Профессор Файзализода: Зикри олами вуҳуш дар адабиёт. Аз Аттору Мавлавиву Ҷек Лондон то Маҷид Салим

Имрӯз дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон рӯнамоии китоби “Маҷид Салим: маҷмуаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолӣ” баргузор шуд, ки дар он Директолри Китобхонаи миллӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахона Файзализода суханронӣ кард. Қабл аз гузориши ҳамкорамон аз ин ҳамоиш матни суханронии профессор Файзализодаро комил ин ҷо мегузорем.

Олами вуҳуш дар адабиёти пурғановати форсӣ-тоҷикӣ тасвирҳои амиқу рушан ва саҳнаҳои ҷолибу фаромӯшношуданӣ дорад.  Мо ҳанӯз аз замони таҳсил дар мактаби миёна ба аввалин осори хаттии ниёгон огоҳ мешавем ва қатори шеъру ғазалу рубоиву дубайтиву достонҳои қаҳармонӣ ҳикоёти дилнишинеро аз боби ҷонварон мехонем. Классикони адабиёти тоҷик барои дарки содаву дурусти афкори фалсафии худ аз ҳикоёт дар бораи ҳайвонот васеъ истифода кардаанд. Беҳтарин намунаҳои онро мо дар “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолуддин Муҳаммад Мавлавии Балхӣ мебинем. Ин ҳикоёт куллан шарҳи ирфонӣ доранд ва аз маҳорати беҳамтову дониши ғании Мавлонои Бахл гувоҳӣ медиҳанд.

Аммо пештар аз Мавлавӣ ҳикмат ва фалсафаи тасаввуфро дар образҳои тамсилӣ Шайх Аттор дар манзумаи ирфони исломии «Мантиқу-т-тайр» ифшо кард. Мурғони интихобкардаи Аттор дар ҷустуҷӯи подшоҳи худ Симурғ дар як сафари басо тӯлонӣ ҳафт водиро тай мекунанд, ки ба манзалаи ҳафт марҳилаи худшиносист.  Бо тай кардани ҳар водӣ дастае аз мурғон аз роҳ пас мегарданд. Ва то охирин марҳила ё водӣ танҳо 30 мурғ боқӣ мемонад. Фалсафаи Аттор ҳам дар ҳамин сӣ мурғи боқимонда хатм мешавад. Яъне мурғон ба ин натиҷа мерасанд, ки Симурғе, ки меҷустанд, ҳамин худи онҳоянд, сӣ мурғанд, яъне ҳақиқатро дар вуҷуди худ пайдо мекунанд. Шайх Аттор як андешаи басо сода, вале такондиҳандаи фалсафаи тасаввуфро дар саргузашти мурғони дар ҷустуҷӯи подшоҳашон Симурғ баён мекунад.

Калила ва Димна”, ки дар замони Наср ибни Аҳмади Сомонӣ ба форсӣ-тоҷикӣ тарҷума шуд, як бозёфти дигари адибист. Ин шаҳкори ҳар давру замон таъкид мекунад, ки  метавон ҳаётро дар муборизаву талоши зиндагӣ дар олами вуҳуш ҳам ба олами инсонӣ шабеҳ донист. Ҳамон муборизаи хайру шар, барои адолат, иффат, покӣ, номус, ҷавонмардӣ ва ғайра. Ҳикояҳои ин достони пуршӯр куллан ахлоқианд. Ҳатто бо хоҳиши вазири донишманд Абулфазли Балъамӣ Рӯдакии бузургвор онро ба риштаи назм ҳам кашида буд.

Ё гирем достони машҳури Саййидои Насафӣ “Баҳориёт”-ро. Сайиидоро аксаран чун ғазалсарои беҳамто мешиносанд, вале дар офариниши достону маснавӣ ҳам мумтоз буд, ки як намунаи он “Баҳориёт” аст. Адиби номвар дар муколамаи ҳайвонот беҳтарин ақидаҳои сиёсиву иҷтимоии худро ифода кардааст. Яъне, дар замоне, ки суханро намешуд озод гуфт, шоир ақоиди сиёсии худро дар гуфтугузору амали ҳайвонот ба ҷомеа мерасонад. Яъне истифода аз тамсил ба Саййидо имкон додааст, ки мазмунҳои иҷтимоиро дар достон ҷо кунад.

