Порсигӯёни Ҳинду Синд.Сироҷиддин Алихони Орзу

РозаМутаваффо ба соли 1196 ҳиҷрӣ. Соҳиби таснифоти бисёр аст. Аз он ҷумла “Маҷмаъ-ун-нафоис”, “Кулиёт-уш-шуаро”, “Сироҷ-ул-луғот”. “Куллиёт”-аш назман ва насран дар ҳудуди се ҳазор байт мебошад.

Ба қавли муаллифи “Маҷмӯаи нағз”, девоне дар ҷавоби Бобо Фиғонӣ ва девони дигар ҷавоби Камоли Хуҷандӣ ва девони захиме (бузургҳаҷм) муштамил бар анвои сухан дорад.

АЗ ӮСТ:

Ҷому мино нест, к-аз Чину Ҳалаб орад касе,

Ройгон натвон шикаст, эй дилбарон, охир дил аст!

******    ******    *****

Ин башорат бирасонед ба мурғон асир.

            К-ошён бар дили маҳзун зи қафас тангтар аст.

******    ******    *****

Муҳтасиб аз сахтҷонӣ не дилам танҳо шикаст,

Шишаро гардан, сабуро даст, хумро по шикаст.

******    ******    *****

Нест ҷуз зикри шаробу шишаву соғар дар он,

            Номаи аъмоли худ хондем, соқиномаест.

******    ******    *****

Намефаҳмам забони туркии чашми сухангӯят,

Ишоратҳои абрӯ шояд ин ҷо тарҷумон бошад.

******    ******    *****

Баски дар сина таманнои гули рӯйи ту буд,

            Сари ҳар ҳарф, ки во гашт, дар ӯ бӯйи ту буд.

******    ******    *****

Гулрухон, тангдилам, хотири  ман шод кунед,

Чун шавад банди қабо боз, маро ёд кунед.

Майкашон, тоза ба дайр омадаам аз масҷид,

Воқиф аз расми муғон нестам, иршод кунед.

Аз китоби “Порсигӯёни Ҳинду Синд”, ки соли  2020 дар нашриёти “Бебок” чоп шудааст. Муаллифи китоб донишманд ва тазкиранависи кишвари Ҳиндустон Ҳарумал Садорагонӣ буда, китобро олими шинохтаи тоҷик Шарифи Исрофилниё аз форсӣ баргардон кардааст. Барои донишҷӯён, устодон ва ҳамаи касоне, ки мехоҳанд ҳавзаи адабии Ҳиндро бидонанд, адабиёти арзишмандест.

Таҳияи Бибишарифа Содиқзода,
шуъбаи тарғиб ва чорабиниҳои фарҳангӣ.