Порсигӯёни Ҳинду Синд. Мулло  Муҳаммадкарими  Панҷобӣ  Мутахаллис ба “Ғанимат”

Порсигӯёни Ҳинду СиндМутаваффо ба соли 1107 ҳиҷрӣ, муфтизодаи қасабаи Кунҷоҳ аз мутаалиқоти Гуҷаротшоҳи Давло буд. Девони мухтасаре шомили ғазалиёти ишқӣ ва сӯфиёна дорад. Маснавии “Найранги ишқ” ё “Азизу Шоҳид”, ки саропо ташбеҳу истиорот аст, гӯёи маъниофаринӣ ва хаёлбандии ӯст.

Ба қавли Сайид Муҳаммадсиддиқи Ҳасанхон, “дар чустии иборат ва назокати ишорат фоиқ бар маснавиёти шуарои номдор аст”. Муаллифи “Куллиёти шуаро” чӣ хуш гуфтааст, ки “аз хокиёни Ҳинд “Ғанимат” буда”

АЗ ӮСТ:

Даст шустан зи улфати кавнайн,

Ҳам вузӯ гашту ҳам дугонаи мо.

***   ***   ***

Тоқати бархостан чун гарди намнокам намонд,

Халқ медонад, ки май хурдасту маст афтодааст.

***   ***   ***

Кадом манзили мақсуд буд мадди назар,

Ки ғайр азми сафар карду ҳуши ман мерафт.

***   ***   ***

Меравам сӯяш, валекин дар пайи кори худам,

Хоки кӯйи ёр меҷӯям, талабгори худам.

Ташнаи базми муҳаббат бехудиҳо будааст,

То тиҳӣ гардидаам, чун ҷом саршори худам.

***   ***   ***

Зи ранги кавкаби толеъ надорам огоҳӣ,

Назар ба чашми сиёҳе, ки доштам, дорам.

***   ***   ***

Зи қатли беқаророн ончунонаш шод мебинам,

Ки пиндорӣ, Ғанимат, кимиёгар кушта симобе.

***   ***   ***

Аз китоби “Порсигӯёни Ҳинду Синд”, ки соли  2020 дар нашриёти “Бебок” чоп шудааст. Муаллифи китоб донишманд ва тазкиранависи кишвари Ҳиндустон Ҳарумал Садорагонӣ буда, китобро олими шинохтаи тоҷик Шарифи Исрофилниё аз форсӣ баргардон кардааст. Барои донишҷӯён, устодон ва ҳамаи касоне, ки мехоҳанд ҳавзаи адабии Ҳиндро бидонанд, адабиёти арзишмандест.

Таҳияи Манижа Ибрагимова,
шуъбаи тарғиб ва
чорабиниҳои фарҳангӣ.