Порсигӯёни Ҳинду Синд. Мулло Муҳаммадтоҳири Ғанӣ
Мутавафо ба соли 1709 ҳиҷрӣ, шогирди Мулло Муҳаммадмуҳсини Фонӣ буд (марг 1082 ҳиҷрӣ) ва бузургтарин шоири Кашмир ба шумор меравад. “Бо Мирзо Соиб ва Абӯтолиби Калим ва Ҳоҷӣ Муҳаммадхон Қудсӣ сӯҳбатҳо дошта….Дурустии забону равонии алфоз ва латофати маонии ӯ мақбули ҳама буд”. Шеъраш сӯфиёна ва холӣ аз тамаллуқу мадҳсароист. Ғолибан иҳом дорад ва фаҳмаш осон нест.
АЗ ӮСТ:
Гуфтугӯ якранг набвад ғофилу ҳушёрро,
Дар нафас бошад тафовут хуфтаву бедорро.
Бар тавозуъҳои душман такя кардан аблаҳист,
Пойбӯси сел аз по афканад деворро.
**** ***** *****
Сангиндил аст, ҳар кӣ ба зоҳир мулоим аст,
Пинҳон даруни пунба нигар пунбадонаро.
**** ***** *****
Мӯйи сар гашта сафед, аммо хаёлат дар сар аст,
Ахгари пинҳон таҳи ин тӯдаи хокистар аст.
**** ***** *****
Афтодану бархостани бодапарастон,
Дар мазҳаби риндони харобот намоз аст.
**** ***** *****
Дар ҳар намоз даст ба зону чаро занад,
Зоҳид агар зи карда пушаймон нагаштааст?!
**** ***** *****
Зи шарм ангушт дорад дар даҳон тифл,
Сари пистон гирифтан ҳам гадоист.
**** ***** *****
Аз чарх бемазаллат ҳоҷат равон нагардад,
То оби рӯ нарезӣ, ин осиё нагардад.
**** ***** *****
То зи базми висоли ӯ дурам,
Зиндаам, лек зиндадаргӯрам.
**** ***** *****
Аз намозам нест мақсад ғайри ҷустуҷӯйи ӯ,
Меравам афтону хезон, то бибинам рӯйи ӯ.
**** ***** *****
Аз китоби “Порсигӯёни Ҳинду Синд”, ки соли 2020 дар нашриёти “Бебок” чоп шудааст. Муаллифи китоб донишманд ва тазкиранависи кишвари Ҳиндустон Ҳарумал Садорагонӣ буда, китобро олими шинохтаи тоҷик Шарифи Исрофилниё аз форсӣ баргардон кардааст. Барои донишҷӯён, устодон ва ҳамаи касоне, ки мехоҳанд ҳавзаи адабии Ҳиндро бидонанд, адабиёти арзишмандест.
Таҳияи Манижа Ибрагимова,
шуъбаи тарғиб ва
чорабиниҳои фарҳангӣ.