Порсигӯёги Ҳинду Синд. Ҳайдаруддини Комил
Суҷуди аҳли дилро нақш бар хоки дигар бошад,
Замини пок навбат дар таҳоратхонаи дунё.
**** **** ****
Нақши он холи сиёҳ аз дида берун кай равад,
Охир, эй ҳарфошноён, нуқта аз нун кай равад?
**** **** ****
Пир гаштему ҳамон доғи ту гарм аст ба дил,
Ин на шамъ аст, ки аз субҳ шудан сард шавад.
**** **** ****
АЗ МИРЗО ҒУЛОМАЛИИ МУЪМИН
Никоҳ аст гӯянд дафъулфасод,
Фасод аст акнун сареҳ аз никоҳ.
**** **** ****
Намегӯям, ки дур аз мосиво бош,
Ба ҳар ҷое ки бошӣ, бо Худо бош.
**** **** ****
Дар раҳи ишқ агар дида ба хоб аст, чӣ бок,
Муддао ҳаст дар ин марҳала бедории дил.
АЗ БОЛЧАНДИ ОЗОД:
Хушнигоҳон ҷои мо дар дида холӣ кардаанд,
Гар ба ранги сурма дар зоҳир сияҳбахтем мо.
**** **** ****
Чеҳраат то аз арақрезӣ гуле дар об дошт,
Оби хиҷлат гулшани ҳусни бутон сероб дошт.
Аз тамошои ҷамолаш баски дорад инфиол,
Партави маҳтоб имшаб шӯхии селоб дошт.
То бурун аз хилвати оғӯшам он оинарӯст,
Дил даруни синаам бетобии симоб дошт.
**** **** ****
Мардро сози тараб даст диҳад дар ғурбат,
Ки най аз сайри мақомот наво пайдо кард.
Аз китоби “Порсигӯёни Ҳинду Синд”, ки соли 2020 дар нашриёти “Бебок” чоп шудааст. Муаллифи китоб донишманд ва тазкиранависи кишвари Ҳиндустон Ҳарумал Садорагонӣ буда, китобро олими шинохтаи тоҷик Шарифи Исрофилниё аз форсӣ баргардон кардааст. Барои донишҷӯён, устодон ва ҳамаи касоне, ки мехоҳанд ҳавзаи адабии Ҳиндро бидонанд, адабиёти арзишмандест.
Таҳияи Бибишарифа Содиқзода,
сармутахассиси шуъбаи тарғиб
ва барномаҳои фарҳангӣ.