Пешвои миллат: Ман бо ҷавонон боварӣ дорам …

Пешвои муаззами миллат дар ҳама вохӯриҳо бо ҷавонон ва фаъолони кишвар пайваста ин суханро ба забон меоранд, ки барои мо ҷавонон боиси ифтихор аст ва моро низ дар ободӣ ва ояндаи ин сарзамин бетараф намегузорад. Инчунин ҳамасола 23-юми майро ҳамчун «Рўзи ҷавонон» рўзи ид бо як тантана ва шаҳомати хосса ҷашн мегиранд, ки ин яке аз иқдомҳои беназири Пешвои миллат нисбати мо ҷавонон мебошад.

Барои ҳар яки мо маълум аст, ки дар ҳар як ҷашну чорабиниҳо Президенти муҳтарами мо нисбат ба ҷавонон таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд. Чуноне, ки Пешвои муаззами миллат дар ҳар баромадашон қайд мекунанд, ки «Ояндаи Тоҷикистон дар дасти ҷавонон аст», ҳар як ҷавони бо нангу ори Ватан бояд такя ба чунин боварии Пешвои хеш намуда, барои гулгулшукуфоии кишвари худ саҳми назаррасе гузошта тавонад. Барои ҷавонон мо имконият фароҳам меорад, ки онҳо дар беҳтарин муассисаҳои таълимии мамлакат ва хориҷ аз он таҳсил кунанд, таҷриба омўзанд ва соҳиби касбу ҳунарҳои замонавӣ гарданд, ки ин иқдом бояд барои ҳар як ҷавон масъулияти муҳимтарин ба ҳисоб меравад ва ҳар яки мо ҷавонон бояд аз ин имконоту дастгирии Сардори давлат хуб истифода намоем, то ин ки дар ояндаи наздик тавонем, барои кишвари азизамон хизмати босазое карда бошем.

Имкониятҳои ҷавонони мо хело зиёд аст ва ҷавонони даврони истиқлолият бисёр фаъол мебошанд. Ҳатто дар забономӯзӣ низ бештар аз пештар фаъоланд. Таваҷҷуҳашон ба китобу китобхони хело зиёд аст.

Чи хеле ки аз мушоҳидаҳо бармеояд, дар шуъбаи адабиёти хориҷии Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» сафи илмомўзон зиёд аст. Президенти муҳтарами мо, Пешвои муаззами миллат ҳама вақт тамоми шароитҳои мусоидро барои илмомўзон фароҳам овардааст. Доимо ба роҳбарони мақомоти кишвар дастур ва супориш медиҳанд, ки дастгири ҷавонон бошанд ва худ чунин иброз медоранд ки «Ба ҷавонони кишвар ҳамчун нерўи фаъолу боғайрат, ташаббускору созанда, эътимоди зиёд дорем ва дар раванди бунёди ҷомеаи демократӣ ва ободу пешрафта ба онҳо такя мекунем». Мо ҷавонон бояд ба ин боварӣ сазовор бошем. Пешвои миллат сарвари давлат нисбат ба ҷавонон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, нисбат ба онҳо боварии зиёд доранд ва дар баромадҳояшон «Шумо – ҷавонони бонангу номуси миллати тоҷик, офаранда ва созандаи ин фарҳанг мебошед» – гуфта таъкид менамояд. Бояд ҳамаи мо ҷавонон кўшиши зиёд намоем ки ба чунин бовариҳои Ҷаноби Олӣ сазовор бошем.

Вақте, ки Пешвои миллат ҷавононро ҳастии миллат ва посдори фарҳанги миллии аҷдодиамон медонанд пас, ҳар яки мо ҷавонони бонангу ори миллати тоҷик ҷонибдори сиёсати хирадмандонаи эшон, ки барои ободониву шукуфоии Ватан-Модар бахшида шудааст, бошем ва бо ҷону дил барои ободонии ватанамон хизмат намоем. Барои баланд бардоштани савияи дониши ҷавонон бо ташаббуси Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санадҳои зиёди байналмилалӣ оиди таҳсили ҷавонон дар хориҷи кишвар ба имзо расидааст. Қисме аз ҷавонони мо имрўзҳо дар хориҷи кишвар таҳсил менамоянд ва қисмате, ки таҳсили хориҷи кишварро ба итмом расонидаанд, дар соҳаҳои мухталифи кишварамон бо ихтисосҳои гуногун кору фаъолият намуда истодаанд. Дар ин маврид Сарвари давлат ба ҷавонон таъкид менамояд, ки: «Шумо ҷавонон бояд пайгирона омўзед ва эътимод пайдо намоед, ки миллати тоҷик яке аз халқҳои қадимтарини ҷаҳон аст».

 Инчунин Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси худ ба минтақаҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ, хусусан ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ квотаи Президентиро ҷорӣ намуд, ки бобати амалӣ гардидани он қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1997 қабул гардид. Дар он рўзгор касе тасаввур намекард, ки ин иқдоми Сарвари давлат як таҳаввулоте дар рўзгори мардуми кишвар мегардад. Теъдоди онҳое, ки аз ин имтиёзи Пешвои миллат истифода бурда соҳибтахассус гардиданд, хеле зиёданд. Бахусус, духтароне, ки соҳибмаълумот ҳастанд, дар оянда дар оилаву оиладорӣ ва тарбияи фарзанд муваффақ мегарданд. Маҳз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди ҳамаҷонибаи занону духтарони минтақаҳои дурдасти кишвар ҳаст, ки ҳамасола духтарон тибқи квотаи Президентӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ба касбҳои дилхоҳашон дохил шуда, таҳсил менамоянд. Дар давоми таҳсил низ аз имтиёзҳои зиёд бархўрдоранд. Нафароне ки ба ин имтиёз мушараф мегарданд, дар воқеъ ҷавонони хушбахтанд.

Инчунин бояд қайд кард ки ҷавононе ки бо квотаи Призидентӣ донишгоҳҳоро хатм кардаанд, дар ҷомеаи имрўзаи мо саҳмгузоранд. Мо ҷавонон ваъда ва кушиш ба харҷ медиҳем, ки сазовори ғамхорӣ ва боварии Пешвои муаззами миллат бошем.

 Афсус имрўзҳо ҷавононе пайдо мешаванд, ки худро барои ноором кардани Ватан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундрав мезананд ва ҷони худрову дигаронро дар зери хатар мегузоранд, ки ин амали ношоиста ва ноҷавонмардонаи онҳо аз сўи ҳамон хоҷагони хориҷӣ сурат мегиранд. Бо боварии комил гуфта метавонем, ки чунин ҷавонон ояндаи хуб надоранд ва дар муҳлати кўтоҳтарин ҷазои хешро мебинанд. Ҳар як ҷавони ватандўст аз шароитҳои мусоиди имрўзаи Ватан бояд шукрона кард.

Мо ҷавонон, қалби бедори Ватан,

Саф ба саф ҳар рўз дар кори Ватан.

Мо иваз кардан намехоҳем ҳеч

Бо гули мулки дигар хори Ватан.

Ин Ватан моро пари парвоз дод,

Сад дареро баҳри дониш боз дод.

Мо ҷавонони адолатхоҳро

Сўи фардои наку овоз дод…

Нусратуллозода Идигул

муовини сардори шуъбаи адабиёти хориҷӣ.