Профессор Асозода: “Устодон  Айнӣ ва Лоҳутӣ рамзи Тоҷикистон буданд”. Бахши охир

Устодон  Айнӣ ва ЛоҳутӣУстод вақте ки мегӯяд: “…умеди ман дар Маскав, ё дар марказ аст” манзураш устод Лоҳутӣ мебошад. Зеро танҳо ӯ метавонист, ки арзи вайро ба русӣ тарҷума кунаду ба садорати Иттифоҳи нависандагон ва дигар идораҳои дахлдори Марказ бирасонад. Устод Лоҳутӣ аз номаи ба мазмуни боло иншошуда сахт мутаассир мегардад ва ба таври фаврӣ аризаи дифоъии устодро ба воситаи завҷааш Ситсилия Бону тарҷума карда, ба раёсати ИН мерасонад ва дар натиҷа “ Устод Лоҳутӣ ҳамроҳи Фадеев ва Ставский (намояндаи Бюрои Сиёсӣ дар Иттифоқи нависандагон) гузоришро ба Молотов мебаранд.

Бо ҳамин васила гузориш ба Сталин мерасад ва бо фамони ӯ дар Тошканд комисияи тафтишотӣ оид ба фаъолияти Айнӣ созмон дода мешавад, ки роҳбарии онро Усмон Юсуфов.. ба ӯҳда дошт. Ин комиссия пас аз саҷишҳои худ домулло Айниро расман “ сафед” эълон кард (К. Айнӣ. Муҳим Тоҷикистон поянда бошад- Мароми пойтахт- 2007-6 апрел-С.А).  Гӯё баъд аз ин ки И. В.Сталин дар бораи С.Айнӣ маълумот мегирад, ба М.В Молотов рӯ оварда мегӯяд: “Ин марди куҳансолро эҳтиёт бояд кард. Ӯ рамзи мардуми бузурги форсизабон мебошад” (Х. Асозода. Адабиёти тоҷик дар садаи 20, с. 198).

Воқеияти “ сафедшавӣ”-и худро устод Айнӣ ин тавр нақл мекунад: “Рӯзномаи “Ленин юлӣ”-и Самарқанд, ки ташкилотчии ҳуҷум буд, расман эълон кард, ки ҳуҷумҳо нодуруст аст. Инчунин дар 5- май ба муносибати рӯзи матбуот дар Самарқанд маҷлиси умумии шаҳрӣ гузарониданд. Дар он….аз тарафи киҳо шудани ҳуҷумҳоро ба омма гуфтанд ва таклиф карданд, ки нависандагони он  мақолаҳо баромада гап зананд…Ва инчунин дар рӯзи матбуот дар зовуд ва фабрикаҳо, дар колхозҳои Самарқанд маҷлис гузаронида, ноҳақ будани ҳуҷум ба манро эълон кардаанд. Аммо дар Тоҷикистон дар корҳо дигарранг аст…колхозҳо ва ҷоҳое,ки…ба номи ман шуда буд, бе ҳеҷ қарори Кумитаи Марказӣ номҳоро дигар карданд…” (Мукотибаи Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ, с.39).

Метавон гуфт, ки то поёни соли 1938 масъалаи “душмани халқ” эълон шудани устод Айнӣ ба пуррагӣ дар ҳар ду Ҷумҳурӣ ҳал мегардад, дигар то поёни умр устодро касе таҳдид намекунад. Ягона чизе, ки ӯро нороҳат месохт, ин бемориҳои пай дарпай буд, ки азияташ медод ва вақти бисёрашро бо табобатҳо мегузаронд. Ин давроне аст, ки бародархондаш Лоҳутӣ низ бемориҳо мекашид ва онҳо дар ҳар нома аз якдигар хоҳиш мекарданд, ки аз вазъи саломатиашон ҳамдигарро воқиф созанд. (Ниг: Мукотиба…с.9-122). Мутаассифона, иғвоандозиҳо дар мавриди устод Лоҳутӣ идома меёбад ва баъзеҳо ҳеҷ намехостанд, ки ӯ дар Сталинобод иқомати доимӣ дошта бошад. Бо оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ устод аҳли оилаашро ба Сталинобод кӯчонд, манзили хуб ҳам дошт, вале як-ду соле ин ҷо монду ҷониби Тошкад роҳ пеш гирифт. Афсӯс, ки дар ин бора на устод Айнӣ ва на шогирдонаш ҷое ишора намекунанд, балки монанди С. Улуғзодаву Ш. Ҳусейнзода мегӯянд: “намедонем, ки чаро Лоҳутиро ранҷонданд”. Фақат тахминҳо ҳастанду бас. Мегӯянд, ки гӯё Лоҳутӣ Ситсилия Бонуро, ки завҷаи Бурҳонов Сайдалӣ ном рӯзноманигор будааст, ба занӣ гирифтааст (Ниг: И.Руинтан. кӣ бо завҷаи кӣ издивоҷ кард?/ Оила.-2000-№3, с 4). Аммо дар ин бора на Лоҳутӣ ва на бону боре ишора накардаанд. Бону дар ёдномааш менависад, ки соли 1930 дар Москав, ҷиҳати пайдо кардани кори тарҷумонӣ ба нашриёти Халқҳои шарқ меравад ва он ҷо бо Лоҳутӣ бори нахуст ошно мешавад ва баъд аз чанд муддати ҳамкорӣ ба якдигар унс мегиранду издивоҷ менамоянд. Яъне завҷаи Бурҳоновро бароварда зан кардани Лоҳутӣ ба нафси баъзе фарҳангиёну роҳбарони ҷумҳурӣ мерасад ва дар онҳо ҳисси бадбиниро ба вуҷуд меорад. Тахмини дигар он аст, ки Лоҳутӣ ба ҳар маҳфиле, ки иштирок менамуд, бологузар буд ва ҳамеша боиси таваҷҷӯҳи бонувон мегардид. Ин ҷиҳат ба нафси баъзе мардон мерасид ва табиист, ки дар ғоиби Лоҳутӣ бадгӯиҳо сурат мегирифт. Лоҳутӣ, ки шоири сатҳи баланд буд, ҳамеша рашку ҳасадро миёни фарҳангиён ба вуҷуд меовард. Ӯ дар маҳфилҳо бо маҳорати шеърхониаш пешдастӣ нишон медод ва ин ҷиҳат ҳам рақибони ӯро меафзоёнд. Дар ин ҳолатҳо баъзе тангназарону кӯрдилон мегуфтанд: “ Чаро як иронӣ ин қадар бологузар аст, чӣ магар мо тоҷикҳо аз ӯ ками дорем?” ва ғайра.

