Порсигӯёни Ҳинду Синд. Шоҳ Фақируллоҳи Лоҳурӣ мутахалис ба “Офарин”

Порсигӯёни Ҳинду СиндМутаваффо ба соли 1154 ҳиҷрӣ, соҳиби девони қасоид, ғазалиёт, мухаммасот ва ғайра, ки қариб дувоздаҳ ҳазор байт аст. “Дар тағаззул ашъораш дорои танаввуъу (гуногунӣ) тозагӣ буда ва тароҳҳои ҷадидро барои ғазалҳои худ интихоб кардааст” (“Риёз-уш-шифо”).

Ба қавли Волаи Доғистонӣ, “Агар мағфур дар Эрон нушъунамо мекард, аз асотини суханварони замон мешуд, Чун мататаббеъи ин забон буд, лизо гоҳе кумайти (ба аспи сурхранги сиёҳтоб гуфта мешавад) фикраш дар майдони фасоҳату арсаи балоғат лағзиш ёфта, дар адои луғоту истилоҳот ғалату иштибоҳ менамуд”. Достони ишқӣ ба номи “Ҳиру ронҷҳан” ва мусаммо (номидашуда) ба “Нозу Ниёз” ва маснавии “Аибони маърифат” низ ба вай нисбат медиҳанд”.

АЗ ӮСТ:

Навозишҳои нокас оқибат офат бувад, эй дил,

Кушад охир ҳамон боде, ки созад зинда оташро.

******    ******    *****

Забони тифл ба ҷуз доя кас намефаҳмад,

            Ба ғайри ишқ кӣ донад, ки ҳоли дил чун аст.

******    ******    *****

Чун зи хум дар шиша ояд, бода базморо шавад,

Дар сафар кайфийяти соҳибҳунар пайдо шавад.

******    ******    *****

Охир ба ранги шамъ сари хеш мехурад,

            Ҳар кас, ки дар тариқи талаб пеши по надид.

******    ******    *****

Он сабуксорам, ки дар роҳи фано чун гардбод,

Иттифоқам ҳар куҷо афтод, манзил мекунам.

******    ******    *****

Гуҳар ба гӯши ту мегӯяд аз садаф безор,

            Ки бе ватан ба ту будан беҳ аз ватан бе ту.

Аз китоби “Порсигӯёни Ҳинду Синд”, ки соли  2020 дар нашриёти “Бебок” чоп шудааст. Муаллифи китоб донишманд ва тазкиранависи кишвари Ҳиндустон Ҳарумал Садорагонӣ буда, китобро олими шинохтаи тоҷик Шарифи Исрофилниё аз форсӣ баргардон кардааст. Барои донишҷӯён, устодон ва ҳамаи касоне, ки мехоҳанд ҳавзаи адабии Ҳиндро бидонанд, адабиёти арзишмандест.

Таҳияи Бибишарифа Содиқзода,
шуъбаи тарғиб ва чорабиниҳои фарҳангӣ.