Порсигӯёни Ҳинду Синд (Идома)
Бо инқирози дудмони бараҳманон ва пас аз истиқрори араб (92 ҳиҷрӣ) табъан забони фотеҳин ба тадриҷ дар Синд ривоҷ ёфт, вале чӣ гуна ва дар чӣ таърих забони форсӣ ҷойнишини забони арабӣ гардидааст, ҳанӯз бар мо равшан нест. Баъзе аз нависандагон мӯътақиданд, забони форсӣ бо сипоҳони араб ба Синд омад зеро қисмати умдаи сипоҳи Муҳаммад ибни Қосим, ки дар Шероз фароҳам омад, аз ҷангҷӯёни форсӣ фароҳам омада буд.
Бархе дигар бар ин ақидаанд,ки забони форсӣ дар авосити садаи севуми ҳиҷрӣ дар Синд интишор ёфт, зеро Яъқуб ибни Лайс, ки дар он ҳангом дар Синд султа ва нуфузе дошт, забони арабиро намедонист ва дар ишоъаи (панҳ кардани) забон ва адаби форсӣ таасуби шадиде дошт. Бино ба навиштаи ду ҷуғрофидони машҳури араби қарни чаҳоруми ҳиҷрӣ Ибни Ҳавқал ва Мақдисӣ, мардуми Синд дар он рӯзгор ба забонҳои арабӣ ва модарӣ такаллум мекарданд. Бино бар эҳтимоли қавӣ, забони форсӣ дар замони ҳукумати Ғазнавиён, ки Лоҳур маркази муҳимми имперотурӣ буда ва забони форсӣ ҳам дар он ҷо ривоҷ дошта, ба Синд роҳ ёфтааст. Ба ҳар ҳол,чун мадраки таърихӣ дар даст нест, наметавон ба таври қатъӣ дар ин бора изҳори назар кард. Ҳатто дар даврае, ки қисмате аз Синд таҳти ҳукмфармоии Носируддини Коҷҷор буд (дар соли 625 ҳиҷрӣ дар об ғарқ шуд) ва ё ҳангоме ки Синд аз тарафи Алоуддини Халҷӣ (695-715 ҳиҷрӣ) мавриди ҳамла қарор гирифт,ҳеҷ гуна иттилооти саҳеҳе дар бораи чигунагии забону адаби форсӣ дар даст надорем.
Мо фақат дар таърих бо номи ду шоири хориҷӣ бармехӯрем, ки дар қарни ҳафтуми ҳиҷрӣ (13 мелодӣ) ба Синд омадаанд ва дар он ҷо иқомат гузидаанд. Яке аз онон Алӣ ибни Ҳомиди Кӯфист, ки қадимтарин таърихи мавҷуди Синд, яъне “Минҳоҷуддин ва-л-мулк”-ро ба форсӣ тарҷума кард (613 ҳиҷрӣ ) ва номи онро “Чучнома” гузошт. Дар ин китоб Алӣ бархе аз ашъори худро оварда,ки бештар дар мадҳи Насируддин Кубоҷа сурудааст. Вай зоҳиран пешоҳанги шоирони форсизабон дар Синд аст.
Аз ӯст:
Хусраво,мулк бар ту хуррам бод,
Кулли гетӣ туро мусаллам бод!
Аз ту ободи зулм вайрон шуд,
Ба ту бунёди адл муҳкам шуд!
Хутба таъзим ёфт аз номат,
Ҳамчунин солу маҳ муаззам бод!
В-он чи дар мулки Ҷам набуд, туро
Ҳама зери нигин мухаттам бод!
Чатри маймуни ҳиммати олит
Соядори сипеҳри аъзам бод!
Ҳар диле, к-аз ту ҳоли исён аст,
Ҳама кораш чу зулф дарҳам бод!
То каму беш дар шумор ояд,
Дӯстат бешу душманат кам бод!
Ба яминат чу мулк дод ясор,
Дар ясори ту ҳотами Ҷам бод!
Шоири дигар Усмони Марвандист (марг 673 ҳиҷрӣ), ки ба номи Лаъли Қаландар шуҳрат дорад. Вай марди донишманд, дарвешмаслак буд ва ашъораш бештар ҷанбаи ирфонӣ дорад.
Намунае аз ашъораш:
Расидам ман ба дарёе,ки мавҷаш одамихор аст,
На киштӣ андар он дарё, на маллоҳе, аҷаб кор аст!
Шариат киштие бошад,тариқат бодбони ӯ,
Ҳақиқат лангаре бошад,ки роҳи фақр душвор аст.
Чу обаш ҷумла хун дидам,битарсидам аз ин дарё,
Ба дил гуфтам: Чаро тарсӣ, гузар бояд, ки ночор аст.
Нидо аз Ҳақ чунин омад: Магар тарсӣ зи ҷони худ?
Ҳазорон ҷони муштоқон дар ин дарё нигунсор аст.
Аё Усмони Марвандӣ, сухан бо пардадорӣ гӯ,
Наёбӣ дар ҷаҳон ёре, ки он ҷо пур зи ағёр аст.
Шаҳбози ломаконам,ман дар макон нагунҷам,
Анқои бенишонам,ман дар нишон нагунҷам.
Зи ишқи дӯст ҳар соат даруни нор мерақсам,
Гаҳе бар хок меғалтам,гаҳе бар хор мерақсам.
Шудам бадном дар ишқат,биё,эй порсо,акнун
Наметарсам зи расвоӣ, ба ҳар бозор мерақсам.
Биё,эй мутриби маҷлис, самоъу завқро дардеҳ,
Ки ман аз шодии васлаш қаландарвор мерақсам.
Манам Усмони Марвандӣ, ки ёри Хоҷа Мансурам,
Маломат мекунад халқею ман бар дор мерақсам.
Аз китоби “Порсигӯёни Ҳинду Синд”, ки соли 2020 дар нашриёти “Бебок” чоп шудааст. Муаллифи китоб донишманд ва тазкиранависи кишвари Ҳиндустон Ҳарумал Садорагонӣ буда, китобро олими шинохтаи тоҷик Шарифи Исрофилниё аз форсӣ баргардон кардааст. Он бо қарори ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп шуда, барои донишҷӯён, устодон ва ҳамаи касоне, ки мехоҳанд ҳавзаи адабии Ҳиндро бидонанд, адабиёти арзишмандест.
Таҳияи Манижа Ибрагимова,
шуъбаи тарғиб ва чорабиниҳои фарҳангӣ.