Профессор Асозода: Шогирде аз мактаби адабии устод Айнӣ. Бахши 1

Сохиб ТабаровСоҳаи адабиётшиносӣ, забоншиносӣ ва нақди адабии садаи бистумро бидуни номи устод Айнӣ тасаввур кардан амри маҳол аст. Ин таъкид танҳо чунин маъно надорад, ки дар ин қарн С. Айнӣ ба воситаи офаридани асарҳои бадеӣ ва мақолаву гушоришҳо дар улуми мазкур ҳисса гузоштааст, балки эшон дар ин соҳаҳо мактаби худро ба миён оварда, даҳҳо шогирдонро аз ҷумлаи шоирону носирон, мунаққидон ва забоншиносон тарбия намудааст.

Илмҳои мазкур дар заминаи назария ва амалияи мактаби адабиву илмии таъсисдодаи устод Айнӣ аз нимаи дуюми солҳои бистум сар карда инкишоф ёфтанд ва дар даҳсолаи аввали саддаи нав таъсири назарияи мактаби Айнӣ дар муҳити фарҳанги тоҷик эҳсос мешавад. Бузургии С. Айнӣ дар он буд, ки ба зудӣ моҳияти адабиёт ва фарҳанги нави форсии тоҷикро, ки сарчашмаи адабиёту фарҳанги беш аз ҳазорсолаимиллат буд, дрёфт ва онро бо маводди назариву амалии адабиёту фарҳанги Аврупо ва умумиҷаҳонӣ омезиши мантиқӣ дод, нахустин бор дар навъҳои адабии ҳикоя, повест ва роман асарҳо офарид, инчунин бори нахуст асрҳои адабиётшиносиву забоншиносиро дар рӯҳияи таҳқиқи аврупоӣ ва шарқӣ ба вуҷуд овард.

Аз ин ҷост, ки дар тамоми таҳқиқоти чи олимони тоҷик ва чи русу аврупоӣ номи С. Айнӣ ҳамчун поягузори илмҳои адабиётшиносиву  забоншиносӣ дар даврони нав ба забон оварда мешавад. Аз ҷумла шогирдони мактаби С. Айнӣ- Пайрав, А. Сатторӣ, Т. Зеҳнӣ, М. Турсунзода, С. Улуғзода, Ҷ. Икромӣ, Ҳ .Бақозода, А. Деҳотӣ, Ф. Ниёзӣ, Б. Раҳимзода, М. Миршакар, Алӣ Хуш, С. Табаров, М. Шакурӣ, Р. Ҳодизода, Л. Бузургзода, Б. Ниёзмуҳаммадов, Н. Маъсумӣ ва дигаронро метавон ном бурд. Дар айни замон ҳар кадом аз шогирдони устод Айнӣ тавонистанд, ки дар заминаи мактаби устодашон мактабҳои хурду калони хешро таъсис бидиҳанд, шогирдони боистеъдодро тарбия намоянд ва соҳаҳои адабиёту фарҳанги тоҷикро минбаъд инкишоф бидиҳанд. Яке аз чунин шогирдони устод Айнӣ Соҳиб Табаров аст, ки дар боби адабиётшиносӣ ва нақди адабӣ тарзу усули таҳқиқи С. Айниро дар тули шаст соли охир идома медиҳад.

С. Айнӣ асосан, бо ду роҳ барои адибону олимони солҳои сӣ ва баъд ҳукми устодӣ касб намудааст. Яке ин ки оғози солҳои сиюм ва чилум С. Айнӣ ба воситаи вохӯриҳояш бо толибилмони дорулмуаллимину комбинатҳои педагогиву рабфакҳои (ба истилоҳи С. Табаров) Тошканду Самарқанд ва Панҷакенту Хуҷанд иддае аз шогирдони таълимоҳҳои мазкурро ба соҳаҳои таҳқиқу эҷод ҷалб менамояд ва дуюм ин ки қисме аз ҷавонони соҳибистеъдоди навоҳии Тоҷикистон дар солҳои сеюм ба асарҳои устод “Марши ҳуррият”, “Одина”, “Намунаи адабиёти тоҷик”, “Дохунда” ва ғайра ошноӣ пайдо намуда, дар симои С. Айнӣ устоди маънавии худро дарёфтанд. С. Табаров аз ҷумлаи он шогирдонест, ки соли 1934 устодро ҳангоми таҳсил дар педкомбинати Самарқанд аз наздик дид ва суханҳояшро гӯш кард. Чунон ки С. Табаров дар “Таассуроти ақлу дил”-и худ менигорад, вохӯрии С. Айнӣ бо толибилмон ҳамеша моҳияти таълимӣ ва донишандӯзӣ доштанд. Мисоли равшани ин вохӯрии мазкур аст. Дар толор толибилмони хурдсол аз гӯшаву канори Тоҷикистон менишастанд ва ба сӯҳбати оташбору донишдиҳандаи устод гӯш дода, бори нахуст номи китоби “Шоҳнома”-ю муаллифи он Абулқосим Фирдавсиро мешуниданд. Шояд Соҳибназари даҳсола он рӯз бештар ба таври сӯҳбат, ҳаракатҳои устод ва оташвор гап задани С. Айнӣ мутавваҷҷеҳ шуда ва чӣ навъ ба эҳсосот дода шудани адиби суханшиносро аз наздик мушоҳида карда бошад; аз ин ҷост, ки дар оянда худи ӯ ба чунин тарзи гуфтору серҳаракатӣ ва бо эҳсосот гузоришҳои илмӣ карданро пеш гирифт. Махсусан, лаҳзаҳои ангушти ишоратиашро болои минбар бардоштан, гоҳе аз матн чашм кандану аҳли толорро аз назар гузаронидан ва аз имову ишораҳои маънидиҳанда истифода кардани С. Табаров ҳамонро мемонад, ки устод Айнӣ мудом ҳангоми маърӯзаҳои илмиашро қироат кардан, анҷом медод. Гумон меравад, ки ҳамин тарзи суханрониҳои устод Айнӣ чун саҳифаие аз китоби бузурги мактаби ӯ ба аксари шогирдони солҳои сиюми вай таъсир гузоштааст. мо шоҳид будем, ки устодони сухан М. Турсунзода, Б. Раҳимзода, Ҷ. Икромӣ, С. Улуғзода, М. Миршакар ҳангоми сӯҳбату вохӯриҳояшон бо хонандагону шеърдӯстон аз имову ишораҳои айниёна истифода менамуданд, фақат ба ин тафовут, ки онҳо ба эҳсосот дода намешуданд.

