Порсигӯёни Ҳинду Синд. Синд-2
Аз 927 то 1194 ҳиҷрӣ Синд. Аввал аз соли 927 то соли 1021 ҳиҷрӣ таҳти фармонравоии бозмондагони Арғун аъқоби Чингизхон ва писари амми Тархонҳо буд. Баъд зимоми умури он ҷо ба дасти намояндагони муғул афтод, то хонадони Кулҳара бар сари иқтидор омад ва 1150-1194 ҳиҷрӣ сарзамини Синдро мустақил сохт.
Пешрафте, ки тайи ин давра дар адабиёти форсӣ насиби Синд шуд, шигифтагез аст. Шоҳзодагон Арғуну Тархон, ки худ аслан аз нажоди муғул ва мардуми адабпарвар буданд, табъан уламову фузалои эрониро ба диёри худ ҷалб намудаанд. Дар замони Шоҳҳусайни Арғун мутахаллис ба “Сипоҳӣ” мадорис барои тадрису такмили забони форсӣ ифтитоҳ шуд ва Ҳошимии Кирмонӣ мусаннифи машҳури “Мазҳар-ул-осор ва мазҳар-ул-анвор” дар муқобили “Туҳфат-ул-Аҳрор”-и Ҷомӣ ва “Махзан-ул-асрор”-и Низомӣ, Ҳайдари Ҳиротӣ ва Ғурурии Кошонӣ ба Синд омаданд ва дар он ҷо иқомат гузиданд.
Аз миёни тархонҳо Мирзоҷонибеги Ҳалимӣ ва писараш Ғозибеги Виқорӣ адабпарварии Арғунҳоро зинда нигоҳ доштанд. Дар натиҷа бисёре аз донишмандону шоирони Эрон ба Синд рӯй оварданд, ки аз ҷумла Мир Неъматуллоҳи Васлӣ, Муллоасади Қиссахон, Фағфури Гелонӣ, Мулло Муршиди Буруҷирдӣ, Толиби Омулӣ, Шайдои Исфахониро метавон ном бурд. Мардуми Синд низ дар форсӣ ба ҳадди кофӣ табаҳҳур (иттилои зиёд) ёфтаанд ва форсӣ василаи муносибе барои изҳори эҳсосоту афкори мардум гардид.
Ба таври куллӣ шоирон моил буданд, ки ашоъре омехта бо панду адарз ва ғазалиёти ошиқона бисароянд. Маснавӣ беш аз соири ақсоми шеър мавриди назар буд. Достони ҳузнаангези маҳаллӣ “Лайло ва Чанисар” тавассути Идрокии Бегларӣ – аз қабилаи атроки Арғун ба шеър даромад. Мир Маъсумшоҳи Номӣ ба тақлид аз “Ҳамса”-и Низомӣ панҷ маснавӣ сохт. Мирзо Ғозибег ба сурудани соқинома пардохт. Давраи фармонравоии муғул бар Синд шоҳиди тараққии зиёд дар ҳунар ва адабиёт буд. Сиёсати Акбаршоҳ ҳуккоми иёлатиро маҷбур сохт, ки ба форсӣ макотиба кунанд ва дафотири давлатиро ба ин забон бинависанд. Ба ҳамин далел касоне, ки моил буданд дар дастгоҳи давлат коре ба даст оваранд ё мавриди лутфи салтанати дарбор қарор гиранд, ба такмили маълумоти форсии худ ҳиммат гузоштанд. Иддаи бузурге аз ҳукком донишмандони замони худ буданд, ки натанҳо фузалои форсизабони муосири худро дар Синд таҳти ҳимояти хеш қарор доданд, балки донишмандонеро аз хориҷи иёлат низ фаро хонданд. Аз он ҷумла Саййидабдурразоқи Машраб аз Эрон ва Саййидмуъминуддини Балгиромӣ аз Ҳинд. Капитан Ҳамилтун дар соли 1111 ҳиҷрӣ аз Синд дидан кард, мегӯяд, ки дар он замон танҳо дар шаҳри Татта, ки дивист (дусад) ҳазор нафар ҷамъият дошт, дар ҳудуди чаҳорсад мадраса буд, ки дар он ҷо ба ҷавонон улуми ахлоқию фалсафӣ ва сиёсӣ меомӯхтанд. Муаллифи “Захират-ул-хавонин” менависад, ки “зуҳури авлиёуллоҳ ва фузалову шуаро дар он ҷо зиёд аз теъдод аст… ва метавон гуфт, ки Ироқи сонист.”
Аз миёни суханварон Ҳоҷимуҳаммади Ризоӣ-мусаннифи тирожидии ошиқонаи “Зебо ва Нигор”, Мир Абдулмукаррами Шуҳуд, ки “Парихонаи Сулаймон”-и вай дар бораи достони “Сулаймон ва Билқис” машҳур аст, Мир Лутфалихони Ҳиммат, ки фақат чаҳор ё панҷ байт аз ӯ боқӣ мондааст ва Муллоабдулҳакими Аторо, ки қасидаву ғазал месуруда, метавон беҳтарин шоирони даврони муғул донист.
Мавзӯи ҷолиб дар ин давра зуҳури шоирон ҳинду, монанди Чандрбаҳони Оҷиз ва писараш Шивкироми Мухлис ва шоираҳои мусулмон монанди Исмат ва Чаманихонум аст.
Шоирони ин замон қудрати табъу маҳорату зарофати бештаре аз худ нишон медиҳанд. Сурудани ашъори форсӣ барояшон осонтар мешавад ва шоирӣ ба марҳалаи олии худ мерасад ва ғазалу маснавӣ беш аз соири анвои шеър мавриди назар мебошад.
Дар аҳди салтанати Кулҳара бар асари хунрезиҳо ва ҷангҳои дохилӣ тағйири бузурге дар равишу афкор нисбат ба зиндагӣ ба вуҷуд омад. Чун мардум мутаҳаммили шадоид (сахтиҳо) ва машаққоти сарнавишти золимонаи худ мешуданд, боис гардид, ки тасаввуфу ирфон пешрафти сареъе намояд ва бад-ин тартиб дар адабиёти он замон низ асаре аз худ боқӣ гузорад. Даврони ҳукумати ин хонадон агар чи кӯтоҳ буд, вале метавон онро барои шеъри форсӣ асари дурахшоне аз таърихи адабиёти Синд шумурд. Теъдоди шуарову фузало ва тараққии сатҳи забон шоҳиди камоли адабиёти форсии он давра мебошад. Миён Нурмуҳаммад, Ғуломшоҳ ва Сарфарозхон аҳли завқ ва шоҳони адабпарвар буданд ва дар аҳдашон шуаро, монанди Шайх Муҳаммадалии Ҳазин, Муҳаммадкарими Ошиқ ва Муҳаммадризои Накҳат аз Синд дидан карданд. Шумораи шоирони бумӣ ва кайфияту каммийяти ашъоре, ки дар он рӯзгор суруда шуд, низ шоҳиди бориз ва мувассақе аз тараққии сатҳи забон ва адабиёти форсии он давра мебошад. Маҷолиси адабӣ ва шеърхонӣ дар он замон ташкил шуд ва ташвиқу тарғибе, ки аз гӯяндагон ба амал меомад, сухансароёни ҳиндуро низ ба майдони шеъри форсӣ кашид.
Машҳуртарин шоирони он давра иборат буданд аз Муҳаммадмуҳсин ва Алишери Қонеъ ва Саййид Ҷонуллоҳшоҳ мутахалис ба “Мир”, ки ҳар се дар тараққии қасидасароӣ дар Синд саҳми бузурге доштанд….
Аз китоби “Порсигӯёни Ҳинду Синд”, ки соли 2020 дар нашриёти “Бебок” чоп шудааст. Муаллифи китоб донишманд ва тазкиранависи кишвари Ҳиндустон Ҳарумал Садорагонӣ буда, китобро олими шинохтаи тоҷик Шарифи Исрофилниё аз форсӣ баргардон кардааст. Барои донишҷӯён, устодон ва ҳамаи касоне, ки мехоҳанд ҳавзаи адабии Ҳиндро бидонанд, адабиёти арзишмандест.
Таҳияи Бибишарифа Содиқзода,
шуъбаи тарғиб ва чорабиниҳои фарҳангӣ.