Порсигӯёни Ҳинду Синд. Муҳаммудмуҳсини Кашмирӣ-“Фонӣ”

Куллиёти Фонӣ иборат аст аз чаҳор маснавӣ, панҷ қасида, яксаду шаст рубоӣ, ва маҷмӯаи адабиёташ беш аз панҷ ҳазор байт дорад.

АЗ ӮСТ:

Дидан ба чашми дил ҳама олам чи мушкил аст,

Оинае, ки дошт Сикандар, ҳамин дил аст.

*****   *****    *****

Мо худ аз заъф ба кӯяш натавонем расид,

Ёди мо гар накунад кас, зи фаромушӣ нест.

*****   *****    *****

Ҳама бурданд орзу дар хок,

Хок дигар чӣ орзу дорад?

Осмон аз барои аҳли замин,

Шарбати марг дар сабу дорад.

*****   *****    *****

Аз китоби “Порсигӯёни Ҳинду Синд”, ки соли  2020 дар нашриёти “Бебок” чоп шудааст. Муаллифи китоб донишманд ва тазкиранависи кишвари Ҳиндустон Ҳарумал Садорагонӣ буда, китобро олими шинохтаи тоҷик Шарифи Исрофилниё аз форсӣ баргардон кардааст. Барои донишҷӯён, устодон ва ҳамаи касоне, ки мехоҳанд ҳавзаи адабии Ҳиндро бидонанд, адабиёти арзишмандест.

Таҳияи Манижа Ибрагимова,
шуъбаи тарғиб ва
чорабиниҳои фарҳангӣ.