Порсигӯёни Ҳинду Синд. Муҳаммадмуҳсин ибни Нурмуҳаммад ибни Иброҳим ибни Яъқуб

Мутаваффо ба соли 1163 ҳиҷрӣ, аз бузургтарин шуарои муосири Татта, гаҳвораи улум буд, ки  аз сӯҳбати наввоб Лутфалихони Ҳиммат  мутаваффо ба соли 1144 ҳиҷрӣ, ҳокими Синд ва Мирмуқбили Исфаҳонӣ истифода бисёр кард.  Ба гуфтаи Мир Алишер , “Қонеъ дар Татта бад-ин камолияти шоирӣ дар латофати сухан ва малоҳати калом барнахост”.

Аз ашъори Ҳофизи Шерозӣ ва Мирзоҷалоли Асир мутаваффо ба соли 1049 ҳиҷрӣ, мутаасир буд ва марсияҳое ба тарзи тарҷеъбанди Муҳташами Кошонӣ дошт. “Куллиёт”-и ашъораш иборат аз  девони ғазалиёт, қасоид, рубоиёт, қитаот, таърих ва чанд маснавӣ аз он ҷумла “Иқди дувоздаҳгавҳар”- дар мадҳи аимма “Тарози дониш”- дар ситоиши таваллуди Имом Маҳдӣ, “Аъломи мотам” машҳур ба “Ҳамлаи Ҳусайнӣ” дар ҳудуди даҳ ҳазор байт ва “Маҳаки камол”, “Мунтахаб”-е шомили сездаҳ ҳазор байт аз ғазалиёти шуарои гузаштаву муосир ва ҳафтсад ё ҳаштсад  байт асари худи шоир.

Аз ӯст:

Дилҳо ба ранги ғунча зи андӯҳ хун шавад,

Гар булбулам зи дард кашад дар қафас садо.

*****    *****    *****

Гар мутеи Ҳақ шавад кас, оламаш гардад мутеъ,

Саҷда охир сурати меҳроб месозад маро.

*****    *****    *****

Марди сурат чу ба маънӣ бирасад мемирад,

Зинда кай дид касе моҳии тасвир дар об?!

*****    *****    *****

Шамъи акси қомати ӯ гар шавад равшан дар об,

Моҳиён гарданд чун парвонагон парзан дар об.

*****    *****    ***** 

Чӣ сон бар дил кашам нақши даҳонаш,

Ки ҷо бар нуқтаи мавҳум танг аст.

*****    *****    *****

Холи мушкин бар лаби ширини ёр афтодааст,

Аз ғарибӣ Ҳиндуе дар Қандаҳор афтодааст.

*****    *****    *****

Аз китоби “Порсигӯёни Ҳинду Синд”, ки соли  2020 дар нашриёти “Бебок” чоп шудааст. Муаллифи китоб донишманд ва тазкиранависи кишвари Ҳиндустон Ҳарумал Садорагонӣ буда, китобро олими шинохтаи тоҷик Шарифи Исрофилниё аз форсӣ баргардон кардааст. Барои донишҷӯён, устодон ва ҳамаи касоне, ки мехоҳанд ҳавзаи адабии Ҳиндро бидонанд, адабиёти арзишмандест.

Таҳияи Манижа Иброҳимова,

шуъбаи тарғиб ва
чорабиниҳои фарҳангӣ