Ва ин гуна мисолҳо аз адабиёти пурбори классикии тоҷик хеле зиёданд.

Образи ҳайвонот дар адабиёти олам ҳам собиқаи тӯлонӣ дорад. Машҳуртарин адибони олам, аз ҷумла Эрнест Томпсон Сетон, Мамин-Сибиряк, Антон Чехов, Самуил Маршак, Лев Толстой, Константин Паустовский, Редярд Киплинг, Ҳиро Арикава, Франсис Карсак, Александ Куприн, Ҷек Лондон, Ҷой Адамсон, Конрад Лоренс, Ҷералд Даррел, Чингиз Айтматов ва дигарон дар бораи ҳайвонот, олами вуҳуш ва таъсири он сарнавишти инсон асарҳо навиштаанд. Масалан нависандаи канадиёӣ Эрнест Томпсон Сетон аз ҳаёти ҳайвонот ҳудудан 40 китоб офаридааст ва ҷолиб он аст, ки ин ҳама ҳосили дидаҳову мушоҳидаҳои худи ӯянд, чун як муддати тӯлонӣ ҷудо аз олами инсонӣ адиб дар беша зиндагонӣ кард.

Ё худ Ҷералд Даррел ба ҳадде дилбастаи олами ҳайвонот буд, ки аз худ Боғи вуҳуш ва Бунёди ҳифзи табиати ваҳширо ба мерос гузошт.

Як силсила асарҳоеро метавон ном бурд, ки миёни хонандагон шуҳрати беандоза доранд. Аз ҷумла,  “Сафеддандон”-и Ҷек Лондон, «Таърихи гурбаи саргардон»-и Хиро Арикава, «Озодии ҷонварон»-и Питер Сингер, “Китоби ҷангал”-и нависандаи англис Редярд Киплинг, “Суолу ҷавоб дар бораи ҷонварон”-и Кэти Дейнс, ҳикояи машҳури Иван Тургенев “Муму”, силсилаҳикояҳои Лев Толстой ва ғайра. Баъзеи ин асарҳо, ба мисли “Сафеддандон”-и Ҷек Лондон, “Алвидоъ, Гулсари” ва “Қиёмат”-и Чингиз Айтматов ба ганҷинаи адабиёти олам ворид шудаанд.

Дар адабиёти муосири тоҷик ҳам образи ҳайвонот дар ҳикояву повесту достонҳои адибони кишвар дида мешавад, вале он ҳама дар баёни сужа чун унсур истифода шудааст ва ё барои барҷаста нишон додани хислату характери қаҳрамонон ҷо-ҷо мавриди истифода қарор гирифтааст.

Танҳо нависандае, ки комилан рӯ ба олами вуҳуш овард, Маҷид Салим аст, ки имрӯз ҳамагон ӯро дар ҷода муваффақ меҳисобанд ва иштибоҳ ҳам нест. Маҷид Салим аз оғоз ин мавзуъро мавриди таҳқиқ қарор додааст ва беҳтарин асарҳои бадеии худро аз боби ҳайвонот навиштааст.

Албатта, навиштан дар бораи олами вуҳуш кори содаву осон ҳам нест. Вақте кас аввалин романи адиб “Хирс”-ро мутолиа мекунад, бевосита аз худ суол мепурсад, ки Маҷид Салим дар бораи хирс бояд чанд китоб хондаву чандин соат рӯбарӯ бо ин ҷонвар нишаста бошад, ки хислату характери онро ба ин ҳад дақиқ омӯхтаву ба риштаи тасвир кашидааст?

