Порсигӯёни Ҳину Синд. Хоҷа Амидуддин

КитобОхирин шоири бузурги Ҳинд пеш аз Амр Хусрав маҳсуб мешавад. Дар айёми шоҳзода Муҳаммад ибни Ғиёсуддин ба мақоми арҷманд расид ва ба лақаби “Фахрулмулук”мулаққаб гардид, вале баъд ба иттиҳоми дастбурд ба пулу амволи давлатӣ гирифтор шуд ва ба зиндон афтод.

Таърихи вафоташ маълум нест. Ба эҳтимоли қавӣ пеш аз қатли мамдӯҳи худ дар соли 684 ҳиҷрӣ ҷаҳонро падруд гуфт. Олими фозил ва шоири моҳир буд.

Абдулқодири Бадоюнӣ муаллифи”Мунтахаб-ут-таворих” ӯро ба лақаби “Малик-ул-мулк ва-л-калом”ёд кардааст. Ғайр аз қасоиду ғазалиёт ва ҳазлиёт ҳабсиёти пурсӯз суруда ва монанди Асадии Тӯсӣ мунозирот ҳам гуфтааст. Аз он ҷумла мунозираи “Шамшеру қалам”ва “Шаробу бонг”аст, ки шӯҳрати хос дорад.

АЗ АШЪОРИ ӮСТ:

Рӯйи ту перояи саҳни чаман,
Муйи ту сармояи мушки Хутан.

Бастаи гесуи ту сад дину дил,
Хастаи бодоми ту сад ҷону тан.

Турраи таррори ту ошиқфиреб,
Ғамзаи хунхори ту лашкаршикан.

Наргиси ҷодуи ту ҳангоми ноз
Офати ҷону дили маҷруҳи ман.

Бандаи хоки дари ту шуд Амид,
Оташи ғам дар дилу ҷонаш мазан.

Аз китоби “Порсигӯёни Ҳинду Синд”, ки соли  2020 дар нашриёти “Бебок” чоп шудааст. Муаллифи китоб донишманд ва тазкиранависи кишвари Ҳиндустон Ҳарумал Садорагонӣ буда, китобро олими шинохтаи тоҷик Шарифи Исрофилниё аз форсӣ баргардон кардааст. Он бо қарори ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп шуда, барои донишҷӯён, устодон ва ҳамаи касоне, ки мехоҳанд ҳавзаи адабии Ҳиндро бидонанд, адабиёти арзишмандест.

 Таҳияи Манижа Ибрагимова,
шуъбаи тарғиб ва чорабиниҳои фарҳангӣ.