Профессор Асозода: “Устодон Айнӣ ва Лоҳутӣ рамзи Тоҷикистон буданд”. Бахши дуюм
Бояд гуфт, ки устодон Айнӣ ва Лоҳутиро “Намунаи адабиёти тоҷик” бо ҳам пайваст. Ин китоб васлгари ду чеҳраи адиби форсӣ гардид. Дар эҷоди ин шиноснома ҳарду устод хидмати муштарак анҷом додаанд. Яке онро навишт, дигаре онро ба чоп расонид. Хидмати устод Лоҳутӣ на камтар аз хидмати устод Айнӣ мебошад, ки ин ҷиҳатро аҳли фарҳанг хуб дарк менамоянд. Чопи ин китоб чӣ мушкилотеро ба сери муаллиф ва ҳомии он устод Лоҳутӣ оварда буд, ба ҳамагон маълум аст. Табиист, ки Лоҳутӣ “Намуна…”-ро зери фишор ба чоп расонида буд, чунки он мавҷудияти миллати тоҷикро исбот мекард. Дар ин ҷода устод Лоҳутӣ дар идораҳои дахлдори Маскав аз тазкираи Айнӣ дифоъ карда тавонист. Ба вуҷуди ин, душманони миллати тоҷик сари китоб иғво бардоштанд ва ягона далелашон он буд, ки гӯё устод Айнӣ бо ҷой додани қасидаи “Бӯйи ҷӯйи Мулиён ояд ҳаме” дуввумбора амири гурезаро ҷониби Бухоро даъват мекардааст.
Устод Лоҳутӣ дар сарсухан ба “Намунаи…”роҷеъ ба шахсияти устод Айнӣ менависад: “Ман ба ин ном аз дере ошно будам. Тасаввури ин ном ба фаврият як шахсро ба назари ман овард, ки оғози ҷавонӣ дар як муҳити зулму ҷавр дар роҳи озодии халқ хидмат карда, бар зидди истибдод ҷасурона мубориза намуда, бародари худро шаҳид дода. Он вақт ҳайкали мубораки вай дар пеши чашм ҷилвагар мешуд: бемор, низор, занҷир дар гардан ва кунда бар по дар зери тозиёна ва чӯби фаррошони амири Бухоро аз гардан то камар гӯшти пушташ рехта, ба тавре ки ҳамаи устухонҳояш намоён аст.
Рӯзгор ба ин тарз шиносоии нодида гузашт. Як тасодуфи дигар шавқу ҳаваси маро дар дидани ин бузургвор зиёд кард. Орзуи маро барои зиёраташ оташинтар намуд. Дидани осори адбии ӯ……
Моҳи августи соли 1925 (ин таърих бояд иштибоҳ бошад, зеро дар ҳама ҳуҷатҳо бори нахуст омадани ӯ моҳи октябри соли 1925 зикр гардидааст.-Х.А) дар шаҳри Самарқанд ба зиёрати фозили мӯҳтарам ноил шудам. Устод дар утоқи худ даруни садҳо китоб ғарқ буд ва нусхае дар даст дошт,ки менавишт. Он ҳамин “Намунаи адабиёти тоҷик” буд…” (Ниг.А.Лоҳутӣ Куллиёт ҷ6 с112).
