Порсигӯёни Ҳинду Синд. Мир Насирхон писари Мир Муродалихон,мутахаллис ба “Ҷаъфарӣ”

 

Мутаваффо ба 1261 ҳиҷрӣ, монанди ду шоҳзода ва шоири бадбахти дигари Ҳинд мавсум ба Баҳодуршоҳи Деҳлавӣ ва Воҷидалишоҳи Лакҳнавист, ки чанд сол баъд аз шикаст аз тарафи давлати Ингилис табъид шуд ва  дур аз ватан ҷаҳонро падруд гуфт.

Ба қавли доктор Ҷеймз Бернар, вай девони ғазалиётро пеш аз биступанҷсолагӣ ба итмом расонид. Ғайр аз ин девон, “Мухторнома”-е ба захомати “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ва достони ишқии “Мирзо Соҳибон” ва як “Сафарнома”, шомили ду маснавӣ (ҳафтоду панҷ ва дувисту як байт), ки дар он вазъ ва аҳволи зиндагии зиндонии худро баён кардааст, низ дорад.

Шеъраш сода ва равону ғамолуд аст.

АЗ ӮСТ:

Он кас, ки дилором ба бар дошта бошад,

Аз дарди ҷудоӣ чӣ хабар дошта бошад?

—-

Аз хуни дили ошиқи бечораи ҷонсӯз,

Бар дасти дилором ҳино шуд, чӣ баҷо шуд.

—-

Субҳ шуд, субҳ, ки асбоби таманно бахшанд:

Май ба ман, ханда ба гул, гиря ба мино бахшанд.

Ҳама зарроти ҷаҳон ҷумла зи якрангии ӯст,

Чӣ тамошост, агар дидаи бино бахшанд.

—-

Эй Ҷаъфарӣ, манол зи ҷавру ҷафои даҳр,

Кор аз Худо бихоҳу бигӯ бар набӣ дуруд.

Аз китоби “Порсигӯёни Ҳинду Синд”, ки соли  2020 дар нашриёти “Бебок” чоп шудааст. Муаллифи китоб донишманд ва тазкиранависи кишвари Ҳиндустон Ҳарумал Садорагонӣ буда, китобро олими шинохтаи тоҷик Шарифи Исрофилниё аз форсӣ баргардон кардааст. Барои донишҷӯён, устодон ва ҳамаи касоне, ки мехоҳанд ҳавзаи адабии Ҳиндро бидонанд, адабиёти арзишмандест.

Таҳияи Бибишарифа Содиқзода, 

сармутахассиси шуъбаи тарғиб 

ва барномаҳои фарҳангӣ.

Теги: чорабиниҳои фарҳангӣ