Пешвои миллат дар бораи давлати Саффориён ва нақши он дар эҳёи давлатдорӣ ва фарҳанги миллӣ

Бо пуштибонии Абумуслими Хуросонӣ ва хонадони бонуфузи Бармакиёну Саҳлиён ва Абӯсаламиҳову Ковусиён баробари марказҳои бонуфузи исломии Куфаву Басра ва Димишқу Бағдод дар Нишопуру Марв, Балху Ҳирот, Бухорову Самарқанд ва Райу Исфаҳон марказҳои бузурги динӣ ва илмиву фарҳангӣ таъсис меёфтанд, ки онҳо дар ниҳоди хилофати ислом ташаккул ёфта, асолати таърихиву фарҳангӣ ва рисолати забони миллиро маҳфуз медоштанд. Маҳз бо ҳидояти хонадони Бармакиён ва дастгирии Тоҳириёну Саффориён аз миёни тоҷикону эронинажодон даҳҳо муфассирони бузург ва садҳо уламои дин ба камол расиданд, ки дар баробари нуфузи забони арабӣ аз забони модарии хеш ҳимоят карда, тафсири оятҳои каломи шариф ва ҳадисҳоро бо забони форсии дарӣ роҳандозӣ намуданд ва гузоридани намозро бо ин забон рухсат доданд.

Маҳз Имоми Аъзам, Имом Бухорӣ, Имом Тирмизӣ ва дигар уламои тавонои аҳли суннат ва ҷамоат буданд, ки каломи форсии дариро дар қатори забони арабӣ каломи аҳли биҳишт шуморида, гузоридани намозу тарҷумаи оятҳои Қуръон ва адои дигар фаризаҳои диниро бо забони форсӣ роиҷ гардонданд. Шояд иқдоми ватанхоҳона ва ҷасорати нотакрори ин абармардон буд, ки дар давраи Тоҳириёну Саффориён шаҳрҳои Нишопуру Марв, Балху Ҳирот ва Бухорову Самарқанд ба марказҳои бузурги фарҳангӣ табдил ёфта, забони дарӣ бо истифода аз расмулхати арабӣ мақоми шоиста пайдо кард.

Бахусус, дар аҳди Саффориён нуфуз ва мақоми забони дарӣ афзуда, ҳатто як навъ беэътиноӣ ба фарҳангу забони арабӣ падид омад. Ба қавли Забеҳуллоҳи Сафо «Саффориён мардуме меҳнатдӯст ва шуҷоъ буданд. Яъқуб шахсан ба асари тарбияти маҳаллӣ ва синфии худ дар эҳтиром ба мабонии миллият ва бузургдошти русуму одоби миллӣ сахтгир буд ва ба забони порсӣ алоқае том дошт ва ба ҳамин сабаб фармон дод, то шоирон дар маросиму аъёд ӯро ба забони тозӣ наситоянд, балки ашъори худро ба порсӣ сароянд ва ин муқаддимаи ривоҷи забони форсӣ ба сурати забони расмии дарборӣ дар дарборҳои салотини эронии машриқ гардид ва бад-ин тартиб адаби порсӣ поя гирифт ва барҷой монд”

Яке аз шоирони машҳури эронинажоди арабигӯй Абунувос Хасан ибни Ҳонй буд, ки такрибан соли 762 дар музофоти Аҳвози Эрон дар оилаи фақир ба дунё омадааст. Абунувос баъди вафоти падараш ҳамроҳи модар ба шаҳри Басра кӯчида, дар ҳузури Ибни Ҳубоб ном шоири араб шогирд меистад ва забону хати арабиро хуб меомӯзад. Ӯ баъди шӯҳрат ёфтанаш ба дарбори халифаи Бағдод Ҳорунаррашид пазируфта шуда, дар зери ҳимояти хонадони Бармакиён шӯҳрату нуфузи зиёд пайдо мекунад. Абунувос дертар ба маслаки шуубия гаравида, дар ашъори арабиаш калимоту ибораҳои форсиро истифода мебарад ва бо озодандешиву ҷасорати ватанхоҳиаш шинохта мешавад. Дар ашъори арабӣ ва форсии ӯ шахсиятҳои таърихӣ, азамати шоханшоҳони Сосонӣ, шукӯҳи расму оин ва анъанаҳои собиқаи зардуштӣ тараннум мегардад, ки силсилаи ин шеърҳояш бо номи «Форсиёт» маъруфанд. Ӯ тақрибан соли 813 дар Бағдод фавтида бошад ҳам, ҳозирҷавобиву ошкоргӯйӣ ва озодандешиву ҷасорати мутоибаомези ӯ вирди забони хосу ом мегардад.

Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳо Башшор ибни Бурд низ аз ҷумлаи шоирони эронинажоди арабзабон ва маслаки шуубия буда, дар ашъори худ калимаву ибора ва унсурҳои забони дариро фаровон истифода кардааст. Башшор ибни Бурд дар шаҳри Басра зиста бошад ҳам, падару бобоёнаш аслан аз Тахористони Хуросон будаанд. Ӯ дар шаҳри Басра дар миёни бодиянишинон нозукиҳои забони арабиро меомӯзад ва дар тиловати Қуръону шеъргӯйӣ ва достонсароӣ шӯҳрат пайдо мекунад. Ба қавле ӯ нахустин шеърҳои арабии худро дар синни 10-солагӣ эҷод карда, бо эрониёни муқими Басра ва пайравони шуубия қаробат пайдо мекунад. Башшор ибни Бурд аз насаби эронии худ ифтихор намуда, дар ҳамосаҳояш каҳрамониву далерӣ ва корнамоиҳои шоҳаншоҳону паҳлавонони эрониаслро ситоиш мекунад ва расму оинҳои миллӣ ва фарҳанги ниёгонашро тарғиб менамояд.

Бархе аз адабиётшиносон бар он андешаанд, ки қадимтарин шоири дузабона Язид ибни Муфарриғ (вафоташ соли 688) буда, ӯ яке аз нахустин шеърҳоро бо забони форсии дарӣ эҷод кардааст, ки ба таври зайл аст:

Об асту набиз аст

                                               Асорати забиб аст,

                                               Сумия рӯсабиз аст.

Ногуфта намонад, ки осори адабии забони дарӣ қабл аз адабиёти хаттӣ дар заминаи анъанаҳои шифоҳии шеъргӯйӣ ва суханварӣ, бештар дар шакли сурудҳои мардумӣ, қиссагӯйӣ ва хамосасароӣ падид омада буд, яке аз он сурудҳо «Сӯги Сиёвушон» аст. Ба нигориши «Таърихи Бухоро»-и Наршахӣ «Мардумони Бухороро дар куштани Сиёвуш навҳаҳо аст, чунон ки дар ҳама вилоятҳо маъруф аст ва мутрибон онро суруд сохтаанд». Яке аз қадимтарин намунаи шеъри шифоҳии дарӣ «Суруди оташкадаи Каркӯй» мебошад, ки ба қавли Забеҳуллоҳи Сафо ба охири салтанати Сосонӣ ва оғози аҳди ислом мансуб аст.

Матни аслии «Суруди оташкадаи Каркӯй»- ро муаллифи “Таърихи Сиистон” гӯё аз “Шоҳнома”- и Абулмуайяди Балхӣ овардааст. “Суруди оташкадаи Каракӯй” аз нахусти намунаи шеърҳои қадимаи ҳиҷоист, ки нусхаи асли ин сурудро бо нигориши Забеҳуллоҳи Сафо ва шакли баргардони онро аз ҷониби Маликушшуаро Баҳор дар зер меорем:

Фурӯхта бодо рӯш                       Афрӯхта бодо равшаноӣ              

Ханида Гаршосп ҳуш                  Оламгир бод ҳуши Гаршосп

Ҳаме бираст аз ҷӯш                     Ҳаме пур аст аз ҷӯш,

Анӯш кун май анӯш.                   Нӯш кун, май нӯш.

Дӯст базо гӯш,                              Дӯст дидор дар оғӯш,

Боз офарин ниҳода гӯш.            Ба офарин неҳ гӯш.

Ҳамеша некӣ кӯш,                      Ҳамеша некӣ куну накӯкор бош,

Ки дӣ гузашту дӯш.                       Ки деру зудест бигзашт.

Шоҳо худогоно                             Шоҳо, Худойгоно,

Ба офарин шоҳӣ                            Бо офарин шоҳо.

Дар «Таърихи Бухоро»-и Наршахӣ боз аз сурудҳои мардумӣ ёд мешавад, ки онро ҳангоми фатҳи Бухоро аз ҷониби волии араб Саид ибни Усмон эҷод намудаанд. Дар он аҳд подшоҳи Бухоро хотуне буд, ки ба ҷойи писари хурдсолаш Туғшод ҳукмронӣ мекард. Амири Хуросон Саид ибни Усмон соли 56 ҳиҷрӣ (676 милодӣ) ба сӯйи Бухоро лашкар кашида, бар ивази сесад ҳазор дирҳам товони ҷанг сулҳ мебандад. Ӯ дар ҷараёни ин муҳорибаҳо аз як чашми худ маҳрум гашта, ҳангоми ба саломи ӯ берун омадани хотун, ки «зане буд ширин ва боҷамол, Саид бар вай ошиқ шуд ва аҳли Бухороро аз ин маънӣ сурудҳост ба забони бухорӣ». Мутаассифона дар «Таърихи Бухоро» матни ин сурудро зикр накардаанд. «Аммо Абуҷаъфар Муҳаммад ибни Ҳабиби Бағдодӣ (мутаваффо дар соли 245)… ду пора аз онро ба сурати зер овардааст» ва ба забони хуросонӣ мансуб донистааст:

Кӯри хамир омад

                                               Хотун дар вағи канда.

Дигар намунаи қадимтарини шеъри дарии тоҷикӣ, ки дар заминаи гуфтори шифоҳии мардумӣ музофоти Балх эҷод гардидааст, порчаи машҳури шеъри шашҳиҷоии   «Суруди балхиён» мебошад:

Аз Хуталон омадия,

                                               Ба рӯ табоҳ омадия,

                                               Овора боз омадия,

                                               Хашанг низор омадия.

(Идома дорад)

Аз китоби  Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён”. Китоби 4.

Таҳияи Марзия Зардодхонова, медиатеки Президенти Тоҷикистон.