Маълум аст, ки “Намуна…” хеле ба зудӣ ба кишварҳои форсизабон роҳ ёфт ва боиси дастгирии аҳли фарҳанги Эрону Афғонистон гардид. Ҷолиб он буд, ки дар хориҷ низ ба дифои ин китоб баромаданд. Донишманди маъруфи Эрон Саид Нафисӣ нахустин шуда ба ҳимояи “Намунаи..” баромада, тақризе ба он навишт, ки дар рӯзномаи ”Шафақи сурх”, 3-марти соли 1926 ба табъ расидааст. Баъдҳо С.Нафисӣ менависад: “Ман муддатҳо пеш аз он ки бо Садриддин Айнӣ мулоқот кунам, бо осори ӯ ошно будам. Аввалин китоби ӯ, ки ба дастам афтод, китоби “Намунаи адабиёти тоҷик” буд. Беш аз ҳама он фасли китоб таваҷҷӯҳи маро ҷалб карда буд, ки ба шӯарои Осиёи Миёна дар давраи баъд аз Темур ихтисос дошт, зеро мо дар Эрон дар бораи шуарои ин давра кӯчактарин иттилое надоштем”. (Ниг.Саид Нафисӣ. Гуфтугӯ бо як инсони бузург “Ахбор”, маҷаллаи хабарнигории Иттифоқи Советӣ (АПН), шумораи 9-10, декабри 1968). Дар Шӯравӣ нахустин шуда Абулқосим Лоҳутӣ, А.Знаменский (намояндаи Комиссариати халқии корҳои хориҷии Шуравӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон), Абдуқодир Муҳиддинов (нозири маорифи Тоҷикистон) ва зиёиёни дигари тоҷик “Намуна…”-ро аз ҳуҷумҳо ва муаллифи онро аз бӯҳтонҳои бешарафона дифоъ менамоянд. (Ниг. К. С. Айнӣ. Бист гуфтор аз маънавият.-Душанбе 2004 с. 161).
Аз як мактуби А. Лоҳутӣ ба С. Айнӣ (4декабри соли 1927) маълум мегардад, ки дар Эрон, мудирони рӯзномаҳо ва вакилони маҷлис, ки омада буданд, беандоза аз судмандии “Намунаи адабиёти тоҷик” хурсанд буданд ва борҳо дар хусуси ин китоб ва хидматҳои шумо дар тараққии адабиёти тоҷикӣ баҳс карданд. Мегуфтанд, ки ҳама кас дар Эрон орзуи дидани ин китобро дорад” (Мукотибаи Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ- Душанбе, Деваштиҷ, 2003, с. 11-12). Ба ҳамин монанд, проф, Иброҳим Усмон бар ин ақида аст, ки “Намунаи адабиёти тоҷик” яқинан моҳи марти соли 1927 расман ба Кобул фиристонда шудааст ва ӯ мутмаин аст, ки ин китоб барои навиштани “Таърихи адабиёти Ҳирот” яке аз манбаъҳои муътабар дониста шудааст (Ниг. И. Усмон. Сарбози инқилоб- Садои шарқ, 1987, шумораи 5, с.122). Эҳтимол меравад, ки устод Айнӣ китобашро ба суроғаи Ҳошим Шоиқ, ки он айёми сарпарастии маҷаллаи “Муаррифии Маориф”-ро ба ӯҳда дошт ва бо С.Айнӣ аз дер боз дӯстиву ҳамкориҳои фарҳангӣ доштанд, фиристондааст (дар бораи Ҳошим Шоиқ ба рисолаи Х. Асозода. Чеҳраи адабӣ ва фарҳангӣ- Душанбе: Адиб, 1996, с,11-29 муроҷиат намоед). Мубориза алайҳи “Намуна….”, асосан соли 1928 шиддат мегирад. Иғвогарони миллат ба Маскав ҳамоно менавиштанд. Ба таъбири Раҳим Ҳошим: “….