Сарчашмаи бо эҳсосот сӯҳбати адибиву илмӣ кардани С. Айниву С. Табаров ба назари мо, ҷабру ситам ва азобҳои рӯҳиву маънавиест, ки ҳам устод ва ҳам шогирд дар зиндагӣ ба онҳо дучор омадаанд. Устод Айнӣ соли 1928 ҳангоми бо толибилмони дорулмуаллимини Тошканд вохӯрданаш чунин изҳор медорад: “Ман одами асабӣ ҳастам ва ин асабияти ман натиҷаи ҳафтоду панҷ чӯб аз бемориҳои пас аз он рӯйдода мебошад, бинобар  ин, ман дар маҷлисҳо тавре гап мезанам, ки гӯё бо касе даст ба гиребон шуда истода бошам….”

Ба ҳамин монанд, вақте ки ба роҳи тайкардаи С. Табаров амиқтар бингарем, мебинем, ки ӯ аз рӯзи роҳгард шудану забон баровардан барои зинда мондан бо мушкилоти рӯзгор дар набард аст ва дар ҳама ҳолатҳо омодаи дифоъ буд. Мақоли “ятимон сарсахт мешаванд” воқеият дорад. Ҳангоми зиндагӣ ва таҳсил дар хонаҳои бачагони Мӯъминободу Тебалай ва Самарқанду Панҷакент вай дифоъгаре надошт, худаш бо ҳамон ҷисми маъюб ва лоғарандомӣ ва нимтанагӣ ба шаттаи сағераҳои бесар ҷавоб мегардонд. Дар синни камолот ҳам ӯ дар ягон идораи боло ҳимоятгаре надошт, мушкилоти пешомадаро худаш рафъ месохт. Ин қабил чеҳраҳои фарҳангиро мағлуб сохтан ғайриимкон аст, зеро онҳо монанди устод Айнӣ аз ақли солим, амали солеҳ, заҳмат ва хираду иродатмандӣ кор мегиранд.

С. Табаров бори дуввум С. Айниро соли 1935 ҳангоми ҷашни сисолагӣ (дар асл чилсолагӣ)-и фаъолияти эҷодии ӯ ва ба клуби педкомбинат додани номи С. Айнӣ мебинад ва ба суханронии ӯ мутавваҷҷеҳ мешавад. Ин вохӯриҳо бо С. Айнӣ барои С. Табарови толибилм тақдирсоз буданд. Дар асари онҳо роҳи эҷодии вай чун муҳаққиқи адабиёт равшан гардид. Махсусан, боҷуръат ва дилсӯзона сухан рондани С. Айнӣ дар бораи ояндаи миллат, ки дар дасти ҳамнаслони С. Табаров қарор мегирифт, ӯро бидуни шубҳа “муқаллид”-и устод Айнӣ гардонид. Сарчашма, мабдаъ ва маншаи донишандӯзӣ ва рӯй ба ҷодаи адабиётшиносӣ ниҳодани С. Табаров, дар таҳлилу баррасии адабиёти бадеӣ ба танқидгарӣ, воқеъбинӣ рӯй овардани ӯ ба мактаби таҳлилии устод Айнӣ мебошад. Дар шинохти С. Табаров устод Айнӣ нобиғаест, ки ба тавсифҳои “падари маънавии миллат, устоди беҳамто, уқёнус” сазовор мебошад. Ҳаққонияти ин гуна тавсифҳоро С. Табаров донишҷӯи факултети забон ва адабиёти Институти давлатии педагогии Сталинобод (Душанбе) ҳангоми мутолиаи осори донишдиҳандаи устод Айнӣ, ки онҳоро чун дастур ва барномаи таҳқиқгароии худ дар ҷодаи адабиётшиносӣ ва нақди адабӣ қарор дод, амиқтар дарк намуд.

Бори сеюм С. Табаров моҳи ноябри соли 1944 устод Айниро дар пленуми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дид ва гузориши ӯро оид ба адабиёт ва санъати бадеӣ шунид. Ин дафъа низ, ба мушоҳидаи С. Табаров устод серташвиш, серҳаракат, ҷиддӣ будааст. Устод С. Айнӣ чун шахси ғамхори адабиёти нави тоҷик ба мушоҳида мерасид. “Шеърҳои мавҳуму маҷҳули М.Раҳимиро сахт мазаммат” кардани С. Айнӣ дар қалби С. Табаров ҳисси дӯстдориро ба нақди адабӣ, ба мунаққидӣ боз ҳам бештар такон доданд, дар дили ӯ орзуи ба мисли С. Айнӣ баҳо додан ба адабиёти бадеӣ парвариш меёфт.

С. Табаров мудом дар сӯҳбатҳояш бо шогирдон ифтихор аз он мекунад, ки соли 1947 дар ҳузури устод Айнӣ ӯро ба аъзогии Иттифоқи нависандагон қабул карданд. Ба гуфаи С. Табаров аввалин шиносоию сӯҳбати ҷиддии ӯ бо С. Айнӣ ҳамин сол сурат гирифтааст. Ин соле ҳам ҳаст, ки С. Табаров дар аспирантура таҳсил мекард ва мавзӯи рисолаи номзадиаш ба таҳқиқи таърихи яке аз романҳои машҳури устод С. Айнӣ- “Ғуломон” бахшида шуда буд. Шинохти С. Табаров ва С. Айнӣ дар ду марҳила сурат гирифтааст. Яке С. Табаров ба сифати толибилму донишҷӯ чаҳор маротиба устодро аз наздик дида, аз гузоришу сӯҳбатҳои адабию илмиаш баҳравар гардидааст, дуюм С. Табаров фаъолияти эҷодиву илмии устод Айниро ҳамчун сарчашмаи фарҳангиву маънавии хеш гирифта мақсад мегузорад, ки дар оянда осори бадеии С. Айниро мавриди омӯзиш қарор бидиҳад. Яъне, ин ду марҳилаи шинохт аз устод С. Табаровро ба ҷодаи илми адабиётшиносӣ ворид сохт ва баъдан ҳама мақолоту рисола ва монографияҳои С. Табаров, ки аз 900 зиёданд, дар заминаи таъкидҳои назариву амалии С. Айнӣ оид ба адабиёти бадеӣ ва меъёрҳои баҳодиҳӣ анҷом ёфтанд. Аз нахустин соатҳои ошноӣ С.Табаров устод Айниро ба ҳайси чеҳраҳои фарҳангие шинохт ва кашф намуд, ки худшиносии миллиро ташвиқ менамуду халқи тоҷикро дар сарзамини Мовароуннаҳр қадимтарин меҳисобид. Худшиносие, ки С. Айнӣ ташвиқ мекард ба адибони солҳои сиву чилуми тоҷик таъсири бевосита расонид ва маҳз ҳамин насл афкори устодро тақвият бахшида, солҳои панҷоҳум ба космополитизм зарба заданд. Дар ин боб С. Табаров ҳақ аст, ки содиқтарин насл дар дифоъ аз адабиёту таърихи миллат ва арзишҳои маънавии он маҳз насли С. Айниро бояд эътироф кард. Имрӯз, ки аз замони зиндагии онон солҳо сипарӣ гаштааст, боз ҳам дар навиштаҳои муҳаққиқон, адабиётшиносон аз мақому манзалати волои ин насл ёдоварӣ мешавад ва инкишофи адабиёти оғози қарни бистуякро бидуни навиштаҳо, нақши афкори адабӣ-эстетикии С. Айнӣ, М. Турсунзода, С. Улуғзода, Ҷ. Икромӣ, М. Миршакар, А. Деҳотӣ, Р. Ҷалил, Б. Раҳимзода, П. Толис ва дигарон тасаввур наметавон кард. Бинобар ин, адабиётшиносони насли солҳои охир набояд заҳматҳои ин ашхоси бузургро нодида бигиранд, набояд ба кору фаъолияти онҳо шубҳаомез назар бикунанд, вагарна таърих ва воқеияти таърихро таҳриф хоҳад кард.

МАНБАЪ: Худойназар АСОЗОДА: “”Воқеият, сиёсат ва С.Айнӣ”. душанбе, соли 2010.

Хоҳишмандон ин китоби пурмуҳтавои профессор Х.Асозодаро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолаа кунанд.

Таҳияи Ойҷонгул Давронова,
сармутахассиси шуъбаи хизматрасонӣ
ба истифодабарандагон