Аз ҳамин сабаб устод Лоҳутӣ минбаъд дар Маскав зиндагиро ихтиёр кард ва соли 1947 бори охир ба Сталинобод омад ва дар Анҷумани дуввуми нависандагони Тоҷикистон иштирок намуд. Дуруст аст, ки ӯро дар президиум шинонданд, вале барои сухан гуфтан даъват накарданд. Дардовар он буд, ки ӯро ба 60-солагиаш табрик нагуфтанд ва як даста гулро ҳам дареғ доштанд. Ҳатто устод Айнӣ ҷуръат намекунад, ки бародархондашро ба оғуш бигирад. Мегӯянд, ки дар кадом ҷамъомаде Лоҳутӣ ба Б.Ғафуров гап гардондааст ва ҳарфи қабеҳеро нисбати роҳбари аввали ҷумҳурӣ даво дидааст. Аз ин ҷост, ки устод бо даъвати нависанда Раҳим Ҷалил ба Хуҷанд меравад ва як ҳафта он ҷо истироҳат менамояд. Устод Айнӣ, ки бисёр эҳтиёткор буд ва аз бад шудани муносибати Лоҳутӣ ва Б. Ғафуров огоҳ буд, намехоҳад, ки таваҷҷӯҳашро нисбати Лоҳутӣ нишон диҳад. Шояд ин далел воқеият дошта бошад, зеро Лоҳутиро соли 1947 барои иштирок дар Анҷумани дуввуми Иттифоқи нависандагони Шӯравӣ даъват намекунанд. Бо вуҷуди ин, Лоҳутӣ ба маҷлисгоҳ ҳозир мешавад, вале “даъватнома надорад” гуфта , ӯро иҷозати даромадан намедиҳанд. Аммо касе  мусоидат мекунаду Лоҳутиро, ки ба хонааш баргаштанӣ буд, бармегардонад ва ба қаторе бурда шинонданӣ мешавад, вале ҷойи холӣ намеёбанду аз куҷое як курсӣ пайдо карда, ӯро мешинонанд. Сад афсӯс, ки аксари бузургони олам ба чунин ҳолати ҳузнангез гирифтор шуданд. Аммо дар бораи ин ки устод Айнӣ дар ин Анҷуман ба Лоҳутӣ вомехӯрад ё не, маълумоте ба дасти мо нарасид.

БАШҲОИ ҚАБЛӢ:

