Пешвои миллат-ҳомии забони миллӣ

bayoniХушбахтона, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз қадамҳои нахустини ба дўш гирифтани масъулияти роҳбарии миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистон, ҳамчун фарзанди фарзонаи ин миллат, ҳифзу густариши забони миллиро дар мадди аввал гузошт. Аз ҷумла чораандешиҳо барои рушду густариши забони миллӣ ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва барои амали сохтани муқаррароти қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар назди Ҳукумати мамлакат таъсиси Кумитаи забон ва истилоҳот, ки имрўз он дар назорати иҷрои муқаррароти қанун, ҳамгунсозии истилоҳоти соҳаҳои гуногун, риояи меъёрҳои забони давлатӣ ва дар маҷмўъ татбиқи сиёсати давлатии забон, масъулияти бисёр муҳим дорад.

 Мулоҳизаҳо доир ба китоби Пешвои миллат «Забони миллат-ҳастии миллат»

Агар ба таърихи забони тоҷикӣ назар афканем мебинем, ки дар ҳама давраҳои таърихӣ пайроҳаҳои пурпечу тобро тай намуда, бо нерўю қудрат ва тавоноии худ то ба замони мо омада расидааст. Ҳамчунин, дар тай намудани ин роҳи пурпечу тоб, асолат ва шевогию равонии худро аз даст надода, ҳифз кардааст. Ҳамзамон, дар тўли таърих фарзандони фарзонаи миллати тоҷик ҳамеша пайи нигоҳ доштани забони миллӣ, арзишҳои миллӣ, асолати миллӣ, ҳувияту худшиносии миллӣ ва фарҳангу тамаддун талош намуда, аз давлату миллати худ дифоъ кардаанд. Ҳамакнун ин рисолатро дар охирҳои асри XX ва авоили асри XXI Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дўш гирифт. Дар радифи ҳифзи дигар арзишҳои миллиамон, дар поянда ва бегазанд нигоҳ доштани забони тоҷикӣ, ки як рукни шинохти миллати тоҷик ба ҳисоб меравад, саҳми Пешвои миллат хеле бузург ва мондагор аст. Воқеан дар даврони ҷаҳонишавӣ ва бархўрди тамаддунҳо ҳомие барои арзишҳои миллӣ, ки яке аз онҳо забони тоҷикӣ аст, зарур буд.

Хушбахтона, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз қадамҳои нахустини ба дўш гирифтани масъулияти роҳбарии миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистон, ҳамчун фарзанди фарзонаи ин миллат, ҳифзу густариши забони миллиро дар мадди аввал гузошт. Аз ҷумла чораандешиҳо барои рушду густариши забони миллӣ ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва барои амали сохтани муқаррароти қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар назди Ҳукумати мамлакат таъсиси Кумитаи забон ва истилоҳот, ки имрўз он дар назорати иҷрои муқаррароти қанун, ҳамгунсозии истилоҳоти соҳаҳои гуногун, риояи меъёрҳои забони давлатӣ ва дар маҷмўъ татбиқи сиёсати давлатии забон, масъулияти бисёр муҳим дорад.

Бояд хотирнишон кард, ки суханрониҳо дар созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ бо забони ноби модарӣ, суханрониҳо доир ба рушду такомули забони давлатӣ, чопи осори илмию адабии классикон бо хуруфи кирилӣ, тарҷума ва нашри осори адабию илмии олимони ҷаҳон ба забони давлатӣ ва нашри китоби «Забони миллат – ҳастии миллат» доир ба забони тоҷикӣ аз ҷонибӣ Эмомалӣ Раҳмон бозгўкунандаи ғамхорӣ ва муҳаббати фарзандонаи ў нисбат ба забон мебошад. Бояд зикр намуд, ки ҳар иқдоми пешгирифтаи Пешвои миллат нисбат ба забон, хирадмандонаю огоҳона ва дурандешона буда, ҳолати воқеӣ ва равандҳои ҷоҳонию ҷаҳонишавӣ пурра ба назар гирифта шудаанд.

Китоби якуми «Забони миллат- ҳастии миллат» соли 2016 ба нашр расид, ки аз пешгуфтор, шаш бобу зерфаслҳо, хулоса ва китобнома иборат буда, дар маҷмўъ 491 саҳифаро дар бар мегирад. Китоб марҳилаҳои тайнамудаи забонро аз давраи бостон то давраҳои ба сари қудрат омадани муғулҳо дар бар гирфта, ин марҳилаҳоро мавриди таҳқиқ қарор додааст.

Ҳифз ва шинохти марҳалаҳои забони миллӣ ва баланд бардоштани асолати он меҳвари асосии китоби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаҳони пуртаззоди муосир аст. Дар ҳамин маврид муаллиф дар пешгуфтори китоби «Забони миллат-ҳастии миллат» менависад: «Забони мо гузашта аз мушкилоти ба истилоҳ «дохилӣ» мустақиман ба ду забони муқтадири ҷаҳон­-русӣ ва англисӣ рў ба рў шуда, чунонки мебинем, дар ин «пайкор» асосан дар ҳолати дифоъ қарор дорад. Агар дар чунин вазъ забон дастгирӣ ва пуштибонии оқилона пайдо накунад, маҳол аст, ки аз ин варта солим бадар омада, асолати таърихии хешро ҳамчун забони мустақилу корагар ҳифз кунад. Албатта ин чунин маъно надорад, ки мо бояд дарвозаҳоро ба рўйи забонҳои дигар бандем».

Баррасии чунин масоили муҳим нисбат ба забон ва забономўзӣ дар баробари китоби мазкур қариб дар ҳама суханрониҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда мешавад, зеро замони муосир тақозо менамояд, ки дар масоили омўзиши забонҳои хориҷӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамгом бошем, вале асолати забони тоҷикиро ҳифз карда бошем.

Нашри ин китоб бо таҳлилу баррасии амиқу дақиқ, нишон додани умумият ва фарқи забони тоҷикӣ аз дигар забонҳо ва ҳамзамон ба риштаи таҳқиқ кашидани давраҳои таърихии забон бо усул ва нигориши равону омафаҳм аз он шаҳодат медиҳад, ки муаллиф дар таълифи китоб дар баробари олимону донишмандон насли ҷавонро низ дар назар гирифтааст. Муаллиф дар ин хусус дар қисмати аввали китоб менигорад, ки «ҳадафи асосии мо он аст, ки хонандагон, махсусан насли ҷавони мо, огоҳ бошанд, ки ниёкони онҳо, сарфи назар аз номулоиматӣ ва номеҳрубониҳои таърих, то чӣ ҳад дар ҳифзи ватан ва муқаддасоти миллӣ, махсусан забони модарии хеш кўшиш ба харҷ дода, барои мо забони тавоноеро якҷо бо чунин осори арзишманди адабӣ ва таърихӣ ба мерос гузоштаанд».

Таҳлил ва мушоҳидаи мутахассисони Китобхонаи миллии Тоҷикистон нишон дод, ки аз соли 2016 инҷониб, китоби «Забони миллат-ҳастии миллат» яке аз китобҳои серхонандатарини ҷавонон, олимон ва муҳаққиқони забон ва таърихи миллати тоҷик мебошад.

Ҳамчуноне, ки дар боло аз зиддиятҳо, бархўрди қудратҳо ва раванди ҷаҳонишавӣ ҳарф задем, як нукта мавриди зикр аст, ки омилҳои мазкур аз он гувоҳӣ медиҳад, ки имрўз миллати тоҷик ба Пешвои миллат, ҳомии Сулҳу Ваҳдат, шахсияти созанда ва ҳомии арзишҳои миллӣ, хусусан забони миллӣ аз ҳарвақта бештар ниёз дорад.

Боварии комил дорем, ки нашри китоби аввали  «Забони миллат – ҳастии миллат» бо факту далелҳои муътамади илмӣ ва мазмуну муҳтавои баланд заминаи хубе барои нашри китоби дуюм доир ба дигар марҳалаҳои таърихии забони тоҷикӣ хоҳад буд ва ин асар асрҳо дар авроқи худ бузургию асолати забони тоҷикӣ, созанда ва пуриқтидор будани онро ҳифз ҳоҳад кард.

Муҳаммаднабӣ Баёнӣ,
Баҳманёр Сулаймонов.