Посдори дастхатҳои Шарқ

Бо ҳамин ном рӯзномаи “Ҷумҳурият” мақолаи Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, профессор Ҷумахон Файзалзодаро чоп карда, ки дар он аз ҷумла омада: Бо ҳисси амиқи ватандорӣ аз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосмандем, ки бузургтарин боргоҳи маърифат – Китобхонаи миллии Тоҷикистонро бунёд гузоштанд ва имкон фароҳам оварданд, ки дар баробари ҳазорон китобҳои адабиёти муосир, инчунин, ганҷинаи нодири ин миллат – дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири ниёгон ҳифз шавад.

Қариб як аср аст, ки шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллӣ ба ҷамъоварии нусхаҳои хаттии мардуми Шарқ машғул аст. Дар гузашта сокинони шаҳру деҳоти кишвар ва ҳатто соҳибдилони шаҳрҳои Бухорову Самарқанд, ки гаҳвораи тамаддуни миллатанд, зеботарину нодиртарин дастхатҳоро бо ҳуруфи ниёгон гирдоварӣ карда, ба хазинаи китобхона супурда буданд.

Аз соли 1953 шумори зиёди ин дастхатҳо ва китобҳои чопи сангии ҷамъоваришуда (ба теъдоди 3290 нусха, аз ҷумла 1408 нусхаи хаттӣ) ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон супурда шуд ва бар пояи он шуъбаи шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ ташкил гардид.

Бо матни комили мақола метавонед ин ҷо ошно шавед: ПОСДОРИ ДАСТХАТҲОИ ШАРҚ