Пажӯҳиши нав дар бораи мавқеи омонимҳо дар забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ
Китоби Собирова Уғулбӣ “Нақш ва мавқеи омонимҳо дар забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ”, ки бар асоси фарҳангҳои тафсирӣ ва луғатҳои дузабони англисӣ —тоҷикӣ, тоҷикӣ –англисӣ таҳияи шудааст, ба тозагӣ рӯи чоп омадааст ва ҳоло чанд нусхае аз он ба Китобхонаи миллӣ ҳам расидааст.
Монография ба баррасии ҳамаҷонибаи нақш ва мавқеи омонимҳо дар забонҳои гуногунсохт – англисӣ —тоҷикӣ бахшида шудааст. Дар он таҳлили муқоисавии ин падидаи мураккаби лексикӣ дар асоси маводи фарҳангҳои тафсири ҳарду забон ва луғатҳои дузабонаи англисӣ тоҷикӣ ва тоҷикӣ –англисӣ анҷом дода шудааст. Мундариҷаи монография на танҳо ба масъалаҳои назариявии омонимия ва таснифоти он тамаркуз мекунад, балки хусусиятҳои захирашавии омонимҳоро дар ин ду забони дорои сохторҳои гуногун ва тарзҳои мухталифи инъикоси онҳоро дар луғатнигорӣ ба таври муфассал баррасӣ менамояд.
Омонимҳо падидаи забонӣ ҳастанд, ки дар ҳама забонҳо вуҷуд доранд. Дар баробари ин, масъалаи омонимия яке аз масъалаҳои баҳсталаби лексикологияи муосир ба шумор меравад. Омонимҳо калимаҳое мебошанд, ки шакли навишт ва талаффузи якхела дошта, аз ҷиҳати маъно гуногунанд.
Забоншиносони ватанию хориҷӣ омонимҳоро аз ҷиҳати сохт ба омонимҳои пурра ва нопурра ҷудо кардаанд. Омонимҳои пурра аз ҷиҳати навишт талаффуз якхела буда, аз ҷиҳати маъно ва ҳам фарқ мекунанд ва (одатан) ба як ҳиссаи нутқ мансубанд. Омонимҳои нопурра дар навбвти худ ба омофонҳо ва омографҳо ҷудо мешаванд:
Омофонҳо калимаҳоеанд, аз ҷиҳати навишт якхелаанд (ҳамгунанд), вале талаффуз ва маънояшон гуногун аст.
Баъзе муҳаққиқони тоҷик дар таҳқиқоти худ барои ифодаи омонимия истилоҳои “Вожаҳои ҳамгун” ё “муташобеҳ-ро истифода бурдаанд
Дар байни забонҳои решаашон гуногун баъзан бо калимаҳое дучор меоем, ки талаффузи монанд доранд, аммо ба маъноҳои гуногун истифода мешавад. Ин гуна калимаҳоро омонимҳои байнизабонӣ меноманд. Муҳаққиқон бар он ақидаанд, ки омонимҳои байнизабонӣ бештар миёни забонҳои хешу табор ё ба ҳам наздик ба вуҷуд меояд, Аммо таҳлилҳо собит карданд, ки миёни забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ низ,ки сохти комилан гуногун доранд, ономинҳои байнизабонӣ вуҷуд доранд.
Яке аз аввалин таҳқиқоти мукаммал доир ба масъалаҳои муҳими забоншиносӣ аз ҷониби забоншиноси рус В.В. Виноградов анҷом дода шудааст. В.В. Виноградов тавонистааст, ки самтҳо ва масъалаҳои муҳими воҳидҳои луғавии забонро аз ҷанбаҳои илмӣ ва назариявӣ барраси ё таҳлил намояд. Ҳамчунин, В.В. Виноградов аввалин бор мавзуи омонимия ва роҳҳои ташаккули онро дар забони русӣ таҳқиқ карда, изҳор доштааст, ки “масъалаи омонимия бояд яке аз муҳимтарин масъалаҳои матраҳшаванда ва баъзан нодидагирифташудаи назарияи умумии луғатнигорӣ ва семасиология бошад”.
Хонандагон китоби Собирова Уғулбӣ “Нақш ва мавқеи омонимҳо дар забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ”-ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
Лундишоева Гулистон
сармутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.