Порсигӯёни Ҳинду Синд. Абдулваҳҳоби Ошкор
Солҳои 1152-1242 зистааст. Фарзанди Салоҳуддини Форуқӣ, аз бузугтарин урафои рӯзгори худ буд. Шеъраш саропо тасаввуф, ирфон ва раҳнамои соликон аст. Монанди Мавлоно нахостааст, ки дар ашъори худ аз фунуни шеър ба бадоеи сухан истифода кунад ва ағлаби каломи ӯ монанди ашъори Шайх Фаридуддини Аттор дар айни сармастӣ гуфта шудааст ва ба ҳамин ҷиҳат ба лақаби “Сармаст” шуҳрат дорад.
Осори вай иборатанд аз девонаш, муштамил бар шашсад ғазал ва чанд маснавӣ, аз он ҷумла “Ишқнома”, “Гудознома”, “Торнома”, “Дарднома”, “Васлатнома”, “Раҳбарнома” ва “Рознома“. Гоҳе тахаллуси “Худоӣ” низ дар ғазалиёташ дида мешавад.
АЗ ӮСТ:
Ин сухан аз ишқу не аз шоирист,
Кай хасон донанд қадри шеъри мо!
** **
Ҷуз як намегӯем мо, дигар намеҷӯем мо,
Ҳар дафтаре шӯем мо, пурсӣ чӣ аз мо, қозиё
** **
Кард ранҷур туро ёр, магар ғам нахурӣ,
Дар пайи дард яқин дон, ки даво меояд.
** **
Соқиё, ин шароби ангурӣ
Ман нахоҳам, аз ӯст сад дурӣ
Лоязол аст он майи ваҳдат,
Он бинӯшон, раҳам зи маҳҷурӣ
АЗ “РАҲБАРНОМА”: Аз майи Мансур бинӯшидаам,
Хилъате аз ишқ бипӯшидаам.
Аз ҷасаду рӯҳ, ки бигзаштаам,
Аз ману моӣ ҳама тан растаам, *****
Васл ҳамин аст зи худ рафтане,
Ҳаҷр бувад бо худ пайвастане.
Нест чу худро кунӣ, ӯ мешавӣ,
То ту ба худ ҳастӣ, ду мешавӣ.
Бигзар аз ин хеш, худиро бисӯз,
То ба ту гардад ҳама оламафурӯз.
Рӯйи худ аз хеш чу бартофтӣ,
Аз худ растию Худо ёфтӣ. **** Ҳосил аз ин манзил ҷуз дард нест,
Ҳар кӣ дар ӯ дард набуд, мард нест.
Дард бувад раҳбари роҳи Худо,
Шоҳ шавӣ, гарчи ту боши гадо. АЗ “ИШҚНОМА”:
Нест тоқат ақлро, к-он ҷо равад,
Шоҳбози ишқ боло мепарад.
Ақл гӯяд: Тоату тақво бикун,
Ишқ гӯяд: хешро расво бикун.
Ақл гӯяд: Аз маломат дур бош,
Ишқ гӯяд: Мулҳиди машҳур бош.
Ақл гӯяд: Аз бадӣ парҳез кун,
Ишқ гӯяд: Неку бад омез кун.
Ақл гӯяд: Хешро дар буд дон,
Ишқ гӯяд: Ҷумларо нобуд дон.
Ақл гӯяд:Ҷомаи муфтӣ бипӯш,
Ишқ гӯяд: Рӯзу шаб бода бинӯш.
Ақл гӯяд: Дар халоиқ бош пир,
Ишқ гӯяд: Дар муҳаббат шав асир.
Ақл гӯяд: Дар ҷаҳон фарзона шав,
Ишқ гӯяд: Доимо девона шав. Аз китоби “Порсигӯёни Ҳинду Синд”, ки соли 2020 дар нашриёти “Бебок” чоп шудааст. Муаллифи китоб донишманд ва тазкиранависи кишвари Ҳиндустон Ҳарумал Садорагонӣ буда, китобро олими шинохтаи тоҷик Шарифи Исрофилниё аз форсӣ баргардон кардааст. Барои донишҷӯён, устодон ва ҳамаи касоне, ки мехоҳанд ҳавзаи адабии Ҳиндро бидонанд, адабиёти арзишмандест.
Таҳияи Бибишарифа Содиқзода,
сармутахассиси шуъбаи тарғиб
ва барномаҳои фарҳангӣ.