Порсигӯёни Ҳинду Синд. Мирзо Муҳаммадафазал мутахаллис ба “Сархуш”

КнигаМутаваффо дар соли 1124 ҳиҷрӣ, шогирди Мирзо Муҳаммадалии Ҳоҳур (1089 м.), аз ёрони шайх Носиралии Сарҳандӣ буд. Хӯшгӯ дар тазкираи худ менависад, ки “Куллиёт”-и Сархуш дар ҳудуди чилу панҷ ҳазор байт аст.

Ба қавли муаллифи “Гули раъно”, Сархуш ду девон тартиб дода, яке шеъри қадим ва дигар шеъри ҷадид муштамил бар қасоиду ғазалиёту рубоиёт ва ғайра. Чанд маснавӣ ҳам дорад, аз он ҷумла маснавии “Нур ало нур” дар тақлиди “Маснавӣ”-и Мавлавӣ. Маснавии “Ҳусну ишқ” муштамил бар достони Сусӣ ва Пунун. “Соқинома”,маснавии “Қазову қадар”, маснавӣ дар таърифи хасхона, маснавӣ дар баъзе хусусиёти Ҳиндустон ва ҷангномаи Муҳаммад Аъзамшоҳ. Дар бадеҳагӯӣ маҳорати хосе дошт. “Рубоиёти ӯ хеле маънии тоза дорад ва бисёр орифона гуфта”.

АЗ ӮСТ:

Ба торикӣ касе гумгашта чизеро намеёбад,
Абас дар сояи боли ҳумо ҷӯйи саодатро.

****    *****     *****

Куҷо фақир ба дил ҷо диҳад тавонгарро,

Замин фурӯ набарад ҳамчу қатра гавҳарро.

****    *****     *****

Аз хӯшаи ангур аён шуд, ки дар ин боғ,

Шерозаи ҷамъияти дилҳо раги ток аст.

****    *****     *****

Муҳол аст ин, ки баъд аз марг ҳам даст аз ту бардорам,

Ки чун ман хок гардам, гарди домони ту хоҳам шуд.

****    *****     *****

Пур аз гиреҳ ҳама сарриштаи ҷаҳон дидам,

Чунон ки дар шаби аввал изорбанди арӯс.

Аз китоби “Порсигӯёни Ҳинду Синд”, ки соли  2020 дар нашриёти “Бебок” чоп шудааст. Муаллифи китоб донишманд ва тазкиранависи кишвари Ҳиндустон Ҳарумал Садорагонӣ буда, китобро олими шинохтаи тоҷик Шарифи Исрофилниё аз форсӣ баргардон кардааст. Барои донишҷӯён, устодон ва ҳамаи касоне, ки мехоҳанд ҳавзаи адабии Ҳиндро бидонанд, адабиёти арзишмандест.

Таҳияи Манижа Ибрагимова,
шуъбаи тарғиб ва чорабиниҳои фарҳангӣ.