Профессор Файзализода: Дар Китобхонаи миллӣ беш аз 3 миллион нусхаи чопӣ ва 325 000 нашрияи электронӣ нигаҳдорӣ мешавад
Дар ганҷинаи осори хатии ниёгони Китобхонаи миллӣ беш аз 2300 асари таърихии халқи тоҷик ва миллатҳои дигар ҳифз мешавад. Бо боздид аз намоишгоҳи “Осорхонаи китоб”, хонандагон метавонанд қадимтарин ёдгориҳои мероси хаттии мардуми тоҷик, нусхаҳои қаламиро, ки зиёда аз 100 дастнависи беназири асрҳои XIII то XIX-ро дар бар мегиранд, омӯзанд. Китобхона инчунин бо нашрияҳои нодир ва арзишманди асрҳои XVIII то аввали асри XX ифтихор мекунад.
Дар ин бора баъд аз зуҳри имрӯз директори Китобхонаи миллӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода изҳори назар кард.
Профессор Ҷумахон Файзализода, ки дар ҳафтумин ҷаласаи директорони китобхонаҳои миллии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (СҲИ) дар китобхонаи оммавии Адиан Отюкени шаҳри Анқараи Ҷумҳурии Туркия сухан мегуфт, изҳор дошт, ки тайи солҳои охир, ҳамаи мо шоҳиди тағйироти назаррас дар дарки нақши китобхонаҳо ва ҷойгоҳи онҳо дар зерсохти фарҳангӣ, илмӣ, таълимӣ ва иттилоотии ҷомеа ҳастем. Имрӯз иттилоот аҳамияти хоса пайдо кардааст ва ҳоло он муҳимтарин захираи стратегӣ барои рушди ҳар як ҷомеа ҳисобида мешавад. Аҳаммияти иттилоот дар ташаккули худшиносии миллат ва маҷмӯи маҳсулоти миллӣ мунтазам ва босуръат афзоиш меёбад.
Бар асоси ин тамоюлҳо ва бо назардошти пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сатҳи баландтар ва арзандаи рушди илмӣ, техникӣ, технологӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ, аз нав дида баромадан ва тағйир додани кори китобхонаҳо дар ҳама сатҳҳое, ки фаъолияти онҳо бо эҷод, нигоҳдорӣ ва интиқоли иттилооти аҳамияти иҷтимоӣ зич алоқаманд аст, муҳим мебошад. Мехоҳам зикр кунам, ки то имрӯз, дар Тоҷикистон системаи китобхонаӣ ташкил шудааст, ки аз 6084 китобхонаи вазорату идораҳои гуногун иборат аст.
Китобхонаи миллии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми китобхонаҳои ҷумҳуриро сарварӣ мекунад. Он дорои маҷмӯаи фарогиртарин ҳуҷҷатҳои миллӣ дар кишвар, инчунин асноде мебошад, ки дар хориҷа дар бораи Тоҷикистон, таърих ва фарҳанги он нашр шудаанд. Айни замон ин китобхона беш аз 3 миллион нусхаи чопӣ ва 325 000 нашрияи электронӣ, инчунин китобхонаҳои шахсии академикҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро дар бар мегирад.
Директори Китобхонаи миллӣ дар мавриди ҳифзи бузургтарин ёдгориҳои таърихӣ, дастхатҳои қадимӣ ва китобҳои чапи сангӣ сухан ронда, аз ҷумла зикр намуд, ки дар ганҷинаи осори хатии ниёгони Китобхонаи миллӣ беш аз 2300 асари таърихии халқи тоҷик ва миллатҳои дигар ҳифз мешавад. Бо боздид аз намоишгоҳи “Осорхонаи китоб”, хонандагон метавонанд қадимтарин ёдгориҳои мероси хаттии мардуми тоҷик, нусхаҳои қаламиро, ки зиёда аз 100 дастнависи беназири асрҳои XIII то XIX-ро дар бар мегиранд, омӯзанд. Китобхона инчунин бо нашрияҳои нодир ва арзишманди асрҳои XVIII то аввали асри XX ифтихор мекунад.