Устод Айнӣ то поёни умр мукотибаашро бо устод Лоҳутӣ қатъ накардааст ва Лоҳутӣ ҳам ҳамеша ба номаҳои устод Айнӣ ҷавоб менависад. Устод Лоҳутӣ баъд аз фавти И.Сталин (5-уми марти соли 1953), ки дар васфи ӯ шеърҳо эҷод кардааст, пушаймонӣ мекашад ва тарс аз он дорад, ки дар ин маврид аз ӯ савол кунанд, чӣ  гуфта метавонист. Гап дар ин аст, ки то ки Никита Хурушов масъалаи шахспарастии И.Сталинро дар Анҷумани Ҳизби Коммунисти иттиҳоди Шӯравӣ, соли 1956, ба миён гузорад, ӯ ба як иддаи адибону фарҳангиёни кишвар сӯҳбатҳои хосса анҷом медиҳад ва дар айни замон онҳоро ба тарафи худ ҷалб карданӣ мешавад. Лоҳутӣ, ки Коммунисти содиқ ба И. Сталин буд, аз чунин вохӯрӣ худро дар ҳарос мебинад ва рӯҳан азоб мекашад. Фоҷиаи дигар барои Лоҳутӣ фавти устод Айнӣ буд, ки 15-уми апрели 1954 ба вуқӯъ пайваст. Мутаассифона, ба сабабҳои маълум устод Лоҳутӣ дар маъракаи ҷанозаи устод ва бародархондаш иштирок карда наметавонад. Ин боз як саҳифаи торик дар зиндагиномаи ду устоди зиндаёди тоҷик мебошанд. Чунин мешавад, ки бо фавти устод Айнӣ дигар дилбаумедие дар Тоҷикистон барои устод Лоҳутӣ намемонад. Албатта, баъзе ҳамкориҳои фарҳангӣ бо театри академии ҳамноми худ анҳом медиҳад. Вале на ба он сатҳу дилгармиҳое, ки дар собиқ сурат мегирифт. Гузашта аз ин, вақте ки соли 1956 дар Анҷумани 20-уми Ҳизби Коммунист шахспарастии И.Сталин ифшо гардид, Лоҳутӣ барин садҳо содиқони сарвари вақти Шӯравӣ, баъзе ҷисман ва бархе рӯҳан маҳв шуданд, ки ин ҷо далел овардан зарурат надорад. Ҳамин буд, ки вазъи саломатии Лоҳутӣ торафт рӯ ба бадӣ меорад ва ниҳоят шоири солхӯрда тирамоҳи соли 1956 гирифтори дарди синапаҳлӯ ва сактаи қалб мегардад ва ниҳоят дар асари бемории сил, ки аз солҳои бистум ба ҷони ӯ ёр шуда буд, тақрибан соати 5-и субҳи 16-уми марти соли 1957, дар 80 километрии шаҳри Маскав, дар шифохонаи бемориҳои сили ба номи Гертсен аз ҷаҳон чашм мепӯшад. Дар байни се соли даҳсолаи 50-ум даргузашти ду устоди бузург барои адабиёти тоҷик фоҷиаи бузурге маҳсуб мешуд.

Бузургии устодон Айнӣ ва Лоҳутӣ дар он буд, ки дар тули беш аз сӣ соли ҳамкориҳои адабӣ- фарҳангӣ тавонистанд, ки М. Турсунзода, С. Улуғзода, Р.Ҷалил, М.Миршакар, Б.Раҳимзода, А.Деҳотӣ ва амсоли инҳо барин адибонро тарбия намуда, ба ҷодаи дурусти адабиёт раҳнамун созанд. Мактабҳои адабии устодон Айнӣ ва Лоҳутӣ то имрӯ ба ҷавонои эҷодкори тоҷик дарси маҳорату эҷоди нав дода метавонанд. Ба ҳама заҳматҳои эшон, ки дар иртибот бо барқароркунии Ҷумҳурии навташкил дар солҳои 20-30 ва дар бунёди инқилоби фарҳангӣ дар Тоҷикистон анҷом доданд, мешавад даъво намуд, ки устодон Айнӣ ва Лоҳутӣ, воқеан рамзи Тоҷикистон буданд. Ҷойи таҳсин аст, ки даврони соҳибистиқлолӣ ба қадри устод Айнӣ расид ва ба ӯ унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистонро сазовор донист. Аммо месазад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон устод Лоҳутиро низ ба иқдоме қадршиносӣ кунад, ки ин метавонад хокистари ӯ бошад, ки 51 (ҳоло 69 сол) сол боз дар кишвари дигаре зери хок аст. Худи устод васият карда буд, ки агар дар 15 соли наздик дар ватани азалиаш Эрон инқилоби табақаи коргар сурат нагираду пирӯз нашавад, хокистари ӯро аз Маскав ба пойтахти ватани дуввумаш Тоҷикистон интиқол бидиҳанд. Бисёр хуб мешуд, агар ин васиятнома иҷро шаваду хокистари устод Лоҳутӣ бо интиқол аз Маскав дар боғи Айнӣ паҳлуи оромгоҳи бародархондаш устоди зиндаёд С.Айнӣ гӯронда шавад. Он вақт метавон гуфт, ки як саҳифаи тоза ба таърихи нави тоҷикон илова шавад.

Таърихи таълиф: 20-27 феврали соли 2008.

(Поёни мақола)

МАНБАЪ: Худойназар Асозода: “Воқеият, сиёсат ва С.Айнӣ”. Душанбе, 2010.
Хоҳишмандон ин китобро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.

Таҳияи Ойҷонгул Давронова,
сармутахассиси шуъбаи хизматрасонӣ
ба истифодабарандагон