Профессор Худойназар Асозода: “Ҷойи устод Турсунзода холист” (Давом)

Тасаввур мешавад, Бобоҷон Ғафуров соли 1946 дар оянда «як болу пари тоҷик шудан» ва «фарзанди бузурги миллат» гардидани Мирзо Турсунзодаро беш аз пеш гўё кашф менамояд. То ин дам миллати тоҷик дар симои устод Айнӣ «болу пари» худро медид ва «фарзанди бузург» будани ўро эътироф менамуд. Аз ин ҷост, ки Бобоҷон Ғафуров дар шахси Садриддин Айнӣ аввалин президенти Академияи илмҳои ҷумҳуриро мебинад ва ҳама манзалатҳои илмиву адабиро барояш таъмин менамояд.

Аммо барои сарвари вақти Ҷумҳурӣ маълум буд, ки синну соли Садриддин Айнӣ боло меравад ва саломатиаш ҳам чандон дилхушкунанда нест. Бинобар ин, Бобоҷон Ғафуров албатта, шояд бо машварати Садриддин Айнӣ номзадии Мирзо Турсунзодаро ба раисии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маъқул мешуморад ва гумон намекунем, ки Бобоҷон Ғафуров бо ин ибтикораш боиси ранҷиши хотири зиёие шуда бошад. Тахмин меравад, ки барои Ҷумҳурӣ ва дар маҷмуъ бахши идеологии Давлати Шуравӣ чунин шахсе, ки шоири оташинсухан бошад, маҳорати нотиқӣ дошта бошад ва ниҳоят забони русиро хуб донаду дидадаро ва дорои фарҳанги баланди шарқиву аврупоӣ бошад, лозим буд.

Бобоҷон Ғафуров, ки бо Иосиф Сталин муносибати хуби корӣ дошт ва ҳамчунин И.Сталин ҳам дар симои Бобоҷон Ғафуров сиёсатмадори хуби бахши Шарки мусулмониро ба мушоҳида гирифта буд, ишорае карда бошад, то ки аз ҷумлаи зиёиёни воқеии тоҷик ҳамин навъ шахсиятро, ки битавонад сиёсати шуравиро хориҷ аз он ташвиқу тарғиб кунад, тарбия намояд. Табиист, ки барои чунин шахсиятро муаррифӣ кардан, вазифаи «сарвари неруи севвуми давлат» буданро ба уҳдаи Мирзо Турсунзода гузоштан зарур буд. Гап дар ин аст, ки бо ғалабаи Давлвти Шуравӣ дар ҷанги ҷаҳонии дуввум лагери сотсиалистӣ аз ҳисоби давлатҳои аврупоӣ густариш ёфт ва дар назди мактаби идеологии Шуравӣ мавзии ҷалби кишварҳои дигаре монанди Ҳиндустон, Эрон, Покистон, Афғонистон ва ғайра ба миён омад, ки дар амалӣ сохтани ниятҳои кишваркушоии Шуравӣ Мирзо Турсунзода барин шахсият мусоидат карда метавонист. Бесабаб нест, ки соли 1947 исми Мирзо Турсунзода ба ҳайати вакилони Шуравӣ дохил мегардад ва дар якумин конференсияи мамлакатҳои Осиё дар Деҳлӣ ширкат меварзад. Ин сафари нахуст як моҳ идома меёбад, то ки оид ба ин кишвари афсонавӣ, аммо дар ҷаҳолат қарордошта, мавод ҷамъ намояд ва муҳити иҷтимоии онро дар ботину эҳсоси хеш ҷой бидиҳад. Дар натиҷа силсилаи шеърҳои «Қиссаи Ҳиндустон»-ро эҷод кард, ки он шоирро ба доштани Ҷоизаи Сталинӣ соли 1948 мушарраф гардонд. Тасодуфро бинед, ки акнун бисёре аз лаҳзаҳои даҳшатбори рўзгори инсонҳои он даврони Ҳиндустон дар ҳаёти даҳаи аввали садаи ХХ-тоҷик ва дигар халқиятҳои собиқ Шуравӣ такрор ёфт. Баъдҳо устод Турсунзода ҳама нишону ҷоизаҳои давлатии чи Тоҷикистон ва чи Иттиҳоди Шўравиро соҳиб шудааст, ки ин ҷо номбар кардани онҳоро лозим надонистем. Яъне, устод Турсунзода ба сатҳи баланди давлативу байналмилалӣ қадршиносӣ шудааст, ки ин нисбати миллати тоҷик ҳам буд.

