Порсигӯёни Ҳинду Синд. Лолаи Амонатрой ва Сарӣ Богут
Ин чанд байт аз ҳиндуе ба номи Лолаи Амонатрой, ки “Амонат” тахаллус доштааст:
Ростбозонро ғаме аз инқилоби даҳр нест,
Дар нигини ҳарфи алиф аз ростӣ вожун нашуд.
**** **** *****
Мавсисми абру ҳаво бодафурӯш аст имрӯз,
Ҳар кӣ аз худ биравад, соҳиби ҳуш аст имрӯз.
Чашм ҳар ҷо ки фитад, нест ба ҷуз олами об,
Ҳар раги абр чу фаввора ба ҷӯш аст имрӯз.
Гиря чун чашми ман аз баски кунад абри баҳор,
Сели тӯфони қиёмат ба хурӯш аст имрӯз.
Ҳамчу абри сияҳ ором надорад ҳаргиз,
Ҳар кӣ чун зулфи бутон хонабадӯш аст имрӯз.
Ғулғули абр, Амонат, хабар аз васли касест,
Гӯш кун, гӯш, ки аз ғайб суруш аст имрӯз.
АЗ САРӢ БОҒУТ:
Ба номи он, ки ҷонони ҷаҳон аст,
Чу ҷон аз дидаи мардум ниҳон аст.
Набошад ҳеҷ ҷо холӣ зи нураш,
Ҷаҳон оинаи ҳусни зуҳураш.
Муҳити зоти ӯро қатра дарёст,
Ки мавҷаш манбаи асмову ашёст.
Дили гулшан ба ӯ рангин зи хун аст,
Зи шӯраш дар дили саҳро ҷунун аст.
Ба олам аз фурӯғи ҳусни ҷовид,
Кунад ҳар зарраро ӯ рашки хуршед.
Зи нури ӯ чароғи меҳр равшан,
Шафақ аз боғи ҳуснаш гулбадоман.
Замин гарди ғубори лашкари ӯст,
Фалакҳо соябонҳои дари ӯст.
Ба кас мафҳум навбат кунҳи зоташ,
Аён дар ҷилва найранги сифоташ.
Аз ӯ осори аркон аст бунёд,
Аз ӯ шуд иттифоқи ҷумла аздод.
Бувад дар ҷумла мавҷудот мавҷуд,
Ба сурат абду дар маънист маъбуд.
**** ***** *****
Зи ваҳдат сӯйи касрат кард оҳанг,
Баромад чун гули раъно ба сад ранг.
Ба ҳасби хоҳиши он зоти якто,
Нахустин шуд се шакли хос пайдо.
Бараҳмо, к-андар ин гулзори дунё,
Шуд аз нилуфарӣ гул ҷилвафармо.
Ки бошад бонии бунёди олам,
Сабаб ӯ шуд пайи бунёди олам.
Дигар он ҷавҳари ақрозу имкон,
Ба шакли башн шуд қувватдиҳи ҷон.
Севум рӯ он ки ҳамчун барқи бебок,
Бисӯзад хирмани ҳастӣ чу хошок.
Инони ихтиёри буду нобуд,
Бувад дар дастшон пайваста мавҷуд.
Ба зоҳир гарчи дар гуфтан ҷудоянд,
Ба зоти хештан инҳо Худоянд.
Аз китоби “Порсигӯёни Ҳинду Синд”, ки соли 2020 дар нашриёти “Бебок” чоп шудааст. Муаллифи китоб донишманд ва тазкиранависи кишвари Ҳиндустон Ҳарумал Садорагонӣ буда, китобро олими шинохтаи тоҷик Шарифи Исрофилниё аз форсӣ баргардон кардааст. Барои донишҷӯён, устодон ва ҳамаи касоне, ки мехоҳанд ҳавзаи адабии Ҳиндро бидонанд, адабиёти арзишмандест.
Таҳияи Бибишарифа Содиқзода,
сармутахассиси шуъбаи тарғиб
ва барномаҳои фарҳангӣ.