як гурӯҳ ҳангомаҷӯёни аз илм ва таърихи адабиёти тоҷик бехабар ба муқобили “Намуна….” фитнаҳо ангехта, об лой карданӣ мешуданд. Аз худи мо ҳам баъзеҳо барои “сурх” нишон додани худ бо ин ғавғоҳо ҳамсадо мешуданд. Лоҳутӣ чӣ дар Маскав ва чи дар Тошканд ҳаматарафа ба мудофиаи ин китоб бархост” (Ниг. Ёдбуди устод Лоҳутӣ- Душанбе: Адиб, 1987, с, 100-101). Ҳангомаҷӯён устод Айниро бо китобаш дар идораҳои Маскав чунон сиёҳ карда буданд, ки Лоҳутӣ бо як нафар намояндаи бюрои Осиёимиёнагии Кумитаи Марказӣ ба Самарқанд меояд ва сари мавзӯъи “Намуна…” чанд соат суҳбат мекунанд. Устод Лоҳутӣ бо ҳарорати тамом тӯҳмати маҳз будани ҳама эродҳоро исбот менамояд (Ниг: Ҳамон ҷо, с.101). Албатта, ин тӯҳмату бӯҳтонҳо, ки ба устод Айнӣ ва китоби ӯ бор мекарданд ва баҳонае беш набуданд. Гап дар ин буд, ки Ҷумҳурӣ дар арафаи ба Ҷумҳурии Сотсиалистӣ табдил ёфтан қарор дошт ва душманони миллат, ҳамонҳое ки С.Айниро 75 чӯб занонда дар Самарқанд ҳам ба ҷонаш таҳдид оварда буданд, ба муқобили чунин Ҷумҳурӣ мебаромаданд. Хушбахтии миллат он буд, ки дар паҳлуи худ боз Айниву Лоҳутиро дошт ва онҳо ҷон ба каф намегузоштанд, ки душманони миллат ташкилшавии Ҷумҳурии ҳафтуми Сотсиалистиро халалдор намоянд. Воқеан, агар устод дар ин муборизаҳои миллатсозӣ Лоҳутӣ барин сарсупурдаеро дар паҳлуи худ намедошт, гумон буд, ки дар миёни он зумра “сурхпӯшҳо”-и худӣ адабиёту фарҳанги миллатро наҷот дода метавонист. Устод Лоҳутӣ соле, ки ба Шӯравӣ омаду муқими Маскав шуд, изҳор дошт: “Чизе ки ман барои он солҳо мубориза кардаам, чизе ки садҳо муборизон барои ба даст овардани он дар гирду пеши ман ба хуни худ ғутидаанд, дар ин ҷо, дар Маскав анҷом ёфт”. (Ёдбуди устод Лоҳутӣ, с95).
Оре, Лоҳутӣ он солҳо бо шамшер ҷангид, аммо бе натиҷа поён ёфт. Акнун ӯро дар Шуравӣ лозим омад, ки шамшери ҷангиро ба қалами ҷангӣ табдил диҳад ва хомаро барои амалӣ сохтани хостаҳои ин давлат амалӣ намояд. Ин ҳам як навъи мубодила буд, ки арзишаш аз ҳар навъ инқилоби дигар болотар хоҳад буд. Ҳар инқилоби сиёсӣ бо пирӯз шуданаш ба инқилоби фарҳангӣ мепардозад, зеро ба ин пирӯзии комилро ба даст оварда наметавонад. Фаъолияти устодон Айнӣ ва Лоҳутӣ маънии инқилоби фарҳангиро дар Тоҷикистон навбунёд дошт. Магар дифоъ аз китоби “Намуна…” дифоъ аз арзишҳои фарҳангӣ набуд? Устод Айнӣ то поёни умр дар ҷодаи дифоъ аз арзишҳои фарҳангӣ қарор дошт. Рӯдакиву Фирдавсӣ, Сино, Саъдӣ, Восифӣ, Бедил, Навоӣ, Аҳмади Дониш ва даҳҳо аҳли адаби дунёи форсизабонро ба ҷаҳони Аврупову Ғарб ва Шарқ шинос намуд.
Душманони миллат хуб эҳсос намуданд, ки Лоҳутӣ дар Ҳукумати марказӣ эътибори хоса дорад, пас ба тӯҳмати ӯ пардохтанд ва иғво бардоштанд, ки вай монанди Анварпошо ҷосус аст ва бо босмачиҳо ҳамкорӣ менамоянд ва бояд ӯро аз кишвар бадарға кард. Устод Лоҳутӣ дар ҷавоб шери “Босмачӣ”-ро навишт ва оммаро барои шикаст додани дастаи Иброҳимбеки босмачӣ даъват намуд.
Халқи Шуро ба ҳуҷум омада, ӯро бизанед!
Бишитобеду биёеду адӯро бизанед!
Бадтар аз хасм….”рафиқони” дурӯро бизанед!