Профессор Файзализода бо таваҷҷуҳ ба ин ки китобхонаҳо бояд низоми муосири хидматрасониҳои арзишманд ва барои хонанда заруриро ба роҳ монанд, изҳор дошт, ки Китобхонаи миллӣ системаи нави автоматии иттилоотиро дар асоси барномаи китобхонаии ALEPH ҷорӣ кардааст, ки дар фаъолияти китобхонаҳо дар саросари ҷаҳон васеъ истифода мешавад. Ин китобхона дорои 226 истгоҳи кории худкоравтоматӣ (AWS) ва барои кобарон беш аз 400 истгоҳ таъсис дода шудааст.
Китобхона дорои шабакаи маҳаллии минтақавӣ мебошад. Минтақаҳои дастрасии махсус барои захираҳои электронӣ ва пойгоҳҳои додаҳои матнии пурраи рисолаҳо, маҷаллаҳо ва адабиёти таълимӣ ифтитоҳ шудаанд. Таҳвилу интиқоли ҳуҷҷатҳои электронӣ ба содагӣ ба роҳ монда шудааст.
Утоқи захираҳои электронӣ ба корбарон ҳуҷҷатҳои электрониро, ки дорои маводи иттилоотӣ, истинодӣ, таълимӣ ва тадқиқотӣ мебошанд, пешниҳод мекунад. Қисми зиёди маҷмуаи Утоқи захираҳои электронӣ аз CD, DVD ва дигар дискҳои оптикӣ иборат аст. Хидматрасониҳое, ки дар ин утоқ пешниҳод карда мешаванд, дастрасии ройгон ба захираҳои интернетӣ ва пойгоҳҳои додаҳои матнии пурра аз бузургтарин марказҳои иттилоотии ҷаҳонро дар бар мегиранд. Утоқи захираҳои электронӣ 170 истгоҳи кории корбар дорад, ки ҳамаи онҳо автоматӣ мебошанд.
Соҳибмақоми Китобхонаи миллӣ дар бахши дигар аз суханронии худ дар Анқара дар бораи дастовардҳои рақамикунонии китобҳои нодир ҳарф зад ва гуфт: Дар натиҷаи талошҳои мунтазами рақамикунонии Китобхонаи миллии Тоҷикистон, танҳо дар даҳ моҳи аввали соли 2025 аз маҷмуаи асосии китобхона 1855 китоб, ки 506220 саҳифаро ташкил медиҳанд, рақамӣ карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 324 нусха зиёдтар аст. Дар посух ба пешниҳодҳои шӯъбаҳои Китобхонаи миллӣ, ҳам китобҳои нодир ва ҳам китобҳои хеле серталаб пурра рақамӣ карда шуданд. Бо назардошти талаботи корбарон, дар соли 2025 12490 саҳифа китобҳо рақамӣ карда шуданд.
Айни замон, маҷмуаи электронии Китобхонаи миллӣ 354021 китобро дар бар мегирад, ки 3444436 китоб дар Китобхонаи электронӣ нигоҳ дошта мешаванд.
Яке аз бахшҳои муҳим нигаҳдошти матбуоти даврист ва директори Китобхонаи миллӣ аз бойгонии рӯзномаву маҷаллаҳо ба унвони беҳтарину пурарзиштарин маъхаз ном бурд. Вай гуфт, ки дар айни замон дар ин боргоҳи маърифат 1,825,337 рӯзномаву маҷаллаҳои чопиву электронӣ нигаҳдорӣ мешавад, ки 991,707 адади онҳо рӯзнома ва 883,630 адад маҷаллаҳо мебошанд.
Дар Китобхонаи миллӣ ҳоло иқдоми муассир барои рақамигардонии рӯзномаву маҷаллаҳо шуруъ шудааст, ки танҳо соли 2025 134,832 саҳифа рӯзнома ва маҷаллаҳо рақамӣ карда шуданд.
Маврид ба ёдоварист, ки дар Китобхонаи оммавии Адиан Отюкени шаҳри Анқараи Ҷумҳурии Туркия ҷаласаи 7-уми директорони китобхонаҳои миллии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (СҲИ) ба кори худ оғоз кард. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин ҳамоиш Директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода намояндагӣ мекунад.
Бобоҷон Шафеъ