Порсигӯёни Ҳинду Синд. Носиралии Сарҳиндӣ Мутахаллис ба “Алӣ”
Мутаваффо дар соли 1108 ҳиҷрӣ, шоири сӯфиманише буда. Муҳаммадафзали Сархуш ӯро ба лақаби “Обрӯйи Ҳиндустон” ёд кардааст. Девони мухтасар ва маснавии муҷаз дар ниҳояти матонату ғоёти устуворӣ ба забони форсӣ аз вай ёдгори саҳфаи рӯзгор аст.
Ба қавли соҳиби “Шамъи анҷуман” агарчи ғазалро ба услуби тоза ҷилва дода, аммо дар маснавӣ яди байзо менамояд. Ҳарчанд баъзе маснавигӯён ба роҳи ӯ рафтанд, аммо ҳеҷ кас ба ӯ нарасид”.
Муаллифи “Маҷмуаи нағз” менависад: “ Қасидае дар мадҳи амирулуломо наввоб Зулфиқорхони марҳум иншо карда, ки матлааш ин аст:
Эй шони ҳайдарӣ ба ҷабини ту ошкор,
Номи ту дар набард кунад кори Зулфиқор.
Наввоби мағфур бар истимои ҳамин матлаъ иктифо варзида гуфт, ки “ҳамин қадар кофист, ки аз уҳдаи силааш наметавонам баромад, то ба тамоми қасида чӣ расад. Ва маблағи як лак-сад ҳазор рупияи нақд бо як занҷири фили аҳриманпайкар ба тариқи ҷоиза таклиф карда”.
АЗ ӮСТ:
Ғубори хотири доност изҳори ҳунар кардан,
Сафо бархезад аз оина, чун ҷавҳар шавад пайдо.
**** **** ***
Ба пирӣ саъй кун, гар дар ҷавонӣ рафт кор аз даст,
Зари гумгашта дар оташ зи хокистар шавад пайдо.
**** **** ***
Ёр дар хилвати дил анҷумане сохта буд,
Бехудӣ омаду якбор хабар кард маро.
**** **** ***
Мо мусаввирзодаи ишқем, шоир нестем,
Як қалам тасвири маъшуқ аст дар девони мо.
**** **** ***
Дар саҷдагоҳи ишқ хамидан зи адаб нест,
Чун шамъ гузаштан зи сари хеш суҷуд аст.
**** **** ***
Зи лаззатҳо буридан лаззате дорад, намедонӣ,
Вагарна, сояи ин ток ҳам ангурҳо дорад.
Аз китоби “Порсигӯёни Ҳинду Синд”, ки соли 2020 дар нашриёти “Бебок” чоп шудааст. Муаллифи китоб донишманд ва тазкиранависи кишвари Ҳиндустон Ҳарумал Садорагонӣ буда, китобро олими шинохтаи тоҷик Шарифи Исрофилниё аз форсӣ баргардон кардааст. Барои донишҷӯён, устодон ва ҳамаи касоне, ки мехоҳанд ҳавзаи адабии Ҳиндро бидонанд, адабиёти арзишмандест.
Таҳияи Манижа Ибрагимова,
шуъбаи тарғиб ва
чорабиниҳои фарҳангӣ.