Бояд гуфт, ки устод Лоҳутӣ то соли 1934 дар Сталинобод иқомати доимӣ дошт ва мехост, ки ҳамеша ин ҷо бимонад, аммо касоне аз миёни адибон ва роҳбарони ҷумҳурӣ пайдо шуданд, ки бадгӯиҳоро дар атрофи Лоҳутӣ афзоиш доданд ва устод Лоҳутӣ, ки инсони нозуктабъ ва зудранҷ буд, Сталинободро ҷониби Маскав тарк гуфт. Аммо ин чунин маънӣ надошт, ки ӯ робитаашро бо Тоҷикистон тамоман қатъ карда бошад. Рақибони сиёсиву фарҳангии Лоҳутӣ бо чунин амал хостанд, ки ӯро аз устод Айнӣ дур нигоҳ доранд, то ки онҳо рӯ ба рӯ мулоқот карда натавонанд. Аз ин ҷост, ки маҳз аз ҳамин сол сар карда мукотиботи онҳо ривоҷ мегирад. Ин солхое буд, ки дар саросари кишвари Шуроҳо адибону фарҳангиён ба сиёҳ кардани якдигар мепардозанд. Ҳузнангез он буд, ки ин амали бад дар миёни эҷодкорони ҷавон ривоҷ гирифта ва онҳо ба хотири худро дифоъ намудан аз бадгӯй нисбати устодони худ, Айниву Лоҳутӣ ҳам даст накашиданд. Баъдҳо баъзе аз онон, монанди Сотим Улуғзода иброз доштанд, ки мутаассифона, ба чунин амалҳои нохуб даст задаанд.
Устод Айнӣ дар бораи Деҳотӣ мегӯяд: “…ба вай чи ном доданро худам ҳам намедонам. Агар дӯсти ман гӯям, бояд “дӯсти нодонам гӯям, ки аз душмани доно бадтар аст”… Деҳотӣ як мақола барои пок кардани худ дар рӯзнома чоп карду дар вай ба баъзе хатоҳои худаш рафиқ Садрулинро нишон дод ва Садрулинро дар он мақола ба унвони душмани халқ ном бурд ва ҳол он ки дар Тошканд кори партиявии Садрулин дуруст шуд…” (Мукотибаи Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ саҳ. 40-50). Дар мактубе Лоҳутӣ устод Айниро дилбардорӣ карда менависад, ки Деҳотӣ ӯро низ ҷое сиёҳ намудааст. Тавре дида мешавад рақибони миллат бар зидди ин ду устод, ки барои барқарориву рушди адабиёту фарҳанги Тоҷикистон яктан шуда фаъолият мекарданд, ба дасти шогирдонашон мактубу мақолаҳои ғаразнок ва тӯҳматангез ташкил менамуданд. Махсусан, соли 1937 ҳуҷумҳои душманони адабиёту фарҳанги тоҷик сари устод Айни даҳчанд гардид, то дараҷае, ки осори ӯро сӯзонданду даронданд ва нобуд карданд, номашро аз кӯчаву мактабҳо бардоштанд ва ҳабси хонагиаш намуданд. Устод Айнӣ ба Лоҳутӣ дар вазъияти ноҳинҷор қарор доштани худро таври зайл шарҳ медиҳад: “Имрӯз 6-уми ноябр аст, ҳамаи СССР, ҳатто меҳнаткашони хориҷ ҳам ба иди 20-солагии уктабри бузург тайёр мешаванд. Аммо ман, мани бадбахт дар зарфи 20 сол танҳо ҳамин рӯз аст, ки дилам пурхун аст. Аммо ҳеҷ зоҳир намекунам, то ки ба шодии бачагонам халал нарасонам…. аҳволи ҳозира ҳаминро нишон медиҳад, ки аз Ӯзбекистон ва Тоҷикистон барои беҳбудии кори ман умеде нест. Танҳо умеди ман дар Маскав, дар марказ, дар сека….мондааст….Оҳ кошки аз ин рӯзи ман Сталини бузург хабардор мешуд ва бори дигар ба ман ҳаёт медод… агар бо ҳамин кӯшишҳо кори ман бад шавад, шумо ба бачагони ман монанди як каси доғдор нигоҳ накунед. Кӯшиш кунед, ки онҳо дар роҳ намонанд. Васияти охирини ман ҳамин аст!” (Ҳамон сарчашма, с.35-36).
(Идома дорад)
МАНБАЪ: Худойназар Асозода: “Воқеият, сиёсат ва С.Айнӣ”. Душанбе, 2010.
Хоҳишмандон ин китобро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
Таҳияи Ойҷонгул Давронова,
сармутахассиси шуъбаи хизматрасонӣ
ба истифодабарандагон