Пешвои миллат ва ҷаҳони имрӯз. Бахши чорум
Фарҳанги сулҳ талқин менамояд, ки бо интиҳои қарни XX ба ҳама гуна ҷангу хунрезиҳо хотима гузорем ва ба асри XXI таҳти парчами сулҳ ворид гардем. Худ аз худ суоле ба миён меояд, ки мафҳуми Фарҳанги сулҳ чист ва кадом ҳадафҳоро фаро мегирад? Фарҳанги сулҳ, ба назари ман, шакли оқилона, дурандешона ва судбахши муносибати миёни давлатҳои ин ё он минтақа, робитаи мусолиҳаомези пешвоёни халқ, ҳизбу ҳаракатҳои сиёсию мазҳабӣ дар чаҳорчӯбаи меъёрҳои қонунгузории дохили давлатӣ ва умумибашарӣ маҳсуб мегардад. Фарҳанги сулҳ – иродаи нек, майлу хоҳиши самимона, кӯшиши ҳалли проблемаҳои мавҷуда ва ихтилофу низоъҳои сарзада дар сари мизи музокирот мебошад.
Фарҳанги сулҳ – бидуни зуроварию таҳдид, бидуни истифодаи силоҳ ва ҷангу хунрезӣ, бо роҳи осоишта, аз тариқи сулҳу созиш ҳал намудани мушкилоти пешомада аст. Фарҳанги сулҳ – қабл аз ҳама эҳтироми рақиб, бо сабру таҳаммул омӯхтану дар мизони ақлу фаросат баркашидани афкору андешаҳои ӯ, ба хотири пешомади нек ва манфиати ҷомеа гузашт карда тавонистан аз суди ночизи хеш мебошад. Фарҳанги сулҳ – роҳи муросою сулҳу созиш дар асоси қонуну аснодҳои амалкунанда, бо роҳу тадбирҳои расмию ғайрирасмӣ аз миён бурдани ихтилофу даргириҳо буда, аз сиёсатмадорону сарварони давлатҳо маданияти баланд, дасту дили пок ва инсофу адолатро тақозо мекунад.
Ва гузашта аз ҳамаи ин Фарҳанги сулх, ба назари ман, принсипҳои мувофиқагардидаи робитаи миёни давлатҳо дар минтақахои ҷудогона ва арсаи ҷаҳон аст, ки бояд дар асри XXI тадриҷан ба сулҳу ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмии байни давлатҳои хурду бузурги сайёра оварда расонад. Ва ниҳоят, Фарҳанги сулҳ – ин муттаҳид намудани иқдидору имкониятҳои давлатҳои олам ба хотири ташаккул ва амалӣ гардидани меъёрҳову қонунҳои нави давлатдориест, ки барои онхо сулҳу амният, бехатарии сокинони сайёра волотарин ҳадаф мебошад.
Барои ин бояд механизмҳои умумии татбиқу густариши Фарҳанги сулҳ дар арсаи байналмилалӣ зимни ба инобат гирифтани манфиатҳои миллӣ ва умумибашарӣ эҷод шавад. Аз ҳамин хотир дар асри ҷадид масъулият ва вазифаҳои Созмони Милали Муттаҳид, ки алҳол ягона механизми дар арсаи байналмилалӣ таъмин намудани сулҳ ва амнияти миёни кишварҳо мебошад, чандин баробар меафзояд. Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар аснодҳои қонунию ҳуқуқии он бояд пойдевори таъмини сулҳ ва амнияти халқҳо чӣ дар минтақаҳои ҷудогона ва чӣ дар саросари олам гардад.
Устувор намудани заминаи қонунгузории байналмилалӣ, таъмини волоияти қонун ва риояи бечунучарои ӯҳдадорию шартномаҳои байналхалқӣ, вусъат додани механизмҳои назоратию маҳкамавии умумибашарӣ зимни баланд бардоштани мақому мартабаи Суди байналхалқӣ, хуқуқу имтиёзҳои Созмони Милали Муттаҳид, ба назари ман, тадбирҳое мебошанд, ки ба густариши минбаъдаи Фарҳанги сулҳ мусоидат менамоянд.
Дар интиҳои асри XX ва оғози асри XXI андозаву миқёси хатарҳои бузурги умумибашарӣ ба ҷойи кам шудан торафт бештар мегардад, ки онҳоро аз руйи моҳияту ҳадафҳояшон метавон ба якчанд гурӯҳ тақсим кард. Ин хатарҳо, якум, афзоиш ёфтани истеҳсол ва ихтирооти мудҳиштарин яроқҳои ядроӣ ва дигар воситаҳои қатли ом – таҷҳизоти радиоактивӣ, биологӣ, химиявӣ ва ғайра мебошад, ки бо вуҷуди фазлфурӯшии сиёсатмадорон ҳадафи аслиашон нест кардани инсон ва заҳролуд намудани муҳити зист дар сайёра ба шумор меравад.
Дуюм, хатари афзудани муноқишаҳои минтакқавӣ дар заминаи ихтилофоти динию мазҳабӣ, зиддиятҳои қавмию нажодӣ, тамоюлҳои идеологӣ, талошҳои ошкору ниҳон барои ба даст овардани захираҳои сӯзишворию ашёи хом, тақсимоти нави бозори ҷаҳонӣ ва ғайра мебошад, ки вобаста ба бархурди манфиатҳои давлатҳои абарқудрати ҷаҳонӣ дар гӯшаҳои мухталифи сайёра сурат мегирад.
Сеюм, мавқеи устувори минтақавӣ ва умумиҷахонӣ пайдо кардани ҷинояткории муташаккил, экстремизми динӣ ва терроризми байналхалқӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва қочоқи яроқ, ҳамчунин паҳншавии ғояҳои зуроварӣ, ахлоқи ношоиста, тарғиботи носолими мазҳабию идеологӣ ва ба воситаҳои иттилооту ахбори омма роҳ ёфтани онҳо мебошад.
Чорум, унсурҳои нави хатари умумибашарӣ дар заминаи дастовардҳои навтарини соҳаи компютерӣ ва технологияи алоқаву коммуникатсия падид меоянд, ки онҳо ҳудуди марзҳову сарҳадҳоро шикаста, ба ниҳонитарин асрори кашфиётҳои ҳарбӣ, силоҳҳои ядроӣ ва нуқтаҳои махфии ракетаҳои ҳадафзан даст меёбанд.
Ва ниҳоят, хатари афзудани фарқияти миёни давлатҳои бой ва камбағал дар миқёси ҷаҳонӣ мебошад, ки ҳосилаш афзоиши рӯзафзуни аҳолӣ ва аз назорат берун мондани он маҳсуб мегардад. Дар ҳазорсолаи сеюм проблемаи афзоиши аҳолӣ аз ҳудуди давлатҳо ва миллатҳо берун рафта, ба як масъалаи ҳалталаби глобалӣ табдил меёбад, ки хоҳу нохоҳ назорат ва банақшагирии умумиҷаҳониро тақозо менамояд.
Боз хатарҳои экологӣ, ҳифзи муҳити зист, сарфаи захираи оби нушокӣ, гуруснагӣ ва нарасидани ғизо, танзиму риояи қонуниятҳои табиат ва ғайра мавҷуданд, ки танҳо дар сурати густариши оқилонаи Фарҳанги сулҳ ва пуштибонию дастгирии ҳамаҷонибаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳар фарди бедордили сайёра метавонанд ҳалли худро ёбанд.
Инсоният дар асри ҷадид бояд душман не, дӯст биҷӯяд ва қабл аз ҳама бо неруҳои ботинии худ созиш баста, худро ба пуштибонию дастгирии Фарҳанги сулҳ омода созад. Ва бузургтарин панд дар ҷодаӣ худсозию хештанофарӣ боз ҳамон панди ҷовидонаи ниёгони ориёии мо шуда метавонад: «Пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек». Ин хоҳиши фардии шахсият не, амри фарогирест, ки аз фазои фардият раҳида, чун як ҳукми ҳастию нестии башар дар сари роҳи ояндаи мо истодааст. Яъне, одамон бояд муттаҳид шаванд ва сайёраи Заминро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд. Мо танҳо як Замин, як маъвои ҳастӣ ва як гаҳвораи ҳаёт дорем.
Шояд андешаҳои ман дар бобати моҳияти Фарҳанги сулҳ ҳанӯз саҳеҳу комил набошанд. Вале як чиз мусаллам аст, ки ҳадафи аслии Фарҳанги сулҳ даст кашидан аз истифодаи силоҳи ядроӣ, ҳама гуна ҷангу низоъҳо ва ба роҳи зиндагии осоишта ҳидоят намудани инсоният мебошад. Мо тоҷикон ин сабақҳои пурҳикмати гузаштагонро дар тӯли тамаддуни беш аз сеҳазорсолаи хеш борҳо озмуда, ба дурустии он эътимод ҳосил кардаем. Агар кас дар сиришти хеш неруҳои ангезандаи бадӣ ва ҷангу низоъро бикушад, он гоҳ қадами бузурге сӯйи сулҳу созиш ва осоиши хонадон, ҷомеа, давлат, кишвар ва сайёра мениҳад. Ба қавли нависандаи бузурги рус Ф. Достоевский «Агар бихоҳӣ, ки бар кулли ҳарифонат ғолиб ойӣ, аввал бар худ ғалаба карданро биомӯз». Мо тоҷикон инро бори дигар дар амал озмудем, дидем ва эътимод ҳосил кардем. Ҷанги шаҳрвандии баъди истиқлолияти навин сарзада бо вуҷуди ҳама мусибату бадбахтиҳояш барои мо як мактаби бузурги ҳаёт гардид. Ва волотарин сабақе, ки аз ин мактаб бардоштем, расидан ба сулҳу ваҳдат ва ризоияти миллӣ буд.
Манбаъ: Эмомалӣ Раҳмон: “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён”. Душанбе, 2009
Таҳияи кормандони Медиатекаи Президаентӣ
Марзия Зардодхонова
Меҳрангез Муҳаббатова