Пешвои миллат ва ҷаҳони имрӯз. Бахши сеюм
Ёд дорам, ки дар деҳаи мо чандин мардони солхӯрда дасту пой надоштанд ва бо чигасу пойҳои чӯбин роҳ мегаштанд. Ҳар гоҳе аз ҳоли онҳо сабаб мепурсидам, модарам посух медод, ки аз ҷанг маъюбу маслуқ баргаштаанд. Кӯдак, ки будам сарфаҳми маънии ҷанг намерафтам ва дилам ба ҳоли мардони нимтану маъюб месӯхт.
Боре аз модар чӣ будани ҷангро пурсидам. Дуру дароз хомӯш монду сармаро сила карда гуфт: “Чӣ будани ҷангро надонӣ беҳтар, писарам. Калон шавӣ, ҳамаашро мефаҳмӣ. Ҷанг аз хӯрдани ҷисми одам серӣ надорад, ба хуни бандаи хокӣ ташна аст”. Ва он вақт ман ҷангро мисли аждаҳое тасаввур мекардам, ки ба одамон ҳамла меораду каси ба чангаш афтодаро як луқмаи хом мекунад.
Баътар чун калонтар гаштаму мактабрав шудам, аз китобҳои дарсӣ чӣ будани ҷанги хонумонсӯзу лашкаркашиҳоро сарфаҳм рафтам. Муаллими таърих аз лашкаркашӣ ва муҳорибаҳои шадиди Искандари Мақдунӣ, Ибни Қутайба, Чингизхон, Амир Темури Курагонӣ, Наполеон, Ҷанги якуми ҷаҳонӣ, Ҷанги Бузурги Ватанӣ нақлҳои ғамангез мекарду пай мебурдам, ки ҳамагуна ҷанг бадбахтӣ ва қурбониҳои басо гаронеро аз дунболаш меорад. Бароям аён мегашт, ки ҳамдеҳаҳои маслуқи ман дасту пойи худро аз асари тири ҷонгудозе бохта, бо дили шикаставу тани афгор ба деҳа баргаштаанд. Гарчанде деҳаи мо аз майдони ҷанг ҳазорҳо фарсаҳ дур бошад ҳам, мо кӯдакон нишони наҳси ҷангу қурбониҳои майдони набардро бо чашми сар медидем.
Ва ҳамин сабақҳои овони кӯдакию наврасӣ буд, ки дар дили мо нисбат ба ҷангу ҷангхоҳон ҳисси кинаю нафрат ва ба ҳоли маъюбону афтодаҳолон меҳру шавқатро бедор карда, раиятпарвариро дар сиришти мо парвариш намуд.
Имрӯз дар асри озмоишҳои шадиди силоҳи ядроӣ ва ракетаҳои миёнапарвозу дурпарвози баллистикӣ бо тамоми овоз бояд бонги изтироб бардошта, ба хотири зиндагии осоиштаи ҳозираю оянда дар муқобили ҷангу ҷангҷӯён бояд Фарҳанги сулҳ ва модели глобалии густариши онро пешниҳод созем. Такроран мегӯям, ки хатари ҷанги ядроӣ ва ҳастию нестии инсоният дар рӯйи сайёраи Замин моро водор мекунад, ки новобаста аз ирқу нажод, қавму миллат, мазҳабу идеология, эътиқоду зиндагӣ, мақому мавқеи иҷтимоӣ дар зери парчами сулҳ муттаҳид шавем ва аз балои офатбори ҷанги ядроӣ раҳоӣ ёбем. Дигар чорае нест. Одамони рӯйи Замин бояд даст ба даст гирифта ба пуштибонии сулҳ бархезанд. Зеро сайёраи сабзи Замин барои кулли инсоният ягона гаҳвораи ҳаёт аст ва моро дар уқёнуси беҳудуди кайҳон чун модари мушфиқ асрхо боз парвариш менамояд. Ва дар ин кайҳони беинтиҳо ҳам ба тахмину ҳам ба фарз ба чуз Замин ҳаёт дар дигар сайёрае вуҷуд надорад.
Шояд баъзе касони огоҳ аз муаммои хастӣ далел оранд, ки таърихи башарият саропо пур аз ҷангу ҷидол, лашкаркашию муҳорибаҳои беамон, забткорию зулму тааддӣ ва ба хок яксон намудани мулкхои ободу шаҳрҳои овозадор аст. Шояд бипурсанд, ки давлати овозадори Бобул бо Боғи муаллақу манораи осмонгираш куҷо шуду қасрҳои муҳташами Ошур бо пайкараи шерҳои бадҳайбаташ ба куҷо рафт. Фиръавнҳои Мисри қадимро чӣ сарнавиште пеш омаду Куруши Кабиру Дороӣ ҷаҳонгирро бо Истахри овозадору Тахти Ҷамшед чӣ қисмате насиб гашт.
Оре, дар гузаштаҳои дуру наздики таърих инсониятро ҳамеша ҷангу хунрезихо домангир буд. Ҳатто Сомониёни бузурги адолатпешаву ботадбир ҳам баҳри истиқлолу иттиҳоди кишвар борҳо ҷангҳои шадид кардаанд. Вале ҷангу талошҳои онҳо ба хотири пойдории минбаъдаи сулҳ, ба хотири пешрафти ҳаёт, созандагӣ ва ободонии кишвар буд.
Ва гузашта аз ин кулли ҷангҳои сипаригашта бо ҳама даҳшату фоҷиаашон барои сайёраи Замин хатаре надошт. Дар як гӯшаи мулк ҷанг мерафту дар гӯшаи дигараш ҳаёти осоишта идома дошт. Найзаву шамшер ҳар қадар мудҳиш бошад, қудрати силохи ядроиро надошт. Вале даҳшати ҷанги имрӯз ва иқтидори силоҳҳои ядроӣ дар тасаввури инсон намеғундад.
Мувофики пешбинии олимон неруи таркишхои ядроӣ аз зилзила ва оташфишонии вулканҳои бузург монданӣ надорад. «Ҳангоми таркиши ядроӣ дар қабати болои Замин кураи тафсони оташине падид меояд, ки ҳарорати дохили он ба якчанд миллион дараҷа мерасад. Қабати болои хок ба андозаи ҳудуди чандсад метр бухор шуда, ба ашёҳои радиоактивии аз таркиш ҳосилшуда меомезад… Ба ҳаво аз 10 то 100 млн. тонна ашёҳои аз зарбаи таркиш дарҳамшикаста боло мехезад ва ба ҷойҳои басо дур, ҳатто китъаҳои дигар рафта мерезад. Тирашавии атмосфера ба асари мудҳиши оташфишонии вулканҳои бузург шабоҳат дорад».
Шояд ҳамин даҳшатҳоро пай бурда, яке аз бузургтарин физикҳои қарни XX Эрнест Резерфорд дар посухи ҳангоматалабони офаридани бомбаи ядроӣ гуфта буд: «Ман намегузорам, ки кормандонам барои таркондани кураи Замин шаҳодатномаи ихтироот гиранд».
Манбаъ: Эмомалӣ Раҳмон: “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён”. Душанбе, 2009
Таҳияи кормандони Медиатекаи Президаентӣ
Марзия Зардодхонова
Меҳрангез Муҳаббатова