Пиршавии аҳоли ва паёмадҳои он
Пиршавии аҳолӣ ва оқибатҳои он дар бисёре аз кишварҳои олам масоили ниҳоят изтиробовари иҷтимоиӣ ба ҳисоб меравад. Агар соли 1950 шумораи пиронсолон аз ҳисоби аҳолии ҷаҳон 8%-200 млн-ро ташкил медод, баробар дар байни кишварҳои мутараққӣ ва тараққиёбандаи олам тақсимот шуда буд, то соли 2025 пешбинӣ шудааст, ки шумораи онҳо ба 1,2 млрд мерасад ва 14%-ро ташкил медиҳад, ки 72%-шон дар давлатҳои тараққиёбанда ба сар мебаранд.
Интизор меравад, ки аҳолии кишварҳои тараққиёбанда аз соли 1996 то 2025 ба 79%мерасад (Довудов В.Н.-1998). Аҳолии давлатҳои нисбатан тараққиёфта бошад, то соли 2025 тахминан ба 1,22 млрд нафар расида, баъдан паст гардида, ба 1% назар ба соли 1996 кам мегардад, дар бисёр давлатҳо фавти аҳолӣ кам мешавал.
Пиршавии аҳолӣ масоили иҷтимоии изтиробноки бисёр кишварҳо мебошад (Комаров Ф.И., Анисимов В.Н.- 1998:, Лисисин Ю.П.-1998., Segalin М-1998). Аз даст додани қувваи корӣ, зиёдшавии бемориҳо, косташавии муносибатҳои хешутаборӣ ва иҷтимоӣ, маҳдудшавии амалӣ дар ҳама ҷабҳаҳои ҳаёт, рўзгори мўйсафедонро талх месозад. Чунин тарзи «сифати ҳаёт» на танҳо ба кишварҳои ҳолати иқтисодиашон ақибмонда, балки ба он кишварҳое, ки сиёсати иҷтимоиашон беҳтарин низ, тааллуқ дорад. Аз ин лиҳоз тавонбахшии тиббӣ-иҷтимоии маъюбони сину соли то 60 ва аз он боло муҳокима мешавад. Ба ин гурӯҳи аҳолӣ афзоишёбии зиёди маъюбӣ бо вайроншавии пайвастаи (омехтаи) узвҳои бадан, ки таъмини шаклҳои фаъолияти асосиро доранд, ба назар мерасад.
Аҳамият ба тавсифи сохтори тартиботи мўйсафедони маъюб ба намудҳои асосии тавонбахшии тиббию иҷтимоӣ дода мешавад. Махсус қайд карда шудааст, ки тавонбахшии тиббию иҷтимоии пиронсолони маъюб, бо мақсади барқарорсозии қобилиятҳои вайроншуда ва аздастрафтаи онҳо то дараҷаи зарурии иҷтимоиёт бояд амалӣ гардад.
Соли 1999 аз тарафи Ассамблеяи генералии СММ «Соли байналмилалии пиронсолон» эълон карда шуд, ки ин ибтикори ҷаҳонӣ бо мақсади дастгирии калонсолон як қатор чораҳо андешид. Лекин дар қатори беҳтарсозии таъминоти иҷтимоии мардуми калонсол ё ки одамони синну соли сеюм, он сол мақсадҳои пешқадам дошт: -диққати ҷамъиятро ба ҳолати пиронсолон, баланд бардоштани фаъолияти онҳо ,ташакулли неруи онҳо равона намуд.
Аз китоби “Тавонбахшии беморон ва маъюбон”, Душанбе, 2018.
Ин китобро хоҳишмандон метавонанд дар толори хониши шуъбаи хизматрасонӣ ба ба шахсони имконияташон маҳдуд, воқеъ дар ошёнаи аввали Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.
Таҳияи Ситора Расулова,
мутахассиси шуъбаи хизматрасони
ва шахсони имконияташон маҳдуд.