Порсигӯёни Ҳинду Синд. Масъуди Саъди Салмон

Масъуди Саъди Салмон(Муставаффо баъд аз 514 ҳиҷрӣ) Аббан ва ҷаддан ҳамадонӣ буд, вале арбоби тазкира дар бораи зодбумаш ихтилоф доранд.  Бино ба гуфтаи Авфӣ, дар Ҳамадон ба дуньё омада, Давлатшоҳ мавлидашро Ҷурҷон медонад. Волаи Доғистонӣ гўяд, ки аслаш аз Ҳамадон аст, вале муддатҳо дар Лоҳур ба сар бурдааст. Ғуломалии Озод вайро дар аҳли Лоҳур медонад. Фурўзонфар дар «Сухан ва суханварон» зодгоҳашро  Лоҳур навиштааст.

Ашъораш  мутаассир аз сурудаҳои Унсурию Манучеҳрӣ ва Носири Хусраву Фаррухист.

Се девон (форсӣ ва арабӣ ва ҳиндӣ) ба вай нисбат додаанд. Қасоидаш, ки ағлаб дар  мадҳи салотини  ғазнавист, содаву равон аст ва чунин  менамояд, ки ба фалсафа ва риёзиёт ошно будааст.

Дар ашъораш бархе калимоти ҳиндӣ дида мешавад. Камолуддин Исмоил, Муиззӣ ва Заҳириддини Нишобурӣ аз сабкаш таклид кардаанд. Саноӣ ўро дар шеър «пешвои кайҳон»  ва Рашидӣ «тоҷи шоирон» хондааст.

Чанд бор дар чанд ҳисор зиндонӣ шуд. Ва ҳабсиёташ  ҳам аз лиҳози сўз ва эҳсосоту ҳусни маонӣ ва ҳам аз лиҳози лутфи алфоз ва салосату ташбеҳоти табиӣ беназиранд ва аҳаммияти хоссе доранд.

Ашори форсияшро бархе ҳаҷдаҳ ҳазор байт донистаанд. Фурўзонфар маснавиҳояшро мутавассит шумурда ва гуфта : «агар намесохт, беҳтар буд».

Девони форсиаш қариб ба 18000 байт дониста шудааст ва ғайр аз қасоид ғазалиёту рубоиёт ва маснавиёт низ дорад.

Аз ўст:

Торе аз мўйи ман сапед набуд,

Чун ба зиндон маро фалак биншонд,

Мондам андар балову ғам чандон,

Ки яке мўйи ман сиёҳ намонд.

**********

Солҳо будаам, чунонки бувад.

Баччаи ширхор бе модар.

*********

То наёбӣ муроди хеш, бикўш,

То насозад замона бо ту, бисоз.

*********

Бо ҳиммати боз бошу бо кибри паланг,

Зебо ба гаҳи шикору пирўз ба ҷанг,

Кам кун бари андалебу товус диранг,

К-он ҷо ҳама овоз аст, ин ҷо ҳама ранг.

Аз китоби “Порсигӯёни Ҳинду Синд”, ки соли  2020 дар нашриёти “Бебок” чоп шудааст. Муаллифи китоб донишманд ва тазкиранависи кишвари Ҳиндустон Ҳарумал Садорагонӣ буда, китобро олими шинохтаи тоҷик Шарифи Исрофилниё аз форсӣ баргардон кардааст. Он бо қарори ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп шуда, барои донишҷӯён, устодон ва ҳамаи касоне, ки мехоҳанд ҳавзаи адабии Ҳиндро бидонанд, адабиёти арзишмандест.

Саодат Набиева, корманди шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар рӯнавис кард.