Пешвои миллат ва ҷаҳони имрӯз. Бахши панҷум

Ҳанӯз дар даврае, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон идома дошту тарафҳои даргир ҳеҷ ба мусолиҳа омадан намехостанд, ҳукумати навтаъсис дар ҷаласаи XVI таърихии Хуҷанд ҷонибҳои мухолифро ба оштии ҳамагонию сулҳу салоҳ даъват намуда, дертар роҳи ба Ватан ва ҷойи зисти доимиашон баргардонидани гурезаҳоро пеш гирифт. Мо ҷангу муқовимати мусаллаҳонаро ҳамчун хатари барҳам хӯрдани якпорчагии мамлакат ва парокандашавии миллати тоҷик маҳкум намуда, бовар доштем, ки бо роҳи мухолифат ва ҷангу хунрезӣ ба ҳадаф расидан номумкин аст.

Агар гӯем, ки ниҳодани хишти нахустини Фарҳанги сулҳ дар миёни тарафҳои мухолиф аз рӯзҳои аввалини ба сари қудрат омадани ҳукумати кунунӣ оғоз ёфт, хато намекунем. Ва барои мо роҳи дигар ҳам вуҷуд надошт, зеро ҷангу ҷидол ва зӯровариро ҳамчун василаи ба эътидол овардани ҷомеа рад намуда, роҳи осоиштаи ба мусолиҳа расиданро меҷустем. Мебоист барои ягонагию ваҳдати миллат, якпорчагии марзҳои мамлакат, зиндагии осоиштаву осудаҳолонаи халқи гирифтори ваҳму парешонӣ ва афзудани обурую эътибори байналмилалии Точикистон пеши роҳи ҷанг ва вусъатёбии онро мегирифтем. Ҷанги Афғонистони ҳамсоя барои мо сабақ буд ва хуб медонистем, ки тӯл кашидани муқовимати мусаллаҳона аз дунболаш харобию қашшоқӣ ва бадбахтиҳои зиёде меорад. Ба хотири сулҳу салоҳ ва ваҳдати миллӣ бисёр гузаштаҳо кардан рост меомад. Ҳатто гузаштҳое, ки баъзан ба амнияти давлату давлатдорӣ ҳам хатар дошт.

Мо сулҳро дастгирию пуштибонӣ мекардему эҳсос менамудем, ки бо роҳи нав пеш меравем. Роҳе, ки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ назир надорад ва барои амалӣ сохтани он ягон дастуру барномаи мукаммале ҳам нест. Таҷрибаи таърихии гузаштаҳои дур ва наздик бароямон башорат медод, ки ягон давлати мутамаддин рақиби сиёсӣ ва ҳарифони қудратталабашро аз сангарҳои ҷанг берун оварда, бо силоҳи ҷангию лавозимоти ҳарбӣ ва сарбозони ҷангозмудааш дар сари дастгоҳи давлатию сохторҳои идоракунӣ ва мақомоти низомӣ нашинондааст. Дар пешорӯйи мо таҷрибаи инқилоби Октябр ва сарнавишти вопасин амири Бухоро, инқилоби Афғонистон, инқилоби Эрон, инқилоби Кореяву Ветнам ва ғайра меистод, ки одатан мамлакат ду тақсим мешуд ё ҳарифони сиёсию ашхоси номатлуб аз асари таъқиботу истинтоқҳои маҳкамавӣ тарки Ватан намуда, роҳи ягон кишвари хориҷиро ихтиёр мекарданд. Ин гуна мисолҳоро мухолифони сулҳ ва ҳарифони оштинопазири ризоияти миллӣ бароям бисёр меоварданд.

Вале таърихи башар бо вуҷуди монандиҳои шигифтовараш танҳо такрори роҳи паймудаи гузаштагон нест. Ва зиндагӣ ҳам бо такрорҳояш не, балки бо рангорангӣ, бурду бохт ва ҷустуҷӯю бозёфтҳояш моро ба сӯйи оянда ҳидоят мекунад.

Ҷангҳои шаҳрвандӣ, муноқишаҳои сиёсӣ ва задухӯрдҳои ақидавӣ дар таърих ҳодисаи нав нестанд. Бисёр халқу миллатҳо ин марҳиларо паси cap намуда, одатан мушкилоту проблемаҳои сарзадаро тавассути фишору зуроварӣ ва истифодаи силоҳу роҳи ҷанг ҳал кардаанд.

Таҷрибаи таърихии асри XX шаҳодат медиҳад, ки бо роҳи зуроварӣ ва ҷангҳои дохилию байнидавлатӣ ҳал кардани ин ё он ихтилофҳои сарзада бо қурбониҳои басо бузург муяссар мешавад. Аз ин рӯ, пеш гирифтани роҳи осоиштаи ҳалли низоъ ва зиддиятҳо барои Тоҷикистон муносибтар буд. Ба ҳамин хотир мо роҳи музокиротро барои расидан ба сулҳ ва ризоияти миллӣ пеш гирифтем, ки он бо вуҷуди норасоию ноқисиҳояш аз ҳама гуна ҷанг ва хунрезиҳои харобиовар авлотар буд.

Мо хуб медонистем, ки мардуми азияткашидаи Тоҷикистон на ба ҷангу хунрезиҳо, балки ба сулҳу зиндагии осоишта ниёз доранд. Мо хуб медонистем, ки танҳо бо сулҳу салоҳ, ваҳдату якдилӣ ва иттиҳоду меҳнати бунёдкорона метавонем Тоҷикистонро аз хатари парокандашавӣ наҷот дода, миллати бе ин ҳам камшумори тоҷикро аз муҳоҷирату тарки Ватан карданҳо бираҳонем.

Аз тафсилоти музокироти бардавом худдорӣ намуда, фақат ҳаминро зикр мекунем, ки барои расидан ба сулҳ ва ризоияти миллӣ дар тӯли се солу се моҳ ҷараёни гуфтушунидҳои басо мураккаб, доманадор ва мушкилро паси cap намудем. Зиёда аз 21 маротиба ба таври расмӣ ва даҳҳо маротиба ба таври ғайрирасмӣ музокирот ва вохӯрию мулоқот баргузор намуда, дар ҷараёни онҳо паҳлӯҳои мухталифи низоми давлатдорӣ ва фарҳанги сулҳро кашф кардем. Мо қабл аз ҳама сабру таҳаммул, эҳтироми ҳарифи сиёсиро омӯхтем, санъати баҳсу андеша ва муҳокимарониро дар заминаи далелҳои муътамад аз бар намудем, фазои боварию эътимодро фароҳам овардем, ҷустуҷӯйи роҳи алтернативии ҳалли мушкилот, стратегияи доманадори расидан ба сулҳу ризоияти миллиро пеш гирифтем. Дар натиҷа фазои хусумат, шубҳа ва ноумедӣ аз байн рафта, ба чойи он эътимоду боварии тарафҳои мухолиф ба ҳамдигар афзуд, ҳалли масъалаҳои баҳснок дар асоси Конститутсияи мамлакат ва қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ танзим гардид.

Таҷриба нишон дод, ки дар роҳи расидан ба сулҳу салоҳ ва ризоияти миллӣ монеаҳои бартарафнашаванда қариб вуҷуд надоранд. Ба шарте ки дар мадди аввал манфиати миллат, манфиати давлат ва манфиати кулли сокинони ҷумҳурӣ қарор дошта бошад.

Дар оғози расидан ба сулҳу салоҳ ва ризоияти миллӣ хидмати халқи тоҷик ва мардуми табиатан сулҳдӯсту сулҳпарвари Тоҷикистон хеле бузург аст. Онҳо дар лаҳзаҳои басо ҳассос ва тақдирсоз сиёсати сулҳпарваронаи роҳбарияти мамлакатро пуштибонию дастгирӣ намуда, меҳнати ҳалолу зиндагии осоиштаро аз ҳама гуна ҷангу сангаргириҳо ва адовату душманӣ афзалтар донистанд. Маҳз азму иродаи қавии халқи тоқик ва фарзандони бедордилу дурандеши ин сарзамини бостонӣ буд, ки сулҳу ваҳдат ва якдилию ҳамдигарфаҳмӣ тантана кард ва сулҳу созиши миёни тоҷикон чун таҷрибаи нодиру пурарзиши Фарҳанги сулҳ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид.

Фарҳанги сулҳ ва азму иродаи нек зина ба зина тарафҳои мухолифро бо ҳам наздик кард, бо шарофати вохӯриҳои Москва, Хосдеҳ, Теҳрон, Машҳад, Бишкек ва ғайра музокироти миёни тоҷикон аз фазои боварӣ ва ҳамдигарбахшӣ ба марҳилаи имзои санади сарнавиштсози Созишномаи умумӣ дар хусуси барқарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон (27 июни соли 1997) омада расид. Мо аз ҳолати низои мусаллаҳона зина ба зина ба пойгоҳи сулҳу ризоияти миллӣ омадем.

Дар фарорасии сулҳу ризоияти миллӣ, алалхусус саҳми намояндагони Созмони Милали Муттаҳид, ки аз 5 апрели соли 1994 то 27 июни соли 1997, яъне аз оғоз то анҷоми музокирот дар паҳлӯи мо буданд, хеле калон аст. Баргузор сохтани ҳар як даври музокирот, ки садҳо мушкилӣ дошт, бо заҳматҳои пайдарпай, матонату маҳорат ва таҷрибаи бойи кормандони ин мақомоти бонуфузи байналмилалӣ бартараф мегардид.

Дар баробари саъю кӯшиши Созмони Милали Муттаҳид хашт кишвари ба мо дӯст дар истиқрори сулҳу ризоияти миллии Тоҷикистон мусоидат намуданд, ки Россия дар байни онҳо мақоми хоса дорад. Кишварҳои кафили сулҳи тоҷикон Россия, Ӯзбекистон, Казоқистон, Кирғизистон, Туркманистон, Эрон, Покистон, Афғонистон дар раванди сулҳи байни тоҷикон саҳми арзанда гузошта, ба густариши фарҳанги сулҳ кӯмаки беғаразона расонданд.

Имрӯз шукри он мекунем, ки сулҳу ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон пойдор аст, сулҳи бебозгашт ва бадалнашавада. Ба ибораи як сарвари воломақоми созмонҳои байналмилалӣ сулҳи комилан тоҷикона, ки дар хоку гили ин сарзамини азияткашида сабзидаву қомат афрохтааст. Сулҳе, ки дар таҷрибаи давлатдории кишварҳои Шарқу Ғapб бо чанбаҳои хосааш назир надорад.

Манбаъ: Эмомалӣ Раҳмон: “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён”. Душанбе, 2009

Таҳияи кормандони Медиатекаи Президаентӣ
Марзия Зардодхонова
Меҳрангез Муҳаббатова