Як мурур ба тарҷумаи ҳоли адиб кофист, ки кас сарчашмаи интихоби мавзуъ ва ҷусторҳои адабии ӯро дарёбад. Маҷид Салим соли 1994, соле, ки кишвар дар гирдоби ҷанги дохилӣ мепечид, ходими Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе будааст ва ба эҳтимоли зиёд аввалин мушоҳидаҳои худро дар мавриди ҷонварон дар ҳамин солҳо дар зеҳни худ комил карда бошад. Баъан як муддат муаллиф ва барандаи доимии барномаи телевизионии “Инсон ва табиат” будааст, ки ҳамвора аз Шабакаи аввали телевизиони кишвар пахш мешуд. Табиист, ки барои таҳияи ҳар барнома ба муаллиф лозим меомад бештар омӯзад, то суханонаш дар мавриди табиат ва ҷонварон табииву илмӣ бошанд.

Аввалин навиштаҳои ӯ, ки вурудашро ба олами адаб ҳамешагӣ кард, аз боби ҳайвонот буд. Инҳо ҳикояҳои «Гурги похӯрда» (1991), «Зоғеву доғе» (1994), «Панҷаи ҳасрат» (1997), «Ҳикояҳо дар бораи ҳайвонот» (1998), «Чӯҷаи кабк» (2000), «Уқобу лошахӯр» (2002), «Мурғи даштӣ» (2003), «Алибоҷ» (2008), «Аз пайи паланг» (2010), «Санговдавак» (2012) буданд, ки баъдан роҳашро барои эҷоди романи “Хирс” ва асарҳои дигараш боз карданд.

Китоби “Маҷид Салим: маҷмуаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолӣ”, ки ҳоло рӯнамоӣ мешавад, натиҷаи заҳматҳои ҳамкорони мо аз шуъбаи библиографияи миллӣ мебошад, ки маълумоти васеъ оид ба рӯзгор, осор, пажӯҳишҳои анҷомшуда ва дигар паҳлуҳои ҳаёту фаъолияти Маҷид Салимро дар бар мегирад ва бори аввал дар шакли муфассал аз ҷониби Китобхонаи миллӣ аз чоп баромадааст.

Маврид ба таъкид медонам, ки таҳқиқ, баррасӣ ва таҳияи дастурҳои библиографӣ, китобномаҳои шарҳиҳолӣ ва дигар дастурҳои маълумотдиҳанда вобаста ба шахсиятҳои маъруф, чеҳраҳои шинохтаро Китобхонаи миллӣ дар дастури кории ҳамарӯзии худ қарор дода, пайваста дар ин самт гомҳои устувор мебардорад. Силсилаи китобномаҳои шарҳиҳолии адибони маъруфи кишвар, ки тайи ин чанд соли охир омодаву нашр шуданд, аз ҷумлаи ҳамин иқдомотанд. Ҷамъоварӣ ва таҳияву чопи дастурҳои библиографӣ, рўнамоии он онҳо, роҳнамоӣ намудани ин дастурҳо аз ҳадафҳои дигари мо ба шумор меравад.

Дар замони соҳибистиқлолии ватани азизамон – Тоҷикистон, арҷгузорӣ ба мероси ғановатманди пешгузаштагон, ёди чеҳраҳои таърихӣ ва қаҳрамонони роҳи озодии миллат, шоирону нависандагон ва ҷашну анъанаҳои қадимаи миллати сарафрози тоҷик, аз самтҳои меҳвари сиёсати давлату ҳукумати мамлакат зери  роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ солномаҳои шоирону нависандагон, таърихнигорон ва фарзандони баруманди миллати тоҷик бо роҳнамоиҳои хоссаи Пешвои миллат таҷлил мешаванд ва дар ин росто садҳо очерку мақола, шеъру достон ва китобҳо ба нашр мерасанд. Бо боварии комил метавон гуфт, ки Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар ростои амалишавии ҳадафҳои наҷибонаи ҳукумати мамлакат дар самти эҳтиром ба арзишҳои фарҳанги миллӣ гомҳои устувор ниҳода, ҷиҳати арҷгузори ба таъриху фарҳанг ва чеҳраҳои барҷастаи халқамон нақши созгор дорад.

Умедворам Китоби “Маҷид Салим: маҷмуаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолӣ” низ чун китобномаҳои дигари то кунун интишордодаи Китобхонаи миллӣ аз ҷониби донишмандон, мутахассисони соҳа хуш пазироӣ мешавад.

Сипос аз ҳузури гарматон. Ташаккур ба диққататон!