Профессор Худойназар Асозода: “Раҳим Ҷалил яке аз саромадони насри тоҷик буд”. Бахши 1

Дар поёни солҳои бистум аз оғози солҳои сеюми асри ХХ як зумра ҷавонони хушзавқ ва дорои истеъдод ваэҷоди худ дарак доданд, ки дар ин миён Раҳим Ҷалил низ буд. Баъдтар ин зумра дар шахси М. Турсунзода, С. Улуғзода, М. Миршакар, Р. Ҷаллил, Ҷ. Икромӣ ва боз чандж тани дигар бо номи насли комсомол муаррифӣ мегарданд. Таваллуди ҳамагӣ бо солҳои 1909-1911 рост меояд ва маҳалу зодгоҳашон ба Ҳисору Рашт Хуҷанду Бадахшон ва Бухорову Чусти Намангон иртибот мегирифт, ки аз муҳимти ҷуғрофии адабиёти тоҷик дар солҳои мавриди назар огоҳӣ медиҳад.

Ин насл зодаи даврони нави таърихи адабиёту фарҳанги тоҷик буданд, ки баъди таҳсили се-чаҳор соли мадрасавӣ бо таъсиси Ҷумҳурии мухтори шурои Тоҷикистон вориди мактабҳои нави шӯроӣ гардидаанд. Сипас дар педкомбинату дорулмуаллиминҳо, ки маҳз ба хотири ба таҳсил фаро гирифтани ҷавонои болаёқати тоҷики кӯҳистонӣ дар шаҳрҳои бостонии Самарқанду Тошканд ва Душанбе таъсис дода шуда буданд, таҳсилашонро идома медиҳанд. Яъне, инҳо монанди С. Айниву Фитрат мактабҳои ҷиддии ирфониву филологиро хатм накарда будаанд. Вале воқеияти сотсиолистии Тоҷикистон тақозо мекард, ки ин зумра ба фаъолияти рӯзноманигорӣ ҷалб гардад ва воқеияти сотсиолистиро ба воситаи мақолаҳои дорои мазмун иҷтимоиву фарҳанги буда ташвиқу тарғиб намоянд ва мардуми тоҷики он айём, тақрибан басаводро ба моҳияти ҷомеаи сотсиалистӣ шинос кунанд.

Зиндагиномаи ин насл, тақрибан шабеҳи якдигар мебошад. Илова бар он чи гуфтем, инҳо дар оғоз ба эҷоди шеър пардохтанд ва эҳсосоти хешро аз воқеияти мавҷуда иброз доштанд. Ҳамин ҷиҳат буд, ки устод Айнӣ ба эҷоди шогирдонаии онон мутаваҷҷеҳ шуд ва ҳар кадомро бо роҳи дурусти эҷодӣ раҳнамун сохт ва ба ононе, ки шоир шуданашон шубҳанок буд, маслиҳат дод, то ки ба наср рӯ биёранд. Пайваста ба ин мавзӯъ эҷодиёти устод Турсунзода, Ҷ. Икромӣ мисол шуда метавонанд. Фақат Мирсаид Миршакар  маслиҳати устод Айниро, ки баъд аз мутолиаи достони “Ливои зафар” ба ӯ: “Афсӯс, ки насрнавис нестӣ” гуфта буд, ба инобат нагирифтааст. Устод Айнӣ мехост, ки таҷрибаи эҷодии худро ба ин ҷавонони эҷодкори ояндабахши Тоҷикистони навин ташвиқ намояд. Зеро бидуни ба назар гирифтани чунин воқеият шахси эҷодкор ба дараҷаи баланди эҷодӣ муваффақ шуданаш ғайри имкон аст. Устод Турсунзода мақоми Раҳим Ҷалилро дар инкишофи насри муосири тоҷик муайян карданӣ шуда, мегӯяд; “Дар ҳар кор – ҳам дар сохтмони колхозӣ, ҳам дар илм, ҳам дар саноат, ҳам дар адабиёт саромадон мавҷуданд. Яке аз саромадони наср Раҳим Ҷалил мебошад”.

