Паёми Пешвои миллат ва ояндаи дурахшони кишвар

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон28 декабри солӣ 2024 Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз тамоми шабакаҳои хабаррасони ҷумҳурӣ ироа гардид.

Ҳамасола дар Паёми Пешвои муаззами миллат тамоми самтҳои рушди ҷомеа: иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, илм, маориф, фарҳанг, тиб, варзиш, таъмини сулҳу субот, ягонагӣ ва муттаҳидии миллӣ, сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ва дигар самтҳо дар соли гузашта ва панҷ соли пешин натиҷагирӣ, хулосабарорӣ ва таҳлилу баҳодиҳӣ мегарданд.

Яке аз масъалаҳои мубрам ва калидӣ ин вазъи иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ба ҳисоб рафта, Пешвои муаззами миллат қайд намуданд, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати беҳтар намудани шароити зиндагии мардум нақшаҳои бузурги созандагиро роҳандозӣ карда истодааст.

Ҳамзамон, барои рушди равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи технологияи рақамӣ дар иқтисодиёт солҳои 2025-2030 Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон гардид. Инчунин, бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармоя то 1-уми январи соли 2027 ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) то 1 январи соли 2027 мораторий эълон гардид, ки ин иқдоми Пешвои муаззами миллат иқдомоти бузург барои рушду нумӯи соҳаи соҳибкорӣ мебошад.

Бояд қайд намуд, ки таваҷҷуҳи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф аввалиндараҷа мебошад. Пешвои миллат ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм ва роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ ва зиёд гардидани шумораи кӯдакону наврасон супориш доданд, то дар панҷ соли оянда барои фарогирии 50% кӯдакони синнусоли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумиро таъмин намоянд. Ва фармуданд:

Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунанд. Дар баробари ин, бояд гуфт, ки сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлат эътибор надодан ба сифати мактабу маориф, саҳлангорӣ кардан ба тарбияи кӯдак аз хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбия мебошад. Яъне, то вақте ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоварад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯйинашаванда боқӣ хоҳад монд.” – иброз намуданд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Рушди фарҳанг, ҳифзи меросу анъана ва суннату арзишҳои миллӣ низ яке аз иқдомотҳои бузурги амалинамудаи Ҳукумати мамлакат дар замони соҳибистиқлолӣ мебошад. “Дар робита ба ин, бори дигар таъкид мекунам, ки фарҳанг ҳастии миллат аст”, қайд намуданд Пешвои миллат. Ин гуфтаҳо далели онанд, ки дар ҳақиқат ягон миллат бе посдории фарҳанг, расму оин ва арзишҳои миллии худ пешрав намешавад. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳо супориш доданд, ки то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маркази ҳар як шаҳру ноҳияи мамлакат барои истеъдодҳои ҷавон як мактаби мусиқӣ сохта, ба истифода дода шавад. Дар ин иқдоми пешгирифта, мо то кадом андоза баланд будани муҳаббати Пешвои миллат ба миллати худро эҳсос менамоем.

Бояд тазаккур дод, ки дар ҳар Паёмашон Пешвои миллат таъкид менамоянд, ки иззату эҳтироми зан-модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад ва саҳми фаъолонаи занон ва ҷавонон дар ҷомеа ва тамоми соҳаҳои зиндагӣ назаррас аст. Имрӯз мо зани тоҷикро дар рушди илми муосир, идоракунии давлатӣ, маориф ва фарҳанг, тиб, хоҷагии қишлоқ ва дигару дигар соҳаҳо дида метавонем. Ба шарофати сиёсати одилонаи Пешвои миллат мақоми зан дар ҷомеа баланд бардошта шуд ва имрӯз рушди тамоми соҳаро бидуни ширкати бонувони тоҷик тасаввур кардан номумкин аст.

Пешвои миллат ҷавононро қишри фаъолтарини ҷомеа ва идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол меҳисобанд ва гуфтанд: “Мо ифтихор дорем, ки ҷавононамон нисбат ба Ватан меҳру муҳаббати самимӣ доранд. Ватанро сидқан дӯст медоранд, ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ арҷ мегузоранд, иродаи мустаҳкам доранд ва сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакатро бо ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ дастгирӣ мекунанд”.

Инчунин, Пешвои миллат иброз доштанд, ки дар соҳаҳои мухталиф аз ҳисоби ҷавонон омода намудани кадрҳои баландихтисос ва бо ҷойи кор таъмин намудани онҳо яке аз вазифаҳои муҳимтарини Ҳукумати мамлакат ҳисобида мешавад.

Имрӯзҳо, нооромӣ дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон мушоҳида карда мешавад. Таъмини сулҳу субот, амнияти давлат ва ҷомеа, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм низ яке аз масъалаҳои муҳим, ки дар Паёми Пешвои миллат инъикос гардидааст ба ҳисоб меравад. Ва вазъи ноороми кишварҳои ба ҷанг дучоргардида, моро ҳушдор медиҳад, то ба қадри сулҳу оромӣ ва амну осоиштагӣ дар Тоҷикистони азиз бирасем. Дар ин бобат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: “Мо бояд мисли ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем, Ватанамонро сидқан дӯст дорем, онро соҳибӣ кунем, ҳисси баланди миллӣ дошта бошем, аз тоҷик будани худ ифтихор намоем ва доим дар фикри фарзандони худ, хушбахтиву осоиши онҳо, ободии Ватан, миллат ва давлати хеш бошем”.

Ин суханҳои Пешвои муаззами миллат барои ҳар яки мо бояд намудани ибрат ва ҳисси ифтихор бошад ва мо барои ояндаи дурахшони фарзандонамон, барои гулгулшукуфии Ватани азизамон, баҳри пойдории сулҳу субот дар Тоҷикистони соҳибистиқлол саъю кӯшиши беандоза намоем.

Паёми Пешвои миллат созандаи дурахшони ояндаи миллату давлати тоҷик мебошад!

Бунафша Раҳмонова
Медиатекаи Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон.