсати оқои Болдирев идора мешавад ва он ҷо дар мулоқоте ки доштем, пешниҳод карданд онҳо ҳар кадом аз муҳаққиқини узви он муассиса гузорише аз корҳое ки дар даст доранд, ба мо бидиҳанд ва баъд аз мо ҳам хостанд, ки гузорише аз корҳои худмон бидиҳем.

Ҳамчунин дар Маскав ва Тоҷикистон ин алоқаи шадид ба ҳамкорӣ вуҷуд дошт ва ҳатто баъзе донишмандон пешниҳод мекарданд тарҳҳое дуруст бикунем ва муштаракан анҷом бидиҳем. Дар таҳқиқ ва мутолиа дар бораи забони форсӣ, дар бораи таърихи Эрон ва ғайра.

Шояд ин нуқта ҳам қобили зикр бошад: дар Маскав ва Ленинград ба чанд музей Эрмитаж наққошиҳои деворӣ буд, ки кашф кардаанд дар баъзе аз ғорҳои Осиёи Марказӣ, дар Панҷакат ва дар маҳалли Нисо, дар шаҳрҳое, ки аз марказҳои ашкониён, яъне портҳо будааст. Бисёри аз ин наққошиҳо қисматҳои қобили таваҷҷўҳе аз таърих ва тамаддуни милали эрониро равшан мекунанд. Ба ман гуфтанд рақаме, ки ба назарам аҷиб омад, гуфтанд ин наққошиҳои деворӣ баъзе аз ғорҳо ва қасрҳои зеризаминӣ будааст, ки кашф шуда ва тўлаш дар ҳудуди понсад метр аст. Наққошҳое, ки дар ҳудуди як як метр ва ним иртифои он аст. Дар наққошиҳо либосҳое ки дар ҷойҳои дигар суроғашонро дорем, либосҳои ашконӣ ва сосонӣ, боз баъзе хусусиёт ки марбут ба динни буддо ё дини монӣ, ё тамаддуни ба истилоҳи бохтарӣ, яъне оини ҳунари вилояте ё кишваре ки муддате таҳти идораи подшоҳони Юнонӣ буд. Ин таъсирот ҳама дар он намоишгоҳ дида мешавад – мавзўи онҳо бисёр дилкаш ва мавзўи бисёр муҳимме барои анвои тадқиқоти марбут ба ҳунар ва таърих аст. Гуфтугўи худро бо ташаккур аз мизбонон, ба хусус мардуми Тоҷикистон тамом мекунам ва умедворам, ки ин навъ равобити фарҳангӣ, яъне равобити маънавӣ харчӣ мумкин аст, миёни ин кишварҳо бештар тақвият бишавад.

Манбаъ: Садои Шарқ соли 1969№2
Таҳияи мутахасси шуъбаи матбуоти
даврӣ Фараҳнози Тоҳирхон.