Ин эътирофи М. Турсунзода воқеият дорад. Агар саҳифаҳое аз зиндагиномаи Р. Ҷалил таври иҷмолӣ варақгардон шавад, мебинем, ки ӯ зодаи шаҳри бостонии Хуҷанд  буда, дар ҳамин ҷо ба таҳсили мадраса, ки баъдҳо бо номи мактаби кӯҳна шинохта мешуд, фаро гирифта мешавад. Баъдан ӯ ҳам монанди ҳамнаслони худ дар давраи нав мактабҳои шуроӣ таҳсил мекунад ва соли 1927 баъди хатми синфи ҳафтум дар курсҳои кӯтоҳмуддати муаллимтайёркунӣ мехонад ва чанд муддат ба касби омӯзгорӣ мепардозад. Сипас касби рӯзноманигориро интихоб намуда, дар идораи рӯзномаҳои “Пролетари Хуҷанд”, “Ҳақиқати Ленинобод”, “Тоҷикистони сурх” ва маҷаллаи “Шарқи сурх” ифои вазифа менамояд. Солҳои 1952 – 1979 котиби масъули Шуъбаи хуҷандии ИН Тоҷикистон буд. Метавон гуфт, ки Р. Ҷалил, агар оғози эҷодиёташро ба соли 1930 нисбат бидиҳем, ӯ беш аз чиҳил сол дар ҷодаи адабиёти бадеӣ заҳмат кашидааст.

     Дар ин муддат Р. Ҷалил монанди Камоли Хуҷандӣ рамзи Хуҷанд гардида буд. Ӯ дар шаҳри бостонии Хуҷанд, ки маркази дуввуми фарҳангии Ҷумҳурӣ буд, манзалати баландеро дар ихтиёр дошт. Ҳар меҳмони фарҳангии гиромиқадр, ки ба пойтахти Тоҷикистон меомад, баъди чанд рӯз ба хотири аёдати Р. Ҷалил сафари Хуҷанд анҷом медод. Ҳамин навъ меҳмон, вақте ки нияти ба шаҳри Кӯлоб рафтан мекард пеш аз ҳама мехост бо Сайдалӣ Вализода дидор тоза кунад. Ё ин ки меҳмоне ба Бадахшон ва водии Рашт сафар кардани мешуд, ҳатман М. Миршакару Б. Раҳимзода бо худ ҳамсафар месохт. Зеро он меҳмон ин ду водиро бидуни номҳои М. Миршакару Б. Раҳимзода  тасаввур карда наметавонист.

    Метавон гуфт, ки ҳанӯз оғози солҳои сиввум Р. Ҷалил ба дараҷаи шахсият инкишоф ёфта буд. Масалан, вақте ки соли 1934 дар Сталинобод ба М. Турсунзода фишор меоранд, ӯ роҳи наҷотро дар фирор ҷониби Хуҷанд мебинад. Р. Ҷалил аз омадани М. Турсунзода ба Хуҷанд изҳори хушӣ мекунад ва ӯро “зери қаноти худ” гирифта, намегузорад, ки таъқибаш идома биёбад. Ба ҳамин монанд соли 1947 Абулқосим Лоҳутӣ, ки шастсола мешуд, барои иштирок ба Анҷумани адибон меояд, аммо ӯро ба як даста гул ҳам қадр намекунанд. Ин ҳолатест, ки Лоҳутӣ норҳат мешавад ва ба куҷо сар заданашро намедонад. Р. Ҷалил ба чунин ҳолат гирифтор омадани Лоҳутиро пай мебарад ва ӯро бо иҷозати Б. Ғафуров ба Хуҷанд мебарад ва ҳафтае иззату эҳтиромашро ба ҷо меоранд ва чанд муддат ба  табобати ӯ машғул мегардад.