Дуруст аст, ки мактаби сиёсати фарҳангии Давлати Шуравӣ даҳҳо чеҳраҳо марбут ба ин ё он ҷумҳуриҳои сотсиалистӣ, тарбия ёфта буданд, ки мутаассифона, имрўзҳо аз хотирҳо фаромўш шуда истодаанд. Масалан, номҳои Николай Тихонови ленинградӣ, Константин Симонови рус, Мирзо Иброҳиму Самади Вурғуни озарбойҷонӣ, Чингиз Айтматови қирғиз, Ҳамид Ғулому Ғафур Ғуломи Узбекиситонӣ, Расул Ғамзатови доғистонӣ, Эдуардас Межелайтеси литвонӣ ва монанди онҳо дар адабиёти Шуравӣ боиси ифтихори умум гардида буданд ва ҳар кадом дар амали сохтани сиёсати Давлати Шуравӣ мақоми хос доштанд. Аммо дар ин ҷода мавқеъ мақом ва манзалати баланде, ки насиби Мирзо Турсунзода гардида буд, дар дигарон камтар ба мушоҳида мерасид. Яъне исми Мирзо Турсунзода дар ҷаҳони хориҷи кишвари Шуравӣ бештар садо медод ва таваҷҷўҳи сарварони мактаби сиёсати Шарқи хориҷи Шуравӣ ҳам ба шахсияти Мирзо Турсунзода муҳимтар ба назар мехўрд. Бесабаб нест, ки исми Мирзо Турсунзода рамзи Шарқи хориҷӣ ҳам гардида буд ва гумон меравад, ки сарварони ин мактаб дар ҳалли масъалаҳои мубрами Шарқи хориҷӣ накши Мирзо Турсунзодаро хубтар эҳсос менамуданд ва ҳамеша аз манзалат ва обрўйи ҷанбаи шарқидоштаи ў босамар истифода мебурданд. Тасввур кунед, ки Мирзо Турсунзода, тақрибан ба сӣ кишвари Шарқу Ғарб сафарҳо доштааст ва дар ҳама маврид сиёсати фарҳангии Давлати Шўравиро дар кишварҳои марбута ташвиқу тарғиб намудааст ва ҳамзамон воқеияти сотсиалистиро ҳамчун намунаи ибрати зиндагонии инсонҳо муаррифӣ кардааст. Ҳамин заҳматҳо буд, ки раиси Кумитаи шуравии якдилии мамлакатҳои Осиё ва Африқоро ба ўҳдаи Мирзо Турсунзода гузоштанд. Дар ҷараёни ин фаъолият устод Турсунзода мақоми «мунодии сулҳ»-ро касб менамояд. Тавре ки дида мешавад, фаъолияти шоириву ҷамъиятии Мирзо Турсунзода ва доираи Тоҷикистон берун баромада, тамоми ҳудуди ҷумҳуриҳои Шуравӣ ва ба хусус Шарқи мусулмониро фаро мегирад. Торафт шахсияти Мирзо Турсунзода мақоми байналмилалӣ пайдо мекунад ва дар ҳама сафарҳои хориҷиаш сараввал худро бо номи тоҷик муаррифӣ менамояд, баъд мегўяд, ки ў намояндаи кишвари Шуравӣ мебошад.

Пӯшида нест, ки Мирзо Турсунзода аз мактаби тоҷикпарастии Садриддин Айнӣ ва баъд Бобоҷон Ғафуров гузашта буд ва чунонки ин ду чеҳраи таърихи нави миллати тоҷик сиёсати фарҳангии Давлати Шўравиро ба манфиати миллати тоҷик истифода менамуданд, ў низ ин анъанаро дар тўли беш аз сӣ соли фаъолияти худ идома мебахшад. Як дафъа мулоҳиза кунед, ки устод Айнӣ бо навиштани «Намунаи адабиёти тоҷик» миллатро соҳиби шиноснома гардонд ва давлатро исми тоҷик ба расмият даровард. Бобоҷон Ғафуров дар муҳити Давлати Шуравӣ китоби бузургҳаҷми «Тоҷикон»-ро рўйи чоп овард. Магар ягон бузурги миллати дигар дар он айём ба чунин ибтикори таърихсоз даст зада метавонист? Ҳаргиз! Бесабаб нест, ки исмҳои Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров моҳияти рамзи Тоҷикистонро пайдо намудаанд. Баъд аз ҳодисаи нанговари «шахспарастӣ», ки дар таърих бо номи Н.Хурушов сабт гардидааст, Бобоҷон Ғафуров мақоми сиёсӣ ва рамзии худро аз соли 1956 то поёни умр аз даст надод, балки дар мансаби раиси Институти шарқшиносии Маскав вазифаи мушовирро дар дастгоҳи сиёсати Шарқи хориҷи Давлати Шуравӣ ба ўҳда дошт ва дар ин ҷода Мирзо Турсунзодаро ҳам ҷалб намуд. Боиси ифтихор аст, ки ду чеҳраи фаҳангии миллати тоҷик Бобоҷон Ғафуров ва Мирзо Турсунзода ба амалишавии сиёсати Щарқи хориҷии Давлати Шуравӣ нақши асосиро иҷро мекарданд. Ин чунин маънӣ ҳам дошт, ки бисёре аз масъалаҳои сарбастаи марбут ба рушду такомули бахши фарҳангии Тоҷикистонро, ки ҳазор-ҳазор маблағро ташкил медод, бе дахолати ҳамин ду бузургвори тоҷик ҳал кардан амри маҳол буд. Ҳамин бинои боҳашамати Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон, ки алҳол на ҳамаи ҳуҷраҳои он дар хидмати адибон қарор доранд, бо ибтикори Мирзо Турсунзода сохтмонаш оғоз гирифта буд. Сад афсўс, ки умр ба устод вафо накарду ба ин бино ворид гардидан насибаш нашуд.

Профессор Худойназар Асозода: “Ҷойи устод Турсунзода холист”. Бахши аввал

Пўшида нест, ки Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон маҳз бо номи Мирзо Турсунзода пайвастагии ногусастанӣ дошт ва дар он айём ин Иттиҳодияро дар байни мардуми ғайри касбӣ бештар ба номи ў нисбат медоданд ва мегуфтанд: «Иттиҳодияи Мирзо Турсунзода».

Устод Турсунзода зодаи ҳудуди ҷуғрофиёни Бухорои шарқӣ буд, аммо дар тарбияи ҷавонони боистеъдоду болаёқат маҳалро намешинохт. Аз ин ки дар солҳои шастум як зумраи адибони воқеӣ дар шахси Мўъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Гулрухсор, Гулназар, Аскар Ҳаким, Фазлиддин Муҳаммадӣ, Пӯлод Толис, Саттор Турсун, Абдулҳамид Самад, Сорбон, Кароматуллоҳи Мирзо, Ҷонибек ва амсоли онон тарбия шудаанд, нақши бевоситаи устод Турсунзода баръалло эҳсос мешавад. Яъне, меъёри дастгирӣ аз адибе барои Мирзо Турсунзода истеъдод буд, на маҳалу манфиатҳои дигаре. Дар тули сиву як соли дар садорати ин Иттиҳодия будан устод Турсунзода муттаҳидӣ ва якдигарфаҳмиро дар миёни аъзои Иттиҳодия таъмин карда тавонист ва нагузошт, ки заррае обрўву нуфузи он ба садамаи маънавӣ гирифтор шавад. Дар даврони Мирзо Турсунзода аъзои Иттиҳодия будан ифтихор буд он маънӣ дошт ва аз дорои истеъдод будани он аъзо шаҳодат медод он аъзо моҳияту рамзи Иттиҳодияро мегирифт ва ғайра. Ба номҳои адибони насли худи Мирзо Турсунзода мутаваҷҷеҳ мешавем. Боқӣ Раҳимзода, Мирсаид Миршакар, Сотим Улуғзода, Раҳим Ҷалил, Ҷалол Икромӣ, Абдусалом Деҳотӣ, Фотеҳ Ниёзӣ…. Чи номҳое! Афсўс ҷойи онҳо ҳанӯз хам дар рашту Бадахшон ва Хуҷанду Самарқанд ва Бухорову Чуст холист.

Холӣ мондани ҷойи бузурге дар таърихи ҳар миллат воқеият дорад. Баъд аз фавти Аҳмади Дониш ҷояш дар муҳити адабии амирсолории Бухоро муддати бист-си сол ҳолӣ монд, то ки исми Садриддин Айнӣ ин холигиро пурра сохт. Гумон меравад, ки дар поёни солҳои чиҳилум бар асари нотавону беморгуна шудани устод Айнӣ сарвари аввали Ҷумҳурӣ таҳдиди холӣ мондани ҷойи ўро дар муҳити адабиву фарҳангии миллат эҳсос намуд, ки то фавти Садриддин Айнӣ Мирзо Турсунзодаро ба ҷодаи аз чунин таҳдид халос шудан ворид карда, ўро дар пайраҳаи устод Айнӣ раҳнамун сохт. Мирзо Турсунзода бо шеъри равони таъсирбахшаш, бо қобилияти ташкилотчигиву ҷамоатчигаш дар баробари садорати Иттиҳодияи нависандагонро бар ўҳда доштан, намояндаи парламон шуд, ба академикӣ пазируфта гардид ва мақому манзалаташ аз ҳудуди Тоҷикистон ба хориҷхо аз кишвари Шуравӣ бадар рафт ва монанди устодони маънавиаш Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров рамзи воқеии Тоҷикистон гардид.

(Давом дорад)

Манбаъ: Худойназар Асозода: “Воқеият, сиёсаиӯт ва Садриддин Айнӣ”. Душанбе, соли 2010.

Хонандагон метавонанд ин китоби хубро дар Китобхонаи миллӣ мутолаа кунанд.

Таҳияи Ойҷонгул Давронова