Пешвои миллат ва ҷаҳони имрӯз. Бахши аввал

Ҳар касе китоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён”-ро нахондааст, тавсия медиҳем ҳатман бихонад. Ин китоб на танҳо аз таърихи ташаккули миллат нақл мекунад, балки вазъи имрӯзаи ҷаҳонро аз рӯи мантиқ ба риштаи таҳлил мекашад.

Боби аввали ҷилди якуми китоби мазкур “Асри XXI – асри Фарҳанги сулҳ ва ваҳдати инсоният” номида шудааст. Тавре медонед, китоб соли 2009, дар остонаи хатми даҳаи аввали қарни 21 чоп шуд. Муаллиф муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёатҳои имрӯзи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва хатарҳои пешорӯи башариро омӯхта, хулосаҳои ҷолиб баровардаанд, ки донистани он аз аҳамият холӣ нест.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чун як фарди дилсӯзи Сайёра, чун роҳбари давлате, ки  сулҳро бар ҷанг авло дониставу бо мухолифонаш дасти оштӣ дароз карда ва дар кишвар сулҳу суботро барқарор ва ба ҷанги хонумонсӯз баъди гузаштҳои зиёд хотима додааст, аз вазъи имрӯзи олам изҳори нигаронӣ кардаву консепсияи Фарҳанги сулҳро барои наҷоти бани башар аз ҳар ҷану хусумату хушунат пешниҳод кардаанд.

Фарҳанги сулҳ, яъне чӣ? Барои посух ёфтан ба ин суол боберо аз китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён” интихоб ва онро дар чанд бахш манзуратон мекунем. Умедворем интихоби мо ба суди ҳар касе хоҳад буд, ки мехоҳад сиёсатҳои ҷаҳони имрӯзро бидонад ва пешниҳоди Сарвари кишварро пуштибонӣ кунад.

АСРИ XXI – АСРИ ФАРҲАНГИ СУЛҲ ВА ВАҲДАТИ ИНСОНИЯТ

Дар пешорӯйи ман харитаи курраи арз қарор дорад. Тарҳи хурди сайёраи Замин бо уқёнусҳои бузургу қитъаҳои оламгираш гирди меваҳри худ давр мезанад. Дақиқтарин харитаест, ки арзу тӯли сайёраи Заминро ҳам аз само ва ҳам аз хушкию об бо саҳеҳии басо амиқ фаро мегирад.

Тоҷикистони азизи мо дар ин харитаи курраи арз мисли донаи регест, ки базӯр менамояд ва дар дили паҳнои Осиё қарор дорад. Ва воқеан дар қиёси кишварҳои паҳновару сернуфуси олам – Россия, Чин, Ҳиндустон, Амрико басо хурду назарногир менамояд. Вале аксари ин давлатҳои бузург дар харитаи сиёсии ҷаҳон назар ба давлатдориҳои аҷдодии тоҷикон дертар падид омада, бо гардиши айём мақоми устувори геополитикӣ ва геостратегӣ пайдо намуданд.

Нигоҳам беихтиёр дар тӯлу арзи қитъаҳои Осиёву Аврупо меистад ва хаёлам ба қаъри ҳазорсолаҳои таърих меравад. Ва эҳсос мекунам, ки дар тӯли ин ду ҳазор соли сипаригашта чӣ қадар давлатҳои хурду бузург аз миён рафтанд, чӣ қадар империяҳои тавоно пароканда гашта, завол ёфтанд, чӣ халқияту миллатҳои бонуфуз ва харитаи олам беному нишон шуданд, ҷӣ қадар забонҳои машҳуру тамаддунҳои оламгир ба мағораҳои фаромӯшхонаи таърих афтоданд. Чӣ қадар императорону қайсарону шоҳаншоҳон, ки бо зарби теғу шамшер қаламрави давлаташонро дар домони чандин қитъаҳои олам устувор намуда буданд, бо ҳукми таърих аз забонҳо рафтанду бо қасру қӯшу қалъаҳои фатҳнопазирашон яксони хок шуданд.

Андозаи обу хок ва фазои сайёраи Замин дар тӯли ин ду ҳазор соли сипаригашта ба қиёс на афзудаву на кам гаштааст. Вале кишваркушоёну ҷаҳонгирон қариб соле набудааст, ки барои забти марзҳову кишварҳои ҳамсоя ва обу хоки давлатҳову мамлакатҳои дуру наздик лашкар кашидаву ҷангҳову хунрезиҳо барпо накарда бошанд. Таърих башорат медиҳад, ки инсоният дар тӯли беш аз панҷ ҳазор соли мавҷудияташ тақрибан 14520 ҷангҳои хурду бузургро паси сар намудааст, ки ба ҳисоби миёна се ҷанг ба як сол рост меояд. Ин ҷангҳо бо таёқу табарҳои сангин оғоз ёфтанду то ба таркиши бомбаҳои атомиву термоядорӣ ва реактивҳои ҳадафзани байниқитъавӣ рафта расиданд.

Асри XX асри бузургтарин ҷангҳои таърихи башар. Асри шадидтарин набардҳои инсоният, асри ихтирои атом ва мудҳиштарин яроқҳои қатли ом буд. Асри оғозу анҷоми ду ҷанги даҳшатноки олам – Ҷанги якум ва Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ буд, ки садои таркиши ин ҷангҳо аз қитъаи Аврупо баланд шуда, чаҳор самти сайёраи Заминро ба ларза овард.

“По подсчётам Лондонского института стратегических исследований, опубликованных в 1968 году, раскладка войн по десятилетиям получается следущей: за приод с 1897 по 1907 год – 9 войн; с 1908 по 1917-й – 15; с 1918 по 1927-й – 11; в 1928-1937 – 12; в 1948 -1957 –28; в 1958-1967 –45. Не говоря уже о двух мировых. Дальше пошло ешё хуже; с 1945 по 1986 года в мире произошло более 250 войн – по сути, не было ни одного мирного дня”. Ва метавон гуфт, ки дар даҳсолаи охири интиҳои қарни XX теъдоди ҷангҳои хурду бузург дар қиёси солҳои болоӣ борҳо афзуду кам нагашт.

Барои муқоиса метавон далелҳои дигаре овард. В XVII веке общие потери в войнах среди европейского населения составили 3,3 миллиона человек, в XVII – 5,4, в XIX – начало XX века – 5,7; наконец две мировие войны унесли соответственно около 10 и 50 миллионов. Другими словами,  второй мировой войне, погибло вдвое больше европейцев, чем за предыдущие три с половиной столетия».

Имрӯз низ лар фарҷоми қарни XX ва оғози қарни XXI оташи ҷангҳои хурду бузург лаҳзае хомӯш нагаштааст. Сару садоҳои пуризтироб аз расонаҳои хабарии олам қариб ҳар рӯз ба гӯш мерасад ва сайёраи Замин аз таркиши бомбаву снарядҳои реактивӣ қариб ҳар соат меларзад. Ҷисми сабзи Замин оғӯштаи хун мегардад, даҳҳо шаҳрҳои обод харобу валангор гардида, садҳо ҳазор одамони бегуноҳ қурбони ҷанги беамон мешаванд. Бо шикастани империяи абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ тақсимбандии геополитикии ҷаҳон дар интиҳои асри XX ва оғози асри XXI ҷараёни тоза мегирад. Марзбандиҳои минтақавӣ, мазҳабӣ ва иқтисодию сиёсӣ вусъат мепазирад. Талошҳои ошкору ниҳон баҳри ба даст овардани бозорҳои ҷаҳонӣ, захираҳои ашёи хом, манбаъҳои сӯзишворӣ ва сарватҳои табиӣ боло мегирад ва дар ҳамин замина гоҳ дар машриқу гоҳ дар мағриб ҷангу низоъҳои қавмию мазҳабӣ доман меафрозад.

Ҷаҳонгирию кишваркушоиҳои имрӯза либосҳои басо рангоранг дорад. Ҳадафи аслӣ ва ғаразҳои сиёсию иқтисодӣ аз назарҳо ниҳон мемонанду хусуматҳои қавмию этникӣ, низоъҳои идеологию динӣ ва дигар сабабу баҳонаҳои ночиз зоҳиран ба ҷилва омада, ин ё он гӯшаи сайёраро чун зилзила такон медиҳанд. Дар натиҷаи ин таҳрикоти устокоронаи сиёсию иқтисодӣ ва идеологӣ чандин давлатҳои хурду бузург дар қитъаҳои Осиё, Африқо ва Аврупоо ба доираи бозиҳои ғаразноки давлатҳои манфиатдор кашида мешаванд. Ва аз ин раванди мӯътадили ҳаёт дар марзҳои гуногуни ҷаҳон ва саросари сайёра халалдор мегардад. Далели ин гуфтаҳо Афғонистони ба мо ҳамсоя шуда метавонад, ки қариб чаҳоряк аср боз оташи ҷанг дар ин кишвари мусибатзада хамӯш намегардад.

Насле, ки дар сангарҳои ҷанги дохилии Афғонистон тавлид шуда буд, имрӯз ба синни камолот расида, ғайри ҷангу хунрезӣ ва истифодаи тиру туфанг дигар сабақе наандӯхтаанд. Аз ин лиҳоз, ҷангу зӯроварӣ барои онҳо ба меъёри муқаррарии зиндагӣ ва василаи рӯзгузаронӣ табдил ёфтааст.

Манбаъ: Эмомалӣ Раҳмон: “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён”. Душанбе, 2009

Таҳияи кормандони Медиатекаи Президаентӣ
Марзия Зардодхонова
Меҳрангез Муҳаббатова