    Р. Ҷалил дар оғози эҷодиёт бо тахаллуси “Даҳрӣ” шеър мегуфт. Нахустин фарзанди маънавии Р. Ҷалил шеъри “Кор мебоист кард” буд, ки таърихи соли 1931-ро дорад. Ин фарзанд гӯё бузург мешавад ва нахустин маҷмӯаи ашъори ӯро бо номи “Мавҷҳои музаффарият” ташкил медиҳад, ки соли 1933 дар шакли китоб рӯйи чоп меояд. Бинобар ин ки шаҳри Хуҷанд қаблан ҳам ҳамчун маркази саноатӣ шӯҳрат дошт, акнун дар даврони шӯроӣ ба рушди бештаре рӯ меорад ва ин ҷиҳат Р. Ҷалилро водор месозад, ки ба навъи хурди насрӣ- ҳикоя, ки воқеияти сотсиалистиро дар он хубтару беҳтар инъикос додан мумкин аст, бипардозад. Ба ҳамин тариқ, Р. Ҷалил аз ҳикоя дар наср шурӯъ кард ва бо бурротар шудани қалами эҷодаш ба навиштани повесту роман дода шуд. Агар маҷӯаҳои ҳикояҳои ӯро сарфи назар кунем. Р. Ҷалил дар ҷодаи насри муосири тоҷик бо романҳои “Одамони ҷовид” (1949), “Шӯроб” дар се қисм (1959-1967) ва қиссаи ёддоштии “Маъвои дил” (1970-1979) шӯҳрат пайдо намуд. Нуздаҳ соли охири умр Р. Ҷалил бар асари беморӣ асаре офарида наметавонад. Ин айёмест, ки ӯ аз ёру дӯстон ва маҳфилу нишастҳои фарҳангӣ дар канор мемонад ва ҳатто аз омадани шахсиятҳое ба аёдаташ худро нороҳат мебинад. Оре, вақте ки кас мехоҳад ба воситаи забон сӯҳбат кунаду аммо он як пора гӯшти беустухон дар даҳон дигар ба гуфтани калимае қудрат надорад, хеле даҳшатовар аст. Солҳои таваллуду фавти Р. Ҷалил бо доштани рақами нӯҳ моҳияти рамзӣ пайдо кардаанд; 1909-1989. Р. Ҷалил 80 сол умр дид. Умре, ки барояш мақоми ҷовидони дод. Тақрибан ҳама ҷоизаҳои адабии давлатро барояш ато намуд. Аммо, сад афсус, ки ҳанӯз ҳам Р. Ҷалил на дар зодгоҳ ва на дар пойтахти Ҷумҳурӣ хонамузейи худро надорад. Охир, ӯ садҳо ҷилд китоб дошт, бойгонӣ дошт, мукотибаҳо дошт, дастнависҳои осор дошт. Ин маводи гаронбаҳо, ки саҳифаҳое аз таърихи фарҳанги миллат ҳам будаанд, куҷо шуданд? Агар муҳақиқе пайдо гардаду лабараторияи эҷодии адибро таҳқиқ карданӣ шавад, ба куҷо муроҷиат кунад? Дуруст аст, ки Р. Ҷалил васияти монанди устод Турсунзода анҷом надодааст ва ба фарзандон  таъкид накардааст, ки “Ҳарчи дорад, моли миллат аст, талош накунанд”. Аз фавти Р. Ҷалил бист сол сипарӣ шуд. Мебоист дар ин муддат ҳавлии ӯ дар Хуқанд зиёратгоҳи мухлисонаш гардонида мешуд. Дунё ба умед аст.

****

Чунонки гуфтем, Р. Ҷалил дар таърихи адабиёти садаи бистуми тоҷик ҷойи хоси худро хоҳад дошт. Ӯ ҳамчун адиб ба нависандаи рус Михаил Шолохов монандиҳо дорад. Зеро ин нависанда, ки худ зодаи Дони Россия буд, то поёни умр дар зодгоҳаш рӯзгор дидаасту мавзӯъ ва қаҳрамонҳои асарҳояшро аз ҳамон минтақа интихоб кардааст ва казакҳои Донро шӯҳратманд соштааст. Р. Ҷалил ҳам зодгоҳаш Хуҷандро, ки порчае аз Тоҷикистон мебошад, дӯст медошт ва ҳарчи ки менавишт ба муҳити ҷуғрофии минтақаи шимол иртибот мегирифт. Р.  Ҷалил адибе буд, ки монанди М. Турсунзода, Ҷ. Икромӣ, М. Миршакар, Б. Раҳимзода дар даврони Шӯравӣ ҳамчун шахсияти эҷодӣ рушду камол кардааст. Ин дастаи адибон ба воқеияти сотсиалистӣ садоқат доштааст ва дар тули эҷоди худ ҳеҷ гоҳ ба ин воқеият хиёнат накардаанд. Бузургии онон дар он зоҳир мешавад, ки сӯйи устоди маънавиашон С. Айниву Лоҳутӣ сангпартоӣ накарданд. Аз ин ҷост, ки онҳо дар миёни мардум ҳамчун инсонҳои воқеӣ ва шариф боқӣ мондаанд. Албатта, баъд аз бозсозии горбачёвӣ гоҳе ҷониби ин шахсиятҳо ва эҷодашон ҳарфҳои нодидагирона баён ёфтанд. Аммо онон, ки воқеияти таърихиро дар мисоли сохтори сотсиалистии ҷомеаи тоҷик инъикос дода буданд, он ҳарфҳо сангчаҳоеро мемонад, ки ба девори хушке зада мешуданд. Ҳоло боз даҳ- бист соли дигар сипарӣ шавад, хоҳем дид, ки эҷоди насли солҳои сиюми адабиёти тоҷик чи маъниҳои донишдиҳандаеро ба ихтиёри хонандагони асри бистуяки тоҷик мегузорад. Магар мо повест ё романе дорем, ки мавзӯи ҷангҳои гражданиро дар самти шимоли Тоҷикистон инъикос карда бошад? Муборизаи мардуми шимол Тоҷикистон ба муқобили босмачиён ва душманони дохилӣ баҳри барқарории сохти сотсиалистӣ мавзӯи марказии романи “Одамони ҷовид”-и, Р. Ҷалилро ташкил додааст. Ин воқеияти таърихӣ ба зиндагиномаи миллат дар солҳои сиввуми асри бист иртибот мегирад ва онро акнун инкор карданамон дуруст нест, зеро аллакай моҳияи таърихӣ пайдо намудааст ва намешавад, ки таърихро “тарошид”. Бисёр хуб шуд, ки соли 1920 давлати амирсолори Бухоро барҳам хӯрду соли 1924 Ҷумҳурияти Халқии Шӯроии Бухоро, ки ҳомиёнаш ва сарваронаш пантуркистон буданду забони давлатиашонро туркӣ эълон доштанд, ба “импературии болшевикӣ” илҳоқ гардид, вагарна давлате бо номи Тоҷикистон падид намеомад. Ҳамон муборизаву талошҳои ҷомеаи нав сохтанҳо буд, ки тоҷики “гумном” соҳибдавлат шуду дар тули 70-80 соли даврони Шуравӣ шаҳрҳои азими фарҳангиву саноатӣ арзи вуҷуд кард. Магар мешавад, ки аз Иброҳимбеки дузд ва Холбутаи боқимондаи амирони Бухоро “Қаҳрамони миллат” сохт, ки гоҳе ба гӯшҳо садо медиҳанд?

(Идома дорад)

МАНБАЪ: Худойназар АСОЗОДА: “”Воқеият, сиёсат ва С.Айнӣ”. душанбе, соли 2010.

Хоҳишмандон ин китоби пурмуҳтавои профессор Х.Асозодаро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолаа кунанд.

Таҳияи Ойҷонгул Давронова,

сармутахассиси шуъбаи хизматрасонӣ

ба истифодабарандагон