Пажӯҳише дар бораи тарҷумаҳои форсӣ-тоҷикии “Рамаяна”

РамаянаҲамкорамон Абубакр Манонзода дар мавзуи “Достони “Рамаяна” ва тарҷумаҳои форсию тоҷикии он” рисолаи номзадӣ ҳимоя намуд. “Рамаяна” аз шӯрангезтарин достонҳои ишқии мардуми сарзамини Ҳинд аст, ки садсолаҳо аввал аз забон ба забон нақл шудаву баъдан дар шакли китоб арзи вуҷуд кардаву тадриҷан таваҷҷуҳи халқҳо ва миллатҳои гуногунро ба худ кашида ва ба забонҳои зиёди дунё тарҷума ва борҳо нашр шудааст. Аз ҷумла ба забони форсиву тоҷикӣ низ ва тавре аз таҳқиқоти муҳаққиқи тоҷик бармеояд, эрониён аввалин касоне буданд, ки ба ин достони шӯрангез мутаваҷҷеҳ шудаву онро ба забони худ баргардон кардаанд.

Муҳаққиқи ҷавон Абубакр Манонзода барҳақ зикр мекунад, ки дар дунё кам миллатеро метавон ёфт, ки ба андозаи мардумони эронинажод ва ҳиндӣ умумияти аз ҳама бештар дошта бошанд. Ва тавре дар асари арзишманди Эмомалӣ Раҳмон “Забони миллат – ҳастии милат” омадааст, ин умумият ва пайвастагӣ решаи хеле қадимӣ ва мустаҳкаме дорад, ки дар ҳеч як давраи таърихӣ гусаста нагардидааст. Муҳимтарин санади ин пайванди маънавӣ, қаробату шабоҳати ин қавмҳо, сурудаҳои нахустини онон “Ригведа” ва “Авесто” мебошад, ки ба эътирофи муҳаққиқон “сухани нахустини инсони ориёӣ” маҳсуб мешавад . Дар душвортарин гузари замон Ҳинд барои мардумони Осиёи Марказӣ амнтарин макон барои зист ва идомаи таълиму таълифи афкор ва андешаи онҳо будааст. Доманаи равобити адабӣ, фарҳангӣ ва ҳунарии тоҷикон бо мардумони шибҳиқорраи Ҳиндустон васеъ, густарда ва тулонӣ мебошад. Аз ҳафриёти минтақаҳои гуногуни шибҳиқора ва Осиёи Марказӣ санадҳои муҳимми ин равобит аз даврони бостон ба даст омадааст, ки гӯёи иртиботи фарҳангӣ, адабӣ ва ҳунарии ақвоми маскуни ин кишварҳост. Таҳқиқу баррасии ҳаматарафаи равобити адабӣ, фарҳангӣ ва маънавии қавмҳои эронӣ ва сокинони шибҳи ҷазираи Ҳиндустон аз даврони пеш аз таърих, бостон ва асрҳои миёна аз вазифаҳои муҳимми илми адабиётшиносӣ ба шумор меравад. Таҳқиқу пажӯҳиш дар ин замина асосан дар осори таърихӣ сурат гирифта, мақола ва гузоришҳои алоҳидае дар самтҳои адабиётшиносӣ ба чоп расида бошанд ҳам, гӯшаҳо ва завоёи норавшан дар ин қисмати равобити адабӣ ва ҳунарӣ вуҷуд доранд, ки дар бахши нахуст аз таҳқиқ ба онҳо пардохта мешавад. Пайгирӣ ва бармало сохтани намунаҳои равшану мушаххас аз деринагии пайвандҳои адабӣ – ҳунарии ин қавмҳо барои таърихи комили робитаҳои адабию фарҳангӣ аҳаммияти бевосита доранд.

Дар ду бахши боби дуюми рисола, ки “Ҳамосаи бостонии Ҳинд “Рамаяна” ва тарҷумаҳои форсии тоҷикии он” номгузорӣ шудааст,  дар бораи густариши  тарҷумаи осори ҳиндӣ ба забони модарии мо сухан меравад. Муаллиф ба ин назар аст, ки бо падид омадани дини мубини ислом ва интишори он ба шибҳиқораи Ҳинд, ки дафъатан пас аз истилои Эрону Мовароуннаҳр сурат гирифт, фазои фарҳангӣ, забонӣ ва илмию мазҳабии он ҷо дучори дигаргуниҳои азим гардида, табодули фарҳангӣ-забонӣ ва иртиботу ихтилоти онҳо то чанд қарн идома ва ба шеваву равишҳое гуногун анҷом мепазируфт. Забони форсӣ ҳам дар ибтидо аз ин роҳ бо сарбозони артиши ислом ба он сарзамини паҳновар ворид шуда бошад ҳам, вале нуфузу таъсири он дар оғози ин марҳала ба сурате чашмгир набудааст. Аз манобеи адабӣ, таърихӣ ва ҷуғрофиёӣ  дар бораи ба забони форсӣ ҳарф задани аҳли Синд ва қисматҳои шимолии Ҳинд дар замони Сомониён маълум аст. Густариши забону фарҳанги форсии тоҷикӣ ба лашкаркашиҳои Ғазнавиён (930-1186) вобаста мебошад.

Абубакр-МанонзодаАбурайҳони Берунӣ аз дурахшонтарин чеҳраҳои илмии ин замон –нигини маънавии дарбори ин шоҳ буд, ки дар сафарҳои ӯ ба Ҳинд аз ашхоси фавқулода муҳимми  ӯ ба ҳисоб мерафт. Берунӣ дар ин сафарҳо бо омӯхтани забони санскрит ба мутолиа ва омӯзиши одобу суннатҳо ва фалсафаву нуҷум ва дигар илмҳои роиҷи он замон пардохта, натиҷаи кӯшишу талошҳои худро ба шакли китобу рисолаҳо пешкаши ояндагон сохтааст, ки муҳимтарини онҳо ҳамон гуна ки арз намудем, “Таҳқиқ мо ли-л-Ҳинд” ном дорад, ки бо тамомии фарогирии масоили худ мисли доиратулмаорифест, дар тайи сездаҳ сол (408-421ҳ.қ./1018- 1030м) навишта шудааст ва шомили масъалаҳои мардумшиносӣ, оиншиносӣ, ҷомеашиносӣ, табиатшиносӣ, забону адабиёти Ҳинд мебошад. Абурайҳони Берунӣ аз 113 унвон китобе, ки ба ӯ нисбат дода мешавад, 15 унвони онро ба масъалаҳои марбут ба Ҳинд бахшидааст.

Муҳаққиқи ҷавон Абубакр Манонзода дар пажӯҳиши худ фаротар рафта, аз аввалин тарҷумаҳои “Рамаяна” ёд мекунад ва мегӯяд «Рамаяна» дар баробари дигар осори адабӣ ва мазҳабии Ҳинди бостон дар назди ҳокимони Бобурии ин сарзамин аз достонҳои мавриди таваҷҷуҳ ва маҳбуб шуморида мешавад. Дар замони боло рафтани неҳзати тарҷума дар Ҳинди давраи Акбар (Абулфатҳ Ҷалолуддин Муҳаммад Акбар, ки бо номи Акбари Бузург шуҳрат дорад ва солҳои 1556-1605 ҳукмронӣ кардааст) нахустин тарҷумаи ин ишқнома ба форсии тоҷикӣ маҳз бо дастури ҳамин подшоҳи мунҷии сулҳи кулли байналақвом дар ин сарзамини бисёрмиллату забон бо адабиёти қадиму пурмуҳтаво сурат гирифтааст.

Абдулқодири Бадоунӣ (948-1004ҳ.қ./1541-1593м)- таърихнигор ва мутарҷими тавонои дарбори Акбар дар соли 992ҳ.қ./1581 бо фармони ӯ даст ба тарҷумаи манзуми «Рамаяна» зад ва онро ба соли 997ҳ.қ./1586  ба итмом расонид. Тарҷумае аз “Рамаяна”- ба унвони “Вазифату-л-файзӣ” (чопи сангии Лакҳнав 1872 ва 1877) ба Абдулфайз Файзии Акбарободӣ (954- 1004) нисбат додаанд, ки саҳеҳ нест. Асли ин тарҷума ба Муншӣ Пармайсурӣ Саҳои Масрур тааллуқ дорад. Лола Чанд Амал мутахаллис ба “Чанд” онро такмил кард. Ин манзума шомили 1622 байт мебошад ва достони “Ром ва Сито”  дар 1891  ба унвони “Вазифаи Файзӣ” соли 1893  дар Агра чоп шудааст. Матни нисбатан мукаммали “Рамаянаро”-ро Амар Сингҳ ба наср тарҷума кардааст, ки онро дар ҳафт бахш, ки  баён  ном дорад, дар соли 1117 ба анҷом расонид. Тарҷумаи мазкур аввал ба тасҳеҳи Амар Паркош дар Лакҳнав ва аз тарафи Азҳари Деҳлавӣ дар солҳои 1350 ва 1351 дар ду ҷилд дар Теҳрон чопи  муосир  шудааст.

Тарҷумаи дигари манзуми ин асар ба қалами Гардҳар Дос /Гуруҳар Дос дар солҳои 1033-1036 ба Ҷаҳонгирпошоҳ (1014-1037) дар 5900 байт мавҷудааст, ки нусхае таҳти шумораи Or. 1251 дар Музеи Британия ва ба шумораи N.M.1973-162 дар Музеи миллии Покистон- Карочи мазкур мебошанд. Тарҷумаи насрӣ аз Дибӣ Дос  Коитҳа бар мабнои  ривояти  Тулсидос ҳам дар даст аст, ки нусхаи он дар Музеи Британия таҳти  шумораи Or. 1249 маҳфуз мебошад. Баргардони  манзуми “Рамаяна” бо номи “Наргисистон” ба қалами Чандрман Коита  мутахаллис ба Бедил дар соли 1104- 1105 ҳам анҷом  ёфтааст ва ба Аврангзеби Оламгир (1068-1118) бахшида шудааст, ки он аз тарафи  Муҳаммад Козими Каҳдуӣ дар соли 1392/2014 чопи муосир шудааст (Ромоёно: тарҷумаи манзуми форсӣ бо унвони  “Наргисистон”. Чандрман Коита. Ба тасҳеҳи Муҳаммадкозими Каҳдуӣ. Теҳрон: Маҷмуаи захоири  исломӣ, 1392, – саҳ. 416). Ин манзума  аз бахшҳои Сароғоз (байтҳои 1-62), Дар  баёни  сифати асмои илоҳӣ  (байтҳои 63-95).

Калонтарин  матни  манзуми “Рамаяна” аз ҷониби  Лола Амонат Ройи Лолпурӣ/ Лаълпурӣ дар 40000 байт дар соли 1268/ 1825 дар  шаш боб суруда шудааст. Амонат Рой дар сохтори манзумаи хеш  тағйирот дароварда пас аз ҳар боб як ғазал  овардааст. Миср Ром Дос  мутахаллис ба “Қобил” дар соли  1281/1864   4 дафтари  “Рамаяна”-ро дар се ҳазор байт бо номи “Ромнома” эҷод мекунад ва ин маснавӣ ҳам дар  соли 1884 ба чоп расидааст.

Манзумаи  ҳамосии  “Рамаяна” ба забони тоҷикӣ ҳам  баргардон шудааст. Соли 1987 шоир Бобо Ҳоҷӣ (1928-2016) аз тариқи нашриёти “Адиб” тарҷумаи  ин ҳамосаро ба чоп расонид. Он тарҷумаи русии ин асар, ки дар силсилаи  “Китобхонаи адабиёти ҷаҳон”чоп шудааст, анҷом ёфтааст.

Тарҷумаи мазкур бори дигар бо дастгирии Сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон бо кӯшиш ва муқаддимаву тавзеҳоти ҳиндшиноси маъруфи тоҷик,  доктори илми филология Ҳабибулло Раҷабов аз тариқи нашриёти  “Эр-граф” аз чоп баромад.

Ҳимояи диссертатсия 26 сентябри соли 2023, соати 1330 дар маҷлиси Шурои диссертатсионии 6D.КОА-067 назди Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ баргузор гардид.

Ҳамкорамон Абубакр Манонзодаро барои ҳимояи рисолаи арзишманди илмӣ муборакбод мекунем ва барояш комёбиҳо дар роҳи интихобкардаашро таманно дорем.

Бобоҷон ШАФЕЪ