Порсигӯёни Ҳину Синд. Абулфазли Ногурӣ мутахаллис ба “Файзӣ ”ва “Фаёзӣ”
Мутаваффо ба соли 1004 ҳиҷрӣ,маликушшуарои дарбори Акбаршоҳ, бузургтарин шоири форсигӯи Ҳинд баъд аз Амир Хусрав аст. Абдулқодири Бадоюнӣ ,ки душманияш ба Файзӣ азҳару мин –аш-шамс аст, менависад: “Дар фунуни ҷузъия ва шеъру муаммо ва арӯзу қофия ва таъриху луғат ва тиббу иншо адил (ҳамто)дар рӯзгор надошт”.
Ба қавли доктор Забеҳуллоҳи Сафо,”агарчи эронӣ нест, вале дар шоирӣ бо устодони эронии муосири худ ҳамтироз буд”.
Ба ақидаи Тақии Кошии эронӣ,”ҷавоҳиршиносони арсаи эрон бо камоли вуқуфу дониш аз тавсифи он ашъор оҷизанд ва нотиқи суханроёни мамолики Ироқу Хуросон бо вуҷуди чандин ҷавлон дар арсаи суханварӣ аз таърифи он қосир. Дар эъҷози сухан осори эъҷоз зоҳир гардонида ва дар назми абёт маъонии баланди хосси бо булғу ваҷҳе ва афсаҳбаёнӣ ба адо расонида”.
Дар тамоми арқоми шеър табъозмоӣ карда ва дар ҳудуди панҷоҳ ҳазор байт гуфтааст, вале имтиёзаш дар ғазалу маснавӣ мебошад. Баръакси умуми шуаро дар ағлаби ғазалҳои ишқия ва ҳакимона хаёли мусалсал ё муфрадеро бо матонати алфозу истеҳкоми иборот ва шӯхии истиороту тозагии ташбеҳот баён мекунад.
Дар ҷавоби “Хамса”и Низомӣ шурӯъ ба панҷ маснавӣ “Налу Даман”, ”Маркази адвор”, “Сулаймону Билқис”, “Акбарнома” ва “Ҳафт Кишвар” намуд ва аз он фақат нахустин сурати итмом пазируфт,ки ба қавли Абдулқодири Бадоюнӣ, “маснавиест,ки дар ин сесад сол мисли он баъд аз Амр Хусрав шояд дар Ҳинд каси дигар нагуфта бошад”.
Бародараш-Абулфазл “Маркази адвор”-ро такмил кард.
ИНАК,НАМУНАИ ШЕЪРҲОИ ФАЙЗӢ:
Ин чӣ мастист,ки бе бодаву ҷом аст ин ҷо,
Бода,к-аз ҷом бинӯшанд, ҳаром аст ин ҷо.
Эй ки аз бодияи ишқ хабар мепурсӣ,
Пой бардор,ки кавнайн ду гом аст ин ҷо.
Зоҳидо, мунтазири чашмаи Кавсар манишин,
Ки ба як ҷуръаи май кор тамом аст ин ҷо.
Ҳеҷ кас нест, ки дар доираи ҳайрат нест,
Сайдгоҳест,ки Ҷибрил ба дом аст ин ҷо.
Хабар диҳед шаби ид пири мастабаро,
Ки рост мекунам имшаб қусури сишабаро.
Холӣ нагузор ҷом аз май,
Дар мазҳаби мо хало муҳол аст.
Чашми гуҳаршинос надорӣ,чӣ гӯямат,
К-ин нуҳ садаф чӣ гуна зи як дона пур шудаст!
Корвони Каъба шуд манзилнишин,
Раҳравони ишқро ором нест.
Даҳрро мужда,ки рӯзи дигаре пайдо шуд,
Ки зи хуршед саҳархезтаре пайдо шуд.
Хуфтабахтони шаби тафриқа бедор шуданд,
Ки дар офоқ муборак саҳаре пайдо шуд.
Осмон дид шабу рӯз ҷаҳонгардии ӯ,
Гуфт: Хуршеди маро ҳамсафаре пайдо шуд.
Эй ки аз наййири иқбол назар мехоҳӣ,
Чашм бикшой,ки соҳибназаре пайдо шуд.
Чанд торикнишини шаби ҳиҷрон, Файзӣ,
Хез, к-аз субҳи саодат асаре пайдо шуд.
Мо тойири қудсем, наворо нашиносем,
Мурғи малакутем,ҳаворо нашиносем.
Бурҳони субутем,зи мо нафй наёяд,
Аз мо “наъам”омӯз, ки “ло”-ро нашиносем.
Дар кафши ҳақоиқ сабақомӯзи замирем,
Тартиби далели ҳукаморо нашиносем.
Бо аҳли ҷадал нуктаи тавҳид нагӯем,
Дар ваҳдати Ҳақ чуну чароро нашиносем.
Асҳоби яқинему гумонро написандем,
Арбоби савобему хаторо нашиносем.
Аз қофилаи мо натавон ёфт нишоне,
Рақси ҷарасу бонги дароро нашиносем.
Нури ҷабарутем,зи зулмат наҳаросем,
Оинаи субҳем, масоро нашиносем.
Бар дониши мо анҷуму афлок бихандад,
Гар соҳиби”Лавлоку-ламо”-ро нашиносем.
Сад шукр,ки мо пайрави асҳоби расулем,
Дар шаър дигар раҳнаморо нашиносем.
Аз китоби “Порсигӯёни Ҳинду Синд”, ки соли 2020 дар нашриёти “Бебок” чоп шудааст. Муаллифи китоб донишманд ва тазкиранависи кишвари Ҳиндустон Ҳарумал Садорагонӣ буда, китобро олими шинохтаи тоҷик Шарифи Исрофилниё аз форсӣ баргардон кардааст. Он бо қарори ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп шуда, барои донишҷӯён, устодон ва ҳамаи касоне, ки мехоҳанд ҳавзаи адабии Ҳиндро бидонанд, адабиёти арзишмандест.
Таҳияи Манижа Ибрагимова,
шуъбаи тарғиб ва чорабиниҳои фарҳангӣ.