Профессор Асозода: Пайванди рӯҳонии Сайид Нафисӣ бо Садриддин Айнӣ. Бахши 2
Тавре ки аз шаҳри ҳоли мухтасари ин ду чеҳраи нотакрори дунёи форсизабон ба мушоҳида мерасад, роҳи тайкардаи онҳо низ аз бисёр ҷиҳатҳо ба ҳам монанд мебошанд. С. Нафисӣ ва С. Айнӣ бист сол ҷавонтар буд. Яке 79 сол умр диду дигаре 72 сол. Аз ин умри ҷовидон ҳарду беш аз паҷоҳ солашро дар ҷодаи адабу фарҳанги форсӣ сарф кардаанд. Дар муҳити адабии Тоҷикистон устод Айниро бештар ҳамчун адиби барҷаста мешиносанд ва баъд ҳамчун адабиётшиноси нуктасанҷ эътироф мекунанд.
Дар Тоҷикистон аз солҳои сиюми қарни ХХ ба ин тараф Сайид Нафисӣ ба сифати адабиётшиносе, ки Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абуалӣ ибни Сино, Шайх Аттор, Умари Хайём, Абулфазли Байҳақӣ, Ҳофиз, Саноии Ғазнавӣ ва даҳҳо дигар чеҳраҳои адаби ҳазорсолаи форсиро ба таҳқиқ гирифтааст ва ҷилд- ҷилд рисолаҳои илмӣ – адабиётшиносиро ба теъдоди 800 номгӯ ба ихтиёри аҳли фарҳанг гузоштааст, маъруфият дорад. (Асозода Х. Адабиёти Эрон дар садаи 20- Душанбе: Деваштиҷ, 2004, с 246).
Ба ҳамин монанд, ба осори адабиётшиносии устод Айнӣ мутаваҷҷеҳ мешавем: “Дар бораи Фирдавсӣ ва “Шоҳнома”-и ӯ” (1934), “Як симои номашҳури адабиёти тоҷик- Восифӣ” (1940), “Устод Рӯдакӣ” (1940), “Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ” (1941), “Мирзо Абдулқодири Бедил” (1946), “Алишер Навоӣ” (1948) ва ғайра. Оғози фаъолияти илмии С.Айниро метавон ба эҷоди “Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро” (1918) нисбат дод. Ба идомаи ин С. Айнӣ рисолаи илмӣ – “Таърихи Инқилоби Бухоро” (1920) ва ғайраҳо дар солҳои бистуми қарни ХХ навиштааст. Аммо китоби илмие, ки устод Айниро аз солҳои бистуми асри ХХ сар карда, то ҳанӯз шӯҳратманд нигоҳ доштааст, тазкираи “Намунаи адабиёти тоҷик” мебошад. Маҳз ҳамин асар буд, ки С. Айнӣ боиси таваҷҷӯҳи ҳавзаҳои адабии форсии Эрон, Афғонистон ва ҳам мактабҳои филологии Петербургу Маскав ва Порису Олмон мегардад. С. Нафисӣ дар як мақолааш бо номи “Гуфтугӯ бо як инсони бузург” дар бораи С. Айнӣ ва тазкираи номбурдаи ӯ чунин менигорад; “Ман муддатҳо пеш аз он, ки бо Садриддин Айни мулоқот кунам, бо осори ӯ ошно будам. Аввалин китоби ӯ ки ба дастам афтод китоби “Намунаи адабиёти тоҷик” буд. Беш аз ҳама он фасли китоб таваҷҷӯҳи маро ҷалб карда буд, ки ба шуарои Осиёи Миёна дар давраи баъд аз Темур ихтисос дошт, зеро мо дар Эрон дар бори шуарои ин давра кучактарин иттилое надоштем” (Айнӣ К.Бист гуфтор аз маънавият, с 161-162).
Вақте ки насри илмии С.Нафисӣ мавриди мутолиа қарор мегирад ва ҳам шахс ба он чеҳраҳои адаби форсӣ, ки ӯ онҳоро таҳқиқ намудааст, мутаваҷҷеҳ мегардад, мебинад, ки қисме аз ин шахсиятҳои адабиро ӯ баъд аз мутолиаи “Намунаи адабиёти тоҷик” ва рисолаи “Устод Рӯдакӣ”-и С. Айнӣ кашф кардааст. Албатта, С. Нафисӣ ба номҳои Рӯдакиву Сино ва амсоли онон ошноӣ дошт, вале таҳқиқи адабиётшиносии С. Айнӣ боис гардидааст, ки паҳлуҳои дигари шахсият ва осори намояндагони асрҳои Х ва баъди форсиро мавриди баҳси адабиётшиносӣ қарор бидиҳад. Махсусан, Рӯдакӣ бо осори манзалаташ дар дунёи форсизабон С.Нафисиро бо С. Айнӣ ошнотару қаринтар сохтааст. Масалан, вобаста ба ҳамин мавзӯъ С. Нафисӣ худ чунин иқрор шудааст: “Дар ҳамон замонҳо даст ба таълифи китоби худ дар бораи Рӯдакӣ задам ва аз дӯстоне, ки дар Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравии Сотсиалистӣ дорам, хостгор шудам, он чи дар ин замона омода шудааст, барои ман фиристонанд. Китоби кӯчаке дар бораи Рӯдакиро, ки Садриддин Айнӣ ба хатти лотин чоп карда буд, бароям фиристоданд. Матолиби тозаеро, ки дар он китоб ёфтам, дар китобе, ки дар бораи Рӯдаӣ навиштам овардам. Аз он рӯз пайванди рӯҳонии ман бо Садриддин Айнӣ, ки ҳанӯз ба дидораш комёб нашуда будам, беш аз пеш барқарор шуд. Тадриҷан китобҳои дигари ӯ дар бораи Ибни Сино ва Саъдӣ ба дастам афтод ва дигар Садриддин Айнӣ ва ошноёни дерини ман шуда буд.
Чи басо аз мардони бузург, ки надида ва нашинохта бо мо чунон унси маънавӣ мегиранд, ки гӯё солҳо ба эшон нишасту бархост доштаем” ( Садриддин Айнӣ дар хотираи дӯстон ва шогирдон- Душанбе Ирфон, 1968, с 134).
Хушбахтона он “нишасту бархост”, ки С. Нафисӣ орзу менамуд, 14 октябри соли 1944, ки бистумин солгарди Ҷумҳурии Сотсиалистии Ӯзбекистон таҷлил мегардид, дар ҳайати эронӣ С.Нафисӣ ҳам буд. Табиист, ки устод Айнӣ ҳам дар ин ҷашни бошукӯҳ иштирок дошт ва барои нахуст ин ду шахсияти фарҳангӣ бо ҳам аз наздик якдигарро дидаанд ва ҳамсӯҳбат шуданд.
С. Нафисӣ дар хотироташ он лаҳзаи таърихро ба ин шакл ба қалам медиҳад: “….. Дар аввали рӯзи иқоматам дар Тошканд ман ба чеҳрае, ки тамоми ин муддат дар орзуи дидораш будам бархурд кардам. Ин инсон бо қади мутавассит ва симои илҳомбахш ва чашмони нӯронӣ маро мафтуни худ намуда буд. Ман мушоҳида кардам, ки ӯ айнан ҳамон қиёфае дорад, ки пеши худ муҷассам карда будам…” (Айнӣ. К. Бист гуфтор аз маънавият, с. 162-163).
Ҷолиб аст, ки насри ёдоштии С. Нафисӣ монанди насри илмии бадеии устод Айнӣ ҷанбаи илмӣ – бадеӣ касб намудааст. Мутолиаи осори илмиву бадеии ин ду чеҳраи ҳамгун собит месозад, ки онҳо ба ин дунё маҳз барои омезиш додани насри илмӣ ба бадеӣ омадаанд. Насри илмии ҳарду аз доираи арабикунонии ҷумалот ва маъниҳои буғранҷ орӣ мебошад. Вақте ки кас, масалан, рисолаҳои илмии С. Айниро дар бораи Фирдавсӣ, Саъдӣ ва дигарон мутолиа мекунанд, гӯё асари бадеиро мехонда бошад, ҳаловати маънавӣ мебарад. Ба ҳамин монанд С. Нафисӣ, ки мехоҳад дар бораи шахсияти С. Айнӣ изҳори ақида намояд, пеш аз ҳама мехоҳад чеҳраи зоҳирии ӯро ба тадқиқ бигирад, ки ҷузъиёти муҳиммме дар боби эҷоди С. Нафисӣ хоҳад буд: “…Қади мутавассит ва бештар кӯтоҳ, ҷуссаи зариф ва борик, сурати кашидаи лоғар, чашмони дурушт, бинии паҳн, лабони кулуфт, чонаи барҷаста, мӯҳои ҷав – гандумӣ дошт, ҳамеша либоси махсуси тоҷикон ва ӯзбекон, яъне лаббодаи баланди остинкушоди дорои роҳ – роҳи рангораг мепӯшид ва шаб кулоҳи қуллобдӯзӣ кардаи сафеду сиёҳ бар сар мегузошт ва чакмаи соқанозук ба по дошт. Ҳатто сар то пои ӯ мазҳари тоҷикони он сӯи марзи Эрон буд…” (Айнӣ. К. Бист гуфтор аз маънавит, с.164).
Ин иқтибос, ки порчае аз дафтари ёддоштҳои С. Нафисӣ мебошад, баёнгари он ҳам ҳаст, ки ӯ нависандаи бомаҳорате дар ҷодаи адабиёти достонии Эрони садаи ХХ мебошад. Ҳарчанд С. Нафисӣ ба тавассути шеър ба саҳифаи адабиёти муосири Эрон ворид гардидааст, воқеияти ҷомеаи Эрони солҳои 40-50 ӯро водор сохтааст, ки ба эҷоди насри бадеӣ бипардозад ва ба таъбири муҳақиқи эронӣ Абдуғаффори Таҳурӣ, ки аз андешаҳои С. Нафисӣ бардошта шудааст: “…гӯё асри ХХ шеър нест, балки асри наср аст ва он чи дар ин замина гуфтани буд, дар шеъри классикӣ гуфта шудааст…” (Нафисӣ С. Гулчин аз девони устод Саид Нафисӣ- Теҳрон, 1333, с. 160).
Муҳаққиқи дигари эронӣ Халхолӣ Абдулҳамид чунин иброз доштааст: “Нафисӣ нахостааст шоириро ҳунари худ бидонад ва ақида дорад, ки қарни бистум қарни шеър нест ва шеър ҷои худро ба наср додааст” (Халхолӣ Абдулҳамид. Тазкираи шуарои муосири Эрон, ҷ. 1.- Теҳрон, 1333. С. 462). С. Нафисӣ худ иқрор шудааст, ки он тарзе ки бузургони шеъри класикии форсӣ дар тули беш аз ҳазор сол воқеияти ҷомеаи мавҷударо ҳунармандона инъикос доданд, ӯ нахоҳад ба он дараҷа шеър эҷод намояд. Аз сӯйи дигар, асри ХХ-ро асри наср номидан ҳам дуруст аст, зеро то ин дам дар ҳама адабиёти ҷаҳон шеър нисбат ба наср бартарӣ дошт ва баъзан дар адабиёти Аврупо ва Ғарб насрро аз ҷумла намунаҳои ҷиддии адабиёти бадеӣ шомил намекарданд. Аз ин ҷост, ки эҷоди навъҳои насри бадеӣ, асосан аз солҳои 90-уми асри XIX оғоз гирифта, баъдтар солҳои бистуми қарни XX рӯ ба рушди воқеӣ меорад. Дар эҷодиёти С. Нафисӣ бошад насри воқеӣ дар солҳои сиввум арзи вуҷуд кардааст ва ин эҷод чун адибони дигар аз ҳикоя – достони кӯтоҳ оғоз гирифтааст. Маҳсули даҳсолаи достони кӯтоҳнависии С. Нафисӣ дар маҷмӯаи “Моҳи нахшаб”(1953), “ Оташҳои нуҳуфта” (1960) рӯйи чоп меоянд.
Дар ин даҳ сол ӯ иловатан, нахустин романаш “Фарангис”-ро менависад. Баъд романҳои дигари С.Нафисӣ бо номҳои “Нимароҳи биҳишт” (1953), “Оташҳои нуҳуфта” (1960) рӯйи чоп меоянд.
Романи “ Фарангис”- ро ҳамчун осори лирикӣ шинохтаанд. Дар сужаи он сарнавишти ошиқонаи ҷавоне қисса мешавад, ки бо Фарангис ном духтари зебопайкару хушандом ва боназокат дил бастааст ( Асозода Х. Адабиёти Эрон дар садаи 20- Душанбе; Пайванд, 1997, с,248).
Адабиётшиноси маъруфи Эрон Абдулҳусайни Зарринкӯб вобаста ба ин роман бар ин ақида аст, ки “он чи румон хонда мешавад, достони “Фарангис” аст….. Ин румон чизе буд, байни мақолаи таърихӣ ва достони кӯтоҳ. Ҳикояти таърихӣ ва сарнавишти ашхоси таърихист…. (Адабиёти навини Эрон. Аз Инқилоби Машрута то Инқилоби исломӣ- Теҳрон, 1363, с,138). Дар ҳамин замина Абдулҳусайни Зарринкуб С. Нафисиро “аз меъморони воқеии насри ҷадиди Эрон” медонад (Ҳамон маъхаз, с, 138) .
Метавон гуфт, ки дар миёни осори насрии С.Нафисӣ романи “Нимароҳи биҳишт”-и ӯ мақоми хосса дорад. Ин роман то ҷое ҷанбаи танзомезӣ пайдо намуда, аз воқеагаро будани нависандааш гувоҳӣ медиҳад. Яъне, романест реалистӣ ва дорои саҳифаҳои шарҳиҳолӣ. Роман дар тӯли солҳои 1951 – 1953 эҷод шуда, воқеияти он аз ҳаракатҳои миллӣ – озодхоҳии мардуми Эрон ба муқобили режими шоҳаншоҳӣ ва дахолатҳои беҳаёёнаи кишварҳои импералистии Ингилистон ва Амрико сарчашма бардоштааст. Дар асари чунин мубориза боигарии асосии Эрон – нафт миллӣ эълон шуд ва дар моҳи апрели соли 1961 “Ҷабҳаи миллӣ” бо сардории марди ватандӯст Масодиқ ҳукуматро ба даст гирифт (Асозода Х. Адабиёти Эрон дар садаи 20, с,248).
(Идома дорад)
МАНБАЪ: Худойназар Асозода: “Воқеият, сиёсат ва С.Айнӣ”. Душанбе, 2010.
Хоҳишмандон ин китобро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
Таҳияи Ойҷонгул Давронова,
сармутахассиси шуъбаи хизматрасонӣ
ба истифодабарандагон