Пешвои миллат ва ривоҷи суннатҳои фарҳанги китобдориву китобхонии тоҷикон дар замони Истиқлоли миллӣ
Дар низоми сиёсати фарҳангпарварона ва раванди анҷоми тадбирҳои маънавиасоси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷўҳ ба мақоми китоб дар тарбият, савод ва маънавиёти ҷомеа, интишори осори суханварон ва донишмандони гузаштаву имрўза ба низом ва тарҳандозии дархури замон ба роҳ андохта шуда, аз мақоми шоистае бархурдор гардид. Пешвои миллат бо эътимод ба ин матлаб ки “Миллати мо бо китоб ва китобхонӣ, заковат ва маърифатнокии худ дар ҷаҳони мутамаддин мақоми шоиста касб кардааст» ва “китобхонӣ ҷузъи муҳими тарбияи насли наврас” мебошад, нашри осор, бунёди нашрияҳои нав ва таҷдиди суннату фарҳанги китобхониро таҳти таваҷҷўҳ ва парастории ҳамешагии худ қарор дод. Ҳамин арзиш ва ҷойгоҳи китобхонӣ дар тафаккури миллӣ буд, ки дар тақвими санаҳои таърихиву миллии тоҷикон 4 сентябр ҳамчун Рўзи китоб арзи ҳастӣ намуд, ки Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онро рўзи оғози сохтмони Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар соли 2007 эълом доштанд.
Ҷиҳати табаҳҳури лозими ҷомеа бо осори классикони адабиёти тоҷик ба нашри силсилаи панҷоҳҷилдаи “Ахтарони адаб” асос гузошта шуд, ки он шомили мероси мўътабари адабиёти классикии форсу тоҷик хоҳад буд. Дарозои даҳ соли охир тавассути нашриёти “Адиб” “Осори Абўабдуллоҳи Рўдакӣ”, «Ашъори ҳамасрони Рўдакӣ», нўҳ ҷилд «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Сафарнома»-и Носири Хусрав, «Рубоиёт»-и Умари Хайём, қасоиди Хоқонии Шарвонӣ, “Маснавии маънавӣ”, “Хамса”-и Низомии Ганҷавӣ, маснавиҳо ва девони Аттор Нишобурӣ, Девонҳои Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Сайидои Насафӣ, Соиби Табрезӣ, Бедили Деҳлавӣ ва баргузидаи ғазалиёти шоирони дигар ва дар умум наздидки панҷоҳ ҷилд аз ин силсила ва чандин асарҳои олиқадр аз шумори осори диниву маърифатӣ ва ахлоқӣ ба дасти хонанда расидаанд. Дар идомаи силсилаи корномаҳои илмии хеш Пешвои миллат худ ҳамчун аҳли китоб бо таълифоти гаронмояашон дар саргаҳи марҳилаи нави худшиносӣ ва худогоҳии мардуми тоҷик дар асри имрўз қарор гирифта, ба василаи силсилаи асарҳои ҷовидонаи худ чароғи маърифат ва маънавиёти ҷомеаро барои имрўзу фардо ва фардоҳои дигар равшану мунаввар доштаанд. Нахуст бо назардошти созгор омадани ниёзҳои ҷомеаи ҷаҳони муосир ба афкор ва андешаҳои Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ва зарурати таваҷҷўҳи амиқ ба фалсафаи инсон ва ҷаҳони ботинии ў бо такя бар ҳақиқати инсоншиносии ў зарурати таҳқиқи ин афкорро ба хотири ҳидояти инсони сайёра дарк намуда, маҷмўи баррасӣ, биниш ва диду назариёти ҳои хешро дар китоби “Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ” фароҳам оваранд, ки соли 2012 аз чоп баромад. Мабоҳиси меҳварии қобили аҳамияти ин асар дар истиқрори пайванди андешаҳои Мавлоно бо сарнавишти башар таҷассум дорад, ки ба таъкиди Пешвои миллат ин афкори маҳфуз дар осори ҷовидонаи Мавлоно “имрўз беҳтарин ва муассиртарин таблиғгари ваҳдати инсоният, садоқату дўстӣ ва ҳамкории созгор бо тамоюлот ва тақозоҳои рўз ва ормонҳои бузурги башарият аст. Беҳуда нест, ки ин осор ва боз ҳам қабл аз ҳама “Маснавӣ” аз осори хонданитарин ва сернашртарин дар Ғарбу Шарқ, бахусус Амрико ва Аврупо аст”.
Таълифи китоби арзишманди “Забони миллат – ҳастии миллат”, ки муҷаллади аввали он дар соли 2016 ва ҷилди дувуми он дар соли 2020 ба нашр расид, ба марҳилаи нави бузургдошти забони давлатӣ ва сарнавиш-ти таърихии он аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асос гузошт, зеро ин асар ба зоти хеш баробари бар пояи сарчашмаҳои муътамади адабиву илмӣ муқаррар намудани сарнавишт ва ҷуғрофиёи таърихии забони тоҷикӣ ва миллати тоҷик ба тав-ри амиқ собит намуд, ки ин забони ғаноманд дар тўли қарнҳо барои башарият хидмат намуда, ҳамчун забони умумиҷаҳонӣ дар ривоҷу илму адабиёт, фарҳанги умумиинсонӣ нақши муассир гузоштааст. Албатта, шинохти аҳдофи нигориш ва дидгоҳҳои тозаву мутаккӣ бар омўзаҳои таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар асоси ин таълифоти арзишманд хостори як барра-сии ҷудогонаву амиқ аст, вале ба вуҷуд омадани он ҳамчун як китоби пурарзиши илмӣ дар қатори таълифоти дигари Пешвои миллат чун “Тоҷикон дар оинаи таърих”, “Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ”, ва амсоли ин дар навбати аввал таваҷҷўҳи амиқи роҳбари давлати тоҷиконро нисбат ба ташаккули ҳамаҷониба ва татбиқи бисёрҷабҳаи сиёсати забонӣ ва маърифати таърихии сарнавишти он бозтоб мебахшад. Маҳз, чунин муносибат ба яке аз муҳимтарин рукнҳои давлатдории миллӣ – забони давлатӣ аз он башорат мерасонад, ки дар қаламрави Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҳидоят ва раҳнамоиҳои Пешвои миллат сарнавишт ва ҷойгоҳи таъри- хии забони тоҷикӣ дубора ва бо сурати комилан барҷаста ва натиҷаи ибтикороти судманди пуштибони ҳақиқии он- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқарор гардида, ба тахтгоҳи ҳақиқии хеш менишинад.
Дар нашри аввали китоби “Чеҳраҳои мондагор” бошад Пешвои муаззами миллат нақшу мақом ва ҷойгоҳи таърихии 25 тан шахсиятҳои бузурги миллати тоҷикро сар карда аз Куруши Кабир то ба Сотим Улуғзода шарҳу тафсир намуданд, ки бегумон аксари ин бузургони мо аҳли китоб ва соҳиби ин хазинаи бузурги маънавии башарият мебошанд, ки ба василаи корномаҳои ақлонии муҷассам дар китобу осори хеш дар ташаккули тамаддуни ҷаҳонӣ ва андешаи бузурги инсонӣ саҳми муносиб гузоштаанд. Дар нашри дувум ин чеҳраҳо ба 30 нафар расиданд, ки ҳамагӣ шореҳи шинохти симоҳои бузурги миллатро дар оинаи андеша ва афкорри Пешвои миллат ба шумор мераванд.
Дар канори ин бевосита бо дастур ва ҳидояти Пешвои миллат рўи чоп омадани силсилаи осоре аз қабили “Таърихи ҷомеи тоҷикон” дар шаш ҷилд, Фарҳанги дуҷилдаи забони тоҷикӣ, осоре дар силсилаи “Тоҷнома”, ки дар доираи он беш аз 20 ҷилд осори адабиву таърихӣ ва сарчашмаҳои муҳим бевосита дар замина Китобхонаи миллии Тоҷикистон рўи чоп омаданд, “Донишномаи Сомониён” дар се ҷилд, “Донишномаи Рўдакӣ”, дар ду ҷилд, “Донишномаи фарҳанги мардумии тоҷик”, “Донишномаи мухтасари кўдакон ва наврасон” дар як ҷилд, “Энсклопедияи миллии тоҷик” дар шаш ҷилд ва осори мутааддид китоб дар силсилаи “Китобхонаи мактаб” ва садҳо кутуби дигар осори мутааддид аз илму адаби гузаштагон, ки бештарини онҳо бори аввал ба ҳуруфи имрўза чоп шудаанд, ва даҳҳо иқдомоти дигар, аз қабили таҷдиду тармим ва бунёди китобхонаҳои нав, таъсиси дўконҳои китобфурўшӣ дар ҳама манотиқи кишвар аз эҳёи бузургдошти китоб ва суннати китобхонӣ, аз татбиқи муваффақонаи ин ибтикороти густардаи фарҳангӣ паём мерасонанд. Баробари ин, дар доираи барномаҳои эълони соли 2009 ҳамчун соли бузургдошти Имоми Аъзам бо ибтикори Пешвои миллат ба нашр расидани китоби муқаддаси Қуръон бо забони тоҷикӣ ва ба тамоми хонаводаҳои мардуми кишвар дастрас шудани он воқеан ибтикор ва корномаи беназири сарвари давлати мо буд, ки дар амри таҳкими шуури маънавию динӣ, худшиносиву худогоҳӣ нақши муассир гузошт. Баробари ин, дар Паёми солонаи хеш Пешвои миллат дар ин замина ибтикори тозаеро рўи даст гирифтанд, ки он дар идомаи чунин тадбироти муҳиму наҷиб китоби бузург ва ба таъбири худи Пешвои миллат “Сарчашмаи худшиносии миллӣ”-и мардуми тоҷик- “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба ҳар хонадони Тоҷикистон дастрас шуда, соли 2023 дар ҳошияи ин иқдом озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон оинаи таърихи миллат баргузор шуд. Ин ҳадяи маънавӣ воқеан дар сиришту андеша ва тафаккури ҳар фарди ватандўст ва худогоҳи тоҷик таккони ҷиддӣ хоҳад бахшид, зеро барҳақ китоби “Тоҷикон” сарчашмаи бузурги худшиносии миллии тамоми мардуми тоҷик ва тамоми тоҷикони ҷаҳон буда, мутолеаи он метавонад равшангари роҳи худогоҳии мардуми кишвари мо ва чароғафрўзи ҷодаи худшиносӣ ва ҳуввияти миллӣ дар тамоми хонадони мардуми кишвар бошад.
Дар ҷаласаи бузургдошти 115 солагии академик Бобоҷон Ғафуров бошад ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур дода шуд, кп дар идомаи ташаббуси боло “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсӣ ба ҳама хонаводаи Тоҷикистон тақдим карда шавад.
Бо ҳадафи ҷалби густурдаи мардум ба китобхонӣ ва ташаккули маънавиёти ҷомеа сар аз соли 2019 бо ибтикори бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ” эълон гардид. Ҳоло соли шашум аст, ки озмуни мазкур давом дорад. Баргузории озмуни мазкур дар давраҳои мухталифи шаҳриву ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ башорат аз он овард, ки воқеан имрўз дар ҷомеаи Тоҷикистон доираи васеи мардум ба мутолеаи китоб таваҷҷуҳ намуда, новобаста аз синну сол дар амри хондану аз бар намудани осори фаровони адабиву илмӣ ва аз ин роҳ мусоидат дар ташаккули маънавиёт ва тафаккури бадеӣ ва завқи зебоишиносии хеш нақши муассир гузоштанд. Хоса, ширкат ва ҳузури фаъоли кўдакону наврасон дар ин озмун гувоҳ аз он дод, ки насли имрўзи кишвар зербинои кохи муҳташами маънавиёт ва маърифату дониши хешро аз ин имрўз тавассути андўхтаву омўхтаҳои хеш аз осори ниёкону адибони имрўзи кишвар ва ҷаҳон истеҳком бахшида, дар шинохти ҷаҳони муосир бо диду назари нав роҳ мекушоянд. Ҳузури густарда ва фаъоли намояндагони касбу кори гуногун ва наслҳои мухталиф дар озмун бори дигар ҳақиқати ин андешаҳои судманди Пещвои миллатро дар робита ба фарҳанги мутолеа ва китобхониву китобдории тоҷикон дар масири таърих собит намуд, ки барҳақ фармудаанд: “…Халқи мо аз даврони қадим китобро сарчашмаи ақлу хирад, донишу заковат, ахлоқи ҳамида, ва беҳтарин ҳамнишину ҳамроз, омўзгори беминнат, ҳамсуҳбати хушгуфтору беозор мепиндошт. Ва бузургони мо китобро аниси кунҷи танҳоӣ ва фурўғи субҳи доноӣ медонистанд”.
Бар ин асос ва бо натиҷагирӣ аз самараҳои матлуби соли аввали баргузории озмуни мазкур дар Паёми солонаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат дастур доданд, ки “ҳар сол озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ” баргузор гардида, ба он доираи ҳарчи васеътари ҷомеа ҷалб ва ҷиҳати ҳавасмандсозии ғолибон аз мактаб сар карда, то мақомоти маҳалливу марказии ҳокимияти давлатӣ чораҷӯӣ карда шавад”. Ҳамакнун самараҳои шаш соли баргузории озмунро мо ба таври барҷаста мушоҳида мекунем, ки ба тадриҷ фарҳанги китобхонӣ ва китобдорӣ дар кишвари мо рушд мекунад.
Афзун бар ин, ба ҳамаи вазорату идораҳо, ташкилоту муассиса ва мақомот дастур дода шуд, ки барои таъсис додани китобхонаҳо дар ниҳодҳои хеш тадбирҳои амалӣ андешанд. Ҳидоят ва раҳнамоиҳои Пешвои миллат дар ин арса имкон фароҳам оварда истодааст, ки барои таъсисёбии китобхонаҳои соҳавӣ ва умумӣ дар мақомот ва ташкилоту идораҳо иқдомоти шоиста аз сар гирифта шуда, аз ин роҳ барои ҷалби доираи васеи кормандони соҳоти мухталиф, табақаҳои иҷтимоӣ ва афроди синну соли гунонун мусоидат карда шавад.
Қобили таъкид аст, ки қомат афрохтани имороти муҳташами Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки дар айёми Наврўзи соли 2012 ҳамчун маҳсули бузурги корномаҳои Пешвои миллат дар мутобиқат бо меъёрҳои замонавии байналмилалӣ ва бо корбандии усулҳои меъмории шарқӣ ҷараён гирифт, таҷаллии барҷастаи сиёсати фарҳанггустарӣ ва маърифатгароии Пешвои миллат маҳсуб мешавад. Ин тадбири наҷиб имконият фароҳам овард, ки Китобхонаи миллии Тоҷикистон чун нишони бузурги фарҳанги олии китобдории тоҷикон дар асри имрўз таҷассуми равшан пайдо кунад, зеро аз таърих бароямон равшану ҳувайдост, ки ҷойгоҳи китоб ва китобхона дар масири таърих дар андешаву афкор ва пайкорҳои мардуми тоҷик махсус ва хеле муҳим будааст. Гувоҳи равшани ин ҳақиқат мақоми барҷастаи китобхонаи “Савонеҳ ул ҳикмат” дар низоми давлатдории Сомониёни шарафманд ба шумор меравад, ки бешак пояҳои аслии илми китобдориву китобшиносии башариро бунёд ниҳодааст. Тавассути корномаи наҷиби хеш Пешвои муаззами миллат дар амри бунёди Китобхонаи миллии Тоҷикистон, коркарди тарҳу меъмории махсуси он, ки таҷассумгари тасвир ва сурати худи китоб маҳсуб меёбад, бори дигар ин ҳақиқати таърихиро мусаллам намуд, ки Пешвои миллат мақоми таърихии китобхонаро дар фарҳанги тоҷикон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар барқарор намуда, дар амри сууди маънавӣ ва рифъати ҷойгоҳу мақоми китоб саҳми беназир гузоштанд.
Дар пайванд бар чунин маҳсули корсозиҳои Пешвои миллат метавон афзуд, ки солҳои охир таваҷҷуҳи бевосита ба эҳдоси силсилаи коху қасрҳои фарҳангӣ, майдонҳои шукўҳманд бо ҳузури муҷассамаҳои доҳии тоҷикони ҷаҳон- Шоҳ Исмоили Сомонӣ дар аксари шаҳру навоҳии Тоҷикистон низ дар амри ҷалби ҳар чӣ бештари ҷомеа ба маънавиёт, фарҳанг, мутолеаи китобу ривоҷи фарҳанги китобдорӣ нақши бориз мегузорад. Дар фосилаи бештар аз 10 соли охир чунин коху қаср ва майдонҳо дар шаҳру навоҳии Хуҷанд, Ҷаббор Расулов, Зафаробод, Ашт, Айнӣ, Мастоҳ, Спитамен, Шаҳристон, Ҳисор, Хоруғ, Бохтар ва ғайра бунёд гардиданд, ки ҳамагӣ аз вусъати корномаҳои фарҳангсолоранаи Пешвои миллат паём мерасонанд. Зуҳури чунин кохҳои муҳташам пеш аз ҳама ба эҳёи муҳимтари суннатҳои мусиқии классикӣ, падидаҳои фарҳанги миллӣ, таъсиси гурўҳҳои ҳунармандони мардумӣ, инчунин дар ҳудуди онҳо бунёд ёфтани китобхонаҳо, аз ҷумла китобхонаҳои электронӣ роҳи тавсеаи фарҳанги суннатии тоҷикиро дар ҷодаи рушди ҳунар ва фарҳанги китобдориву китобхонӣ ҳамвор намуд. Баробари ин, дар канори ба макони ривоҷи унсурҳои фарҳанги миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, санъату меъморӣ, мусиқии классики табдил ёфтани чунин қасрҳои фарҳангӣ имрўз онҳо ба махзани мутолеи китоб, хазинаҳои ғании китобхонаҳои электронӣ ва дар умум махзани ғанои маънавиёти мардум, хоса наслҳои ҷавони равшанфикр бадал мегардад. Насли имрўзи маърифатпарвари тоҷик бар пояи маҷмўи ин иқдомот ва ташаббускориҳои Пешвои муаззами миллат дар роҳи таблиғи фарҳанги китобдории тоҷикон, ривоҷи суннатҳои оини китобдориву китобшиносӣ, мутолеаи осор ва ташаккули маърифат ва маънавиёти хеш ҳақиқати фармуда ва ҳидоятҳои зерини Пешвои миллатро дар ҷону ҷаҳони хеш кашф хоҳанд кард, ки “ ҳар як фарди бедордил бояд барои ғанӣ гардидани забони модарӣ ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ кӯшиш кунад, ба мутолиаи китоб диққати аввалиндараҷа диҳад ва ҷиҳати баланд бардоштани маърифатнокии худ саъю талош намояд”.
Нуралӣ Нурзод,
доктори илмҳои филологӣ, профессори МДТ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров.
Аз саҳифаи муаллиф дар Фейсбук