Порсигӯёни Ҳинду Синд. Абулфараҷи Рунӣ
Баъд аз Нукатӣ ба шоири дигаре ба номи Абулфараҷи Рунӣ мутаваффо дар ҳудуди 492 бармехўрем, ки ба ақидаи муаллифи «Лубоб –ул – албоб» ва « Роҳат -ус- судур» ва «Мунтахаб – ут – таворих» ва «Ҳафт иқлим» ва «Миръот – ул- олам» ва «Маҷмаъ – ун- нафоис» ва «Бурҳони қотеъ» ва ғайра, аҳли Рун ва аз Ҳинд буд. Вале Лутфалибеки Озар ўро аз деҳоти дашти Ховарон ва Ризоқулихон аз қурои (қарияи) Нишопур медонанд.
Мусаннифи «Таърихи Фаришта» ва соҳиби «Риёз – уш – шуаро» мавлидашро Систон навиштаанд. Дар аҳди Султон Иброҳим ибни Масъуд ва фарзандонаш Масъуд ибни Иброҳими Ғазнавӣ мезиста ва ҳар дуро ситоиш кардааст.
Вай дар ашъори худ ташбеҳоти фалсафӣ ва илмии зиёд ба кор бурдааст. Забони ширину матин ва каломи муҳкам дорад ва арбоби тазкира, монанди «Лубоб – ул – албоб» ва «Маҷмаъ – ул – фусаҳо» ва «Оташкада» ва ғайра ўро устоди Анварӣ донистаанд. Бештар ба қасидасароӣ ва мадеҳагўйӣ таваҷҷуҳ дошта ва рубоиёти хуби зиёд сурудааст.
Ғазалиёте низ аз ў боқист. Мегўянд девонаш қариб 2200 байт дорад. Баъзе аз шуаро, аз ҷумла Масъуди Саъди Салмон ва Файзӣ ба сабки ў назар доштаанд.
Аз ўст:
То як нафас аз ҳаёт боқист маро,
Дар сар ҳаваси шаробу соқист маро.
Коре, ки ман ихтиёр кардам, ин буд,
Боқӣ ҳама кор иттифоқист маро.
******
Ҳар тир, ки дар ҷаъбаи афлок бувад,
Омоҷгаҳаш ин дили ғамнок бувад.
То чарх чунин золиму бебок бувад,
Осудаву хуш касе, ки дар хок бувад.
******
Ҷашни фархундаи фарвардин аст,
Рўзи бозори гулу насрин аст.
Об чун оташ удафрўз аст.
Бод чун хок абирогин аст.
Боғ пероста гулзори биҳишт,
Гулбун ороста ҳурулъин аст.
Бурҷи Савр аст магар шохи суман,
Ки гулашро шабаҳи Парвин аст.
Аз китоби “Порсигӯёни Ҳинду Синд”, ки соли 2020 дар нашриёти “Бебок” чоп шудааст. Муаллифи китоб донишманд ва тазкиранависи кишвари Ҳиндустон Ҳарумал Садорагонӣ буда, китобро олими шинохтаи тоҷик Шарифи Исрофилниё аз форсӣ баргардон кардааст. Он бо қарори ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп шуда, барои донишҷӯён, устодон ва ҳамаи касоне, ки мехоҳанд ҳавзаи адабии Ҳиндро бидонанд, адабиёти арзишмандест.
Саодат Набиева,
корманди шуъбаи
адабиёт доир ба фарҳанг
ва ҳунар рӯнавис кард.