Порсигӯёни Ҳинду Синд. Мирзо Абдулқодири Бедил
Мутаваффо ба соли 1133 ҳиҷрӣ, марди равшанфикр буд ва табъи тавоно дошт. Ҳар гуна сухан гуфта ва “Кулиёт”-аш болиғ ба сад ҳазор байт аст. Ба қавли доктор Ризозода Шафақ, “дар ғазали ирфонӣ ва ашъори завқӣ ва маснавӣ устодӣ ба кор бурда ва беҳтарин намунаи сабки ҳиндиро нишон додааст”.
Волаи Доғистонӣ менависад: “Ҳарчанд аксари ашъораш мувофиқи маҳовараи фусаҳои (фасеҳон) Аҷам нест ва таркибҳои ғариб дар забони форсӣ ихтироъ намуда, аммо шеърҳои баланду барҷаста бисёр дорад. Қасоиду қитаоту маснавӣ дар камоли балоғату муносибат дар салки назм кашида.”
Озодона зиндагӣ мекард ва як байт мадҳ ҳам дар ашъораш дида намешавад. Мирзоро баҳри комил марғуб афтода, бештар дар ин баҳр шиноварӣ мекардааст.
НАМУНАИ АШЪОРАШ:
Илоҷи захми дил аз гиря кай мумкин бувад, Бедил,
Ба шабнам бахя натвон кард чоки домани гулро.
**** ***** *****
Ёр дар оғӯшу сайри Каъбаву дайр орзуст,
То куҷо рафтаст аз худ шавқи бепарвои мо.
**** ***** *****
Ғафлат асбоби норасоиҳост,
Дасти хобидагон ба зери сар аст.
**** ***** *****
Ба чашми баста хаёли ҳузури Ҳақ бастан
Ишоратест, ки ин ҷойгоҳи бино нест.
**** ***** *****
Дигар паёми мо бари ҷонон ки мебарад?
Ашке, ки доштем, зи мижгон чакиду рафт.
**** ***** *****
Ҳар чӣ ин ҷост, чу он ҷо расӣ, ин ҷо гардад,
Чӣ хаёлест, ки имрӯзи ту фардо гардад.
**** ***** *****
Раво дорад чаро бар духтари раз нанги расвоӣ,
Гар аз инсоф пурсӣ, муҳтасиб ҳам духтаре дорад.
**** ***** *****
Баъзе ба таманнои зару мол хушанд,
Бархе ба тамошои хату мол хушанд.
Бедил ҳамаро ба ҳоли бад мебинад,
Хуш ҳоли касоне, ки ба ҳар ҳол хушанд.
**** ***** *****
Ман намегӯям, зиён кун ё ба фикри суд бош,
Эй зи фурсат бехабар, дар ҳар чӣ бошӣ, зуд бош!
**** ***** *****
Дунё агар диҳанд, нахезам зи ҷойи хеш,
Ман бастаам ҳинои қаноат ба пойи хеш.
Аз китоби “Порсигӯёни Ҳинду Синд”, ки соли 2020 дар нашриёти “Бебок” чоп шудааст. Муаллифи китоб донишманд ва тазкиранависи кишвари Ҳиндустон Ҳарумал Садорагонӣ буда, китобро олими шинохтаи тоҷик Шарифи Исрофилниё аз форсӣ баргардон кардааст. Барои донишҷӯён, устодон ва ҳамаи касоне, ки мехоҳанд ҳавзаи адабии Ҳиндро бидонанд, адабиёти арзишмандест.
Таҳияи Бибишарифа Содиқзода,
шуъбаи тарғиб ва чорабиниҳои фарҳангӣ.