Порсигӯёни Ҳинду Синд. Абӯтолиб Калими Кошонӣ

Порсигӯёни Ҳинду СиндМутаваффо ба соли 1041 ҳиҷрӣ, маликушшуарои дарбори Шоҳҷаҳон аз устодони баландмақоми сабки ҳиндист, ки дар тамсилу мазмунофаринӣ ва хаёлбандӣ маҳорати хосе дошт. Муҳаммадтоҳири Насрободӣ ӯро “Халқулмаонии сонӣ ” хондааст.

Девонаш дар ҳудуди бисту чаҳор ҳазор байт муҳтавии қасидаву ғазал ва қитъаоту маснавӣ ва рубоист, вале ҳунари аслии ӯ ғазалсароӣ ва муфрадоти нағзу дилкашу пурмаънист. Манзумае ба номи “Шоҳнома” ба забони сода навиштааст, ки арзишу аҳамияти таърихӣ дорад. Каламоти ҳиндӣ дар шеъри ӯ бисёр дида мешавад.

АЗ ӮСТ:

Зи шавқи Ҳинд з-ин сон чашми ҳасрат бар қафо дорам,

Ки рӯ ҳам гар ба роҳ орам, намебинам муқобилро.

Асири Ҳиндаму з-ин рафтани беҷо пушаймонам,

Куҷо хоҳад расидан парфишонӣ мурғи бисмилро?

Ба Эрон меравад нолон, Калим аз шавқи ҳамроҳон,

Ба пойи дигарон ҳамчун ҷарас тай карда манзилро.

*****     ******    *****

Ду дастам ҳар ду дар банд аст дар зулфу лаби соқӣ,

Надонам, гар бигирам ҷом, бигзорам кадоминро.

*****     ******    *****

Мо зи оғозу зи анҷоми ҷаҳон бехабарем,

Аввалу охири ин кӯҳнакитоб афтодаст.

Шукри чашми ту кунад муҳтасиби шаҳр к-аз он,

Ҳар куҷо майкадае ҳаст, хароб афтодаст.

*****     ******    *****

Мешавад аввал ситамгар куштаи бедоди хеш,

Сел доим бар сари худ хона вайрон кардааст.

*****     ******    *****

Диле огоҳ мебояд вагарна,

Гадо як лаҳза бе номи Худо нест.

*****     ******    *****

Номаеро мебарӣ, қосид, забонӣ ҳам бигӯ,

Хома шуд фарсуда, в-арна шиква поёне надошт.

*****     ******    *****

Шароби куҳна менӯшам, ба базми ӯ чу биншинам,

Ба ман то навбат ояд, духтари раз пир мегардад.

*****     ******    *****

Ҷафо макун, ки мукофоти гиряи булбул,

Амон надод, ки гул хандаро тамом кунад.

Афтодаро ба чашми ҳақорат мабин, ки хок,

Чун сар кашад, ғубори дили осмон шавад.

Аз китоби “Порсигӯёни Ҳинду Синд”, ки соли  2020 дар нашриёти “Бебок” чоп шудааст. Муаллифи китоб донишманд ва тазкиранависи кишвари Ҳиндустон Ҳарумал Садорагонӣ буда, китобро олими шинохтаи тоҷик Шарифи Исрофилниё аз форсӣ баргардон кардааст. Барои донишҷӯён, устодон ва ҳамаи касоне, ки мехоҳанд ҳавзаи адабии Ҳиндро бидонанд, адабиёти арзишмандест.

Таҳияи Манижа Ибрагимова,
шуъбаи тарғиб ва
чорабиниҳои фарҳангӣ.