Пирмурод Абдуллоев: Дар ҳеч куҷо барои китоб хондан пул намедиҳанд, ки дар мо медиҳанд

Пирмурод АбдуллоевПирмурод Абдуллоев 71 сол дошта, аз ноҳияи Ёвон ба озмуни “Фурӯғи субҳи донӣ китоб аст” омадааст. Ӯ дар номинатсияи адабиёти ҷаҳон ширкат карда, беш аз 100 адабиёт пешниҳод намудаву зиёда аз 5 ҳазор мисраъ шеър аз бар намудааст.

“Боиси хурсандист, ки мо дар чунин даврони орому осоишта зиндагӣ дорем. Тамоми шароиту имконот барои мо муҳайё аст. Замоне, ки мо ҷавон будем, солҳои 80 уми асри гузашта, дар маҳфилу чорабиниҳо ширкат  мекардем. Барои ғолибият ба мо китоб туҳфа мекарданд. Боварнакарданист мо то кадом андоза шод мешудем, зеро беҳтарин тӯҳфа воқеан барои мо китоб буд”- бо эҳсос нақл мекунад ҳамсуҳбати мо.

Ӯ ҳамчунин бо хушнудӣ изҳор дошт, ки иқдоми пешгирифтаи сарвари кишвар дар самти китобхон кардани ҷомеа амри зарурӣ ва саривақтист. “Дар ҳеҷ давру замон ин хел набуд, ки барои китоб хондан пул дода шавад” –мегӯяд Пирмурод Абдуллоев. Барои ҳавасманднамоии ҷомеа ба китобхонӣ ин беҳтарин роҳ аст ва мардум вақте китоб мехонанд, тафакури онҳо рушд мекунад. Вақте тафаккури пешрафта дошта бошем, ба рушди тамоми соҳаҳо хоҳем расид, илова кард ҳамсуҳбати мо.

Ин марди соҳибхирад мегӯяд бештар адабиёти Шарқро дӯст медорам.Адабиёти кишварҳои Эрону Афғонистон,Муғулистон ҳамчунин адабиёти русу қазоқро мутолиа кардаам.

Бояд қайд намоем, ки даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ…” миёни ҳамаи гурӯҳҳои довталабон имрӯз ба итмон  расида, санаи 21 уми ноябр дар назар аст ғолибони ҷойҳои аввали тамоми номинатсияҳо баро дарёфти “Шоҳҷоиза “ миёни ҳам рақобат кунанд.
Ба Пирмурод Абдуллоев ва тамоми довталабони “Фурӯғ…” барору комёбӣ хоҳонем.

Наргис НАЗАРЗОДА,
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.