Пешвои миллат дар бораи давлати Саффориён ва нақши он дар эҳёи давлатдорӣ ва фарҳанги миллӣ
Метавон гуфг, ки баъди анъанаи шеъргӯии шифоҳӣ давраи адабиёти хаттӣ шурӯъ мегардад, ки он дар заминаи хати арабиасоси форсӣ ва ташаккули забони дарии тоҷикӣ интишор меёбад. Забони дарӣ зимни пазируфтани расмулхати ягона аз Хуросони Бузург ва канораҳои рӯди Сайҳун ва Ҷайҳун бархоста, то моварои рӯди Даҷла як ҳавзаи бузургу паҳновар ва дорои асолати собиқаи фарҳангиро таҳти парчами хати арабиасоси форсӣ ва лафзи шевову ширини дарӣ фаро гирифт.
Ба қавли Забеҳуллоҳи Сафо забони дарӣ «ба ҷойи паҳлавии Сосонӣ (порсии миёна) ба унвони забони расмии мусалмонон интихоб гардид, дар забонҳои бисёр наздик ба якдигар дар Сиистон, шаҳрҳои Хуросон, Гургон, Кумис, Самарқанд, Бухоро ва дигар билоди Мовароуннаҳр касоне пайдо шуданд, ки ба як забои ва лаҳҷа шеър сохтанд, бе он ки аз якдигар фаро гирифта ё тақлид карда бошанд ва мусалламан дар ҳамин овон ҳам онро ба сурати забони расмии дарборӣ дар дарбори Саффорӣ ва Сомонӣ ва шояд пеш аз онҳо дар ҳавзаи ҳукумати Тоҳирӣ ба кор бурданд». Намояндагони машҳури ашъор ва осори дарӣ Абулянбагӣ ва Махмуди Варроқ ба шумор мераванд
Абулянбагӣ Аббос ибни Тархон яке аз нахустин шоирони маълуми даризабон аст, ки мувофиқи маълумоти «Китобу-л-масолик ва-л-мамолик»-и Ибни Хурдодбеҳ, пораи шеъриеро дар харобии шаҳри Самарқанд бо бандҳои шашҳиҷоии кофиядори зерин сурудааст:
Самарқанди кандманд, Самарқанди ободон
Баз-инат кӣ афканд? Ки туро ба ин ҳол афканд?
Аз Чоч та беҳӣ, Ту аз Чоч беҳтарӣ,
Ҳамеша та хуҳӣ Ҳамеша ту хубӣ.
Дар бораи сарнавишти ин шоири фарзона маълумоти кофие нарасида бошад ҳам, баъзе муҳаққикон ӯро надими хонадони Бармакиён шумурда, афзудаанд, ки бо забони арабӣ низ қасидаву шеърҳои хамосавӣ офаридааст. Вафоти ин шоири даризабонро тақрибан соли 844 пиндоштаанд ва аз осори ӯ ғайри ин чаҳор мисраи болоӣ абёте боқӣ намондааст. Маҳмуди Варроқ яке аз нахустин шоирони даризабони аҳди Тоҳириён ба шумор меравад, ки зикри мухтасари рӯзгори ӯ дар ахбори «Маҷмаъу-л-фусаҳо» рафтаасг. Соли таваллудаш маълум нест, вале вафоташ тақрибан ба соли 895 рост меояд. Мутобиқи маълумоти сарчашмаҳо Маҳмуди Варроқ дар Ҳирот ба дунё омада, ҳангоми ҳукмронии хонадони Тоҳириён ва Саффориён бо қасидаҳои арабӣ ва намунаҳои шеъри дарии тоҷикиаш шӯҳрат меёбад. Шояд ӯ ба пешаи муқовабандӣ ва таҳияи қоғазу китобат машғул будааст, ки тахаллуси «Варроқ»-ро ба номаш афзудааст. Мутобиқи маълумоти «Табақоту-ш-шуаро» қасидаҳои арабӣ низ месурудааст, ки шаш байти он то кунун боқӣ мондааст. Ӯ дар шеърҳои ба забони дарӣ эҷодкардааш ишқу муҳаббати поки инсониро бо самимияти баланд васф кардааст, ки аз намунаҳои он ду байт то замони мо расидааст:
Нигорино ба нақди ҷон–т надҳам,
Агронӣ дар баҳо, арзон–т надҳам,
Гирифтастам ба ҷон домони васлат,
Ниҳам ҷон аз кафу домон-т надҳам.
Абӯҳафси Суғдӣ. Ҳаким Абӯҳафс ибни Аҳвас яке аз нахустин шоирон, мусиқидонон ва луғатшиносони гузаштаи тоҷик аст. Ӯ завқи баланди шеъргӯйӣ ва навозандагӣ дошта, бино ба маълумоти Абӯнасри Форобӣ ӯ асбоби мусиқии шаҳрудро ихтироъ кардааст. Дар айни хол мутобики маълумоти Саид Нафисӣ Абуҳафси Суғдӣ луғати тафсирии порсии дарӣ бо номи «Фарханги Абуҳафс» ё «Рисолаи Абуҳафс» доштааст, ки мутаассифона, то замони мо нарасидааст. Вафоти Абуҳафси Суғдиро ба соли 832 нисбат дода, ӯро яке аз поягузорони шеъри порсии дарӣ мешуморанд. Аз ашъори дарии Абӯҳафс хамагӣ ду байт боқӣ мондааст, ки онро ҳамчун намунаи нахустини шеъри дарӣ ёд мекунанд:
Оҳуи кӯҳӣ да дашт чӣ гуна давадо?
Ӯ надорад ёр, бе ёр чӣ гуна бувадо?
Ҳанзалаи Бодғисӣ яке аз шоирони даризабони аҳди Тоҳириён буда, бино ба маълумоти «Чаҳор мақола»-и Низомии Арӯзии Самарқандӣ аз ҷумлаи нахустин шоирони даризабони соҳибдевон будааст. Ҷараёни зиндагиаш чандон равшан нест, вале ҳамчун шоир шӯҳрати зиёд доштааст. Намунаҳои ашъораш тавассути тазкираҳо ва фарҳангҳои кӯҳан то замони мо расидаанд, ки порчаи шеъри зерин мансуби ӯст:
Ёрам сипанд агарчӣ бар оташ ҳаме фиганд,
Аз баҳри чашм, то нарасад ма варо газанд.
Ӯро сипанду оташ н–ояд ҳаме ба кор,
Бо рӯйи ҳамчу оташу бо холи чун сипанд.
Чуноне дар боло зикр кардем, аввалин шоирони ҳирфавии даризабон дар аҳди давлатдории Тоҳириён ва Саффориён падид омада, дар ташаккул ва ривоҷу равнақи шеъру адаби дарӣ нахустин намунаҳои хаттии назм ва осори адабиро офариданд. Бахусус дар давраи давлатдории Саффориён забони порсии дарӣ нуфузи зиёд ва мақоми расмии давлатӣ пайдо карда, даҳҳо сарчашмаҳо шаҳодат медиҳанд, ки ин забои тадриҷан дар миёни аҳли дарбор ва мардуми музофотҳои мухталифи Хуросону Мовароуннаҳр маъмул будааст.
Мутобиқи маълумоти «Таърихи Сиистон», «Ятимату-д-дахр»-и Саолабӣ, «Лубобу-л-албоб»-и Муҳаммад Авфии Бухороӣ, «Чаҳор мақола»-и Низомии Арузии Самарқандӣ, «Маҷмаъу-л-фусаҳо»-и Ризоқулихони Ҳидоят ва дигар сарчашмаҳои таърихиву адабӣ дар замони давлатдории Тоҳириёну Саффориён боз даҳҳо шоирони номдор, аз қабили Муҳаммад ибни Васиф, Бассоми Гурд, Муҳаммад ибни Мухаллад, Фирузии Машриқӣ, Абусулайки Гургонӣ, Абулаббоси Марвазӣ ва дигарон ба шеъри дарӣ гуфтан рӯ оварда, дар такмилу ташаккули забони миллии ниёгон хидматҳои бесобиқа кардаанд. Ҳувияти миллӣ, руҳияи истиқлолхоҳӣ ва тараннуми забони миллӣ дар аҳди давлатдории Яъқуби Лайс (861-879) авҷи тоза гирифта, шоироне чун Муҳаммад ибни Мухаллади Сагзӣ, Бассоми Курд ва Муҳаммад ибни Васиф аз ҳавзаи адабии Сиистон ӯро чун пешвову ҳидоятгари мардуми Сиистону Хуросон ва подшоҳи бесобиқаи аҳди хеш ситоиш намудаанд.
Муҳаммад ибни Васиф яке аз шоирони даризабони асри IX ҳавзаи адабии Сиистон буда, мувофиқи маълумоти «Таърихи Сиистон» ӯ солҳои зиёд вазифаи дабирии Яъқуби Лайси Саффориро адо мекардааст. Ӯ яке аз нахустин шоиронест, ки баъди истилои араб бо ҳидояти Яъқуби Лайс ба забони дарӣ шеър гуфта, рисолати қасидасароиро ҷорӣ кардааст. Дар қасидаҳои Муҳаммад ибни Васиф андарз ва афкори панду ахлокӣ низ ҷойи муҳим дошта, ба қасидаҳояш мазмуни иҷтимоӣ мебахшад.
Дар «Таърихи Сиистон» зикр шудааст, ки «Чун Яъқуб аз фатҳи Ҳироту Пушанг фориғ шуд, пас шуъаро ӯро шеър гуфтандӣ, ба тозӣ. Чун шеър бархонданд, ӯ олим набуд, андар наёфт. Муҳаммад ибни Васиф ҳозир буд ва дабири расоили ӯ буд ва адаб неку донист. Ва ба он рӯзгор номае порсӣ набуд. Пас, Яъқуб гуфт: «Чизе, ки ман андар наёбам, чаро бояд гуфт?» Муҳаммад ибни Васиф пас шеъри порсӣ гуфтан гирифт. Ва аввал шеъри порсӣ андар Адам ӯ гуфт ва пеш аз ӯ касе нагуфта буд, ки то порсиён буданд, сухан пеши эшон ба руд бозгуфтандӣ, бар тариқи хусравонӣ. Ва чун аҷам барканда шуданд ва араб омаданд, шеър миёни эшон ба тозӣ буд ва ҳамгинонро илму маърифати шеъри тозӣ буд…
Чун Яъқуб Зинтапил ва Аммори хориҷиро бикушт ва Ҳарӣ бигрифт ва Сиистону Кирмон ва Порс ӯро доданд, Муҳаммад ибни Васиф ин шеър бигуфт:
Эй амире, ки амирони ҷаҳон хоссаву омм,
Бандаву чокару мавлою сагонанду ғулом
Азалӣ хатте дар Лавҳ, ки мулке бидиҳед,
Ба Абиюсуфи Яъқуб ибни Лайси Ҳумом.
Ба латтом омад Занбилу лате хӯрд ба линг,
Латро шуд лашкари Занбилу ҳабо гашт куном.
Умри Аммор туро хост в-аз ӯ гашт барӣ
Теғи ту кард миёнҷӣ ба миёни даду дом,
Умри ӯ назди ту омад, ки ту чун Нӯҳ бизӣ,
Дари Оқор тани ӯ, сари ӯ боби Таъом
Ин шеър дароз аст, аммо андаке ёд кардем» !.
Ба қавли муаллифи «Таърихи Сиистон» ӯ аввалин шоири порсигӯй дар арӯзи арабӣ будааст, ки каси дигарро аз ӯ пештар муаррихин ёд накардаанд.
Муҳаммад ибни Мухаллади Сагзӣ яке аз аввалин шоирони даризабони ҳавзаи адабии Сиистон ба шумор меравад. Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳо зодгоҳи ӯ музофоти Сиистон буда, ҳаёту фаъолияташ дар давраи ҳукуматдории Яъқуби Лайси Саффорӣ ҷараён гирифтааст. Ӯ хамчун шахси донишманду фозил дар дарбори Яъқуби Лайс нуфуз дошта, дар васфи ӯ чандин қасида эҷод кардааст, ки тавсифаш дар китоби «Таърихи Сиистон» ба таври зер омада: «Боз Муҳаммад ибни Мухаллад ҳам сагзӣ буд – марде фозил буд ва шоир. Низ порсӣ гуфтан гирифт ва ин шеърро бигуфт:
Чун ту назод Ҳавво в–Одам накишт,
Шерниҳоде ба дилу бар маништ.
Мӯъҷизаи Пайғамбари Маккӣ туӣ,
Ба кунишу ба манишу ба гӯвиш.
Фахр кунад Аммор ба рӯзи Бузург,
Гӯяд: ҳамонам, ки Яъқуб кушт.
Пас аз он ҳар касе тариқи шеър гуфтан баргирифтанд. Аммо ибтидо инон буданд. Ва кас ба забони порсӣ шеър ёд накарда буд, илло Бӯнувос, ки ӯ миёни шеъри хеш аз сухани порсӣ танзро ёд карда буд.
(Давом дорад)
Аз китоби Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён”. Китоби 4.
Таҳияи Марзия Зардодхонова, медиатеки Президенти